Сафари ҳайати вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Туркия

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо шарикони рушд ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.

Ҳадаф аз сафари ҳайат ба Ҷумҳурии Туркия ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Анталия, Қайсарӣ ва Истанбул буда, зимни сафари расмӣ намояндагони вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос хоҳанд шуд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур вохӯриҳо бо роҳбарияти минтақаҳои зикршуда, инчунин дар шаҳрҳои Анталия ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳри Қайсарӣ бизнес — форуми байниминтақавӣ ва мулоқот бо соҳибкорон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh