Нақшу нигор - таҷассумгари манзараҳои кишвар

Соҳаи саноат яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеа буда, дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Дар ин бобат иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ дар мулоқотҳояш бо фаъолони шаҳру навоҳӣ таъкид медорад. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кунунии коргоҳи замоне абарқудрат, ки дар он беш аз 6 ҳазор нафар фаъолият дошт, роҳ ҷониби ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри саноатии Қайроққум гирифтем.

Дар коргоҳи дўстии халқҳо моро ҷонишини сармуҳосиб оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Азимҷон Абдуллоев истиқбол кард. Дар бораи фаъолияти коргоҳ, ворид намудани дастгоҳҳои замонавӣ, ҷалби собиқ мутахассисони соҳа, муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ, дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол шудани маҳсулоти замонавӣ ва нақшаҳои минбаъда андешаашро иброз дошт. Маълум гардид, ки соли 2013 барои аҳли коргоҳ хотирмон ва соли дастовардҳои назаррас будааст.

Ташрифи Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли коргоҳро водор сохт, ки боз ҳам беҳтар ва бо масъулияти баланд меҳнат кунанд. Тавре мусоҳибамон гуфт, пас аз ташрифи Ҷаноби Олӣ дар масъалаи дастрасии дастгоҳҳои муосир аз ҷониби роҳбарияти корхона бо намояндагони ширкатҳои «Ван де Вил»-и Белгия, «Шонехер»-и Олмон, «Селлерс» ва «Клобол»-и Англия гуфтугў ба вуқўъ пайваст, соли оянда боз ду дастгоҳи бофандагӣ ба коргоҳ ворид хоҳад шуд. Маҳз истеҳсоли қолинҳо бо технологияи наву замонавӣ ба кормандон шароит фароҳам овард, ки ҳаҷм зиёд ва сифати маҳсулот беҳтар гардад.

Имрўз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» аъзои баробарҳуқуқи Корпоратсияи транснатсионалии «Қолинҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак» мебошад. Маҳсулоти коргоҳ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам шўҳрат пайдо карда, бо ширкатҳои Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазо- қистону Қирғизистон дар масъалаи содироти маҳсулоти корхона ҳамкории қавӣ дорад.

Ва қариб ҳар сол корхона бо маҳсулоти аълосифати хеш дар озмуну намоишгоҳҳои мухталифи ҷаҳонӣ ширкат варзида, ғолиб мешаваду соҳиби тўҳфаю ҷоизаҳои гуногуни давлатҳои хориҷӣ мегар-дад. Тўҳфаи байналхалқии «Глобуси тиллоӣ» дар шаҳри Копенгаген (соли 1996), «Аркаи Аврупо-99» дар Фаронса, Париж (соли 1999), «Ситораи платинӣ оид ба сифат» (соли 2000), Тўҳфаи хотиравии Симмити сифат (соли 2001), Ҷоизаи аввал дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини сол» (соли 2009) ва дипломанти ин озмун дар соли 2012-ум, ҳамзамон соли 2010-ум дар даври вилоятӣ Ҷоизаи аввалини озмуни умумиҷумҳуриявиро соҳиб гардида буд.

Тавре Азимҷон Абдуллоев иброз дошт, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва сохторҳои он - ҶДММ «Қолинҳои Суғд», ҶДММ «Тафтекс», ҶДММ «Ростои Суғд» ва маркази хизматрасонии нафақахўрон, маъюбон ва ҷавонони «Зулол» кўшиш доранд, дар масъалаи маҳсулоти хушсифат ва мувофиқ ба талаботи замон пешсафиро аз даст надиҳанд.

Мо аз сехи истеҳсолии «Қолинҳои Суғд» дидан намудем. Дар назди дастгоҳҳои бузургу замонавӣ даҳҳо нафар бо меҳнат машғуланд. Баробари ворид шудан ба коргоҳи ҳунармандон мо дарк кардем, ки қолинҳои хушобуранг таҷассумгари табиати зебоманзар ва нотакрори Тоҷикистони азизамон аст. Ин қолинҳо, ки бо меҳру муҳаббат ва тахаюлоти бойи тарроҳону бофандагон истеҳсол шуда истодаанд, ба ҳар хонадон ҳусну таровати тоза мебахшад. Қолинбофони Қайроққум давомдиҳандагони анъанаҳои миллии қадимаи қолинбофон буда, зиёда аз ним аср боз бо истеҳсоли қолинҳои хушсифату зебо машғуланд.

Новобаста аз он ки имрўз қариб тамоми ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ аз давлатҳои хориҷа оварда мешаванд, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» фаъолияти устувор дорад.

Бояд зикр сохт, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар корхона ба миқдори 1203,2 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 395,5 ҳазор метри мураббаъ ва ё 48,9 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти молӣ бошад, дар ин давра 10844,65 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3770,97 ҳазор сомонӣ ва ё 53,3 фоиз зиёд аст.

- Баробари васли таҷҳизоти нави қолинпечонии истеҳсоли Туркия сифати бандубаст якчанд маротиба беҳтар гардида, ҳосилнокии хатти технологӣ баланд карда шуд, - гуфт А. Абдуллоев. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ оид ба рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, пешкаши муштариёни маҳалливу хориҷӣ намудани моли истеҳсоли ватанӣ ибрози назар намуданд. Дар ин масъала намояндаи коргоҳ қайд кард, ки роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят марҳила ба марҳила бозори дохилиро аз худ намуда, потенсиали содироти онро зиёд намояд.

Айни замон корхона бо ширкатҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон нисбат ба содироти маҳсулоти корхона ҳамкорӣ дорад. Чӣ хеле ки сарвари корхонаи ҶДМ «Қолинҳои Суғд» Шарифҷон Ҳоҷибоев иброз дошт, барои ёрии ҳамаҷониба ба ҶДММ «Қолинҳои Суғд» Сарвари давлат фармоиш дод, ки корхонаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, аз қолинҳои корхона бояд харидорӣ намоянд.

- Чунин амал, - қайд кард ў, - аз ҳар чиҳат моро ҳам дастгирӣ ва ҳам рўҳбаланд сохт. Имрўз дар ҶДММ «Қолинҳои Суғд» кормандон дар се баст фаъолият доранд. Дар як шабонарўз ба миқдори сеюним ҳазор метри мураббаъ қолинҳои хушсифати ҷавобгўи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Аҳли коргоҳ пас аз ташрифи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳ, ба нақша гирифт, ки соли 2013-ум то як миллион метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар тўли се- чор соли охир дар корхона чанд рўйдоди муҳим ба амал омаданд. Баҳри ташкил ва идоракунии самаранокии истеҳсолот, айни замон дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва дар ин ҷода автоматикунонии пурраи тамоми ҷабҳаҳои раванди технологӣ амалӣ мегардад. Дар доираи нақшаи тарҳрезишуда маркази иттилоотии автоматӣ ба фаъолият шурўъ кард, ки ин иқдоми аввалин дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Ташкили ин кор ҳам ба харидорон ва ҳам ба корхона хеле манфиатовар мебошад. Акнун харидорон тавассути маркази иттилоотӣ метавонанд, новобаста аз минтақаи ҷойгиршавиашон тариқи автоматӣ ва ё тавассути тамос бо операторони маркази мазкур маълумотҳои заруриро дастрас намоянд. Харидорон ба воситаи ин марказ метавонанд қолин фармуда, аз рафти иҷроиши фармоиши худ маълумоти даркорӣ гиранд.

Ҳамзамон Азимҷон Абдуллоев изҳор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо Маркази «Тоҷикистандарт» дар вилояти Суғд дар масъалаи ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат «ИСО – 9001» амалӣ мегардад. Ҷорӣ намудани чунин амалиёт ба ташкили самараноки идоракунии истеҳсолот ва дар ин ҷода боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот мусоидат хоҳад кард. Бояд қайд кард, ки пас аз ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат фаъолияти корхона пурра ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда мешавад. Барои ба пешравиҳо ноил гардидан ҷомеаи меҳнатии ҶСП «Қолинҳои Қайроққум» ҷидду ҷаҳд доранд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

Add comment


Security code
Refresh