Истеҳсоли барқ бо усули нав

ё пешниҳоди пири барнодил оид ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз 26 апрели соли 2013 оид ба рушди босуръати гидроэнергетикӣ гуфтааст, ки «… рушди имрўзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад…

Аз ин лиҳоз, мо бунёди нерўгоҳҳои барқи обиро мавриди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши нерўи содиротии кишвар медонем. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа хоҳад буд».

Бо раиси Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан Раъно Ўлмасова перомуни ҳамин масъала сўҳбат доштам. Ў гуфт:

-Имрўзҳо масъалаи бо роҳҳои осону қулай ва хароҷоти кам истеҳсол кардани қувваи барқ на танҳо таваҷҷўҳи олимону мутахассисони соҳа, балки одамони оддӣ, онҳоеро, ки дилашон ба марзу буми Тоҷикис-тон ва мардумони он месўзад, ҷалб кардааст. Дар деҳаи Чорбоғ Озодқул Мамадқулов ном шахси ватандўст ҳаст, ки соҳиби чунин ихтироот мебошад.

Банда дар бораи ин марди фидоӣ, ки имрўз ба синни мубораки 74-солагӣ қадам мондааст, шунида будам. Ў зиёда аз 40 сол дар як соҳа-идораи омори кишвар кор карда, соли 1981 бо ордени «Нишони фахрӣ», соли 1987 бо Грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Ветерани меҳнат» ва чандин Ифтихорномаҳои соҳавии Иттиҳоди Шўравӣ ва Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Нафақагири аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Ин пири барнодил, ки ҳанўз бардаму солим метобад, маро хуш истиқбол кард. Дар наздам коғазеро гузошт, ки дар он тарҳи 10 новадони обрез, ки қисмати болоиашон паҳну васеъ ва қисмати поёниаш тангу борик аст.

- Писарам, ана ҳама гап дар ҳамин ускуна, таҷҳизоте, ки ман онро «камераи об» (водокамера) ном гузоштам, -гуфт ў ва ба шарҳи кашфиёташ оғоз кард:

- Обанборҳои НБО-ҳое, ки имрўз дар аксари нерўгоҳҳои тавлиди барқ истифода мешаванд, асосан ду вазифаро доранд. Якум, оби воридшавандаро ба косаи обанбор қабул карда, ба агрегатҳои генератор равона месозад. Дувум, аз ҳисоби таҷҳизоти дохили обанбор – манораи об (водонапорная башня), нақби обгузар (водонапорный тунел, водовод) шиддати обро зиёд карда, бо ҳамин роҳ нерўгоҳро пуриқтидор мекунад ва аз ин шиддати барқи истеҳсолшаванда меафзояд.

Инсоният таи чанд даҳсолаҳо мехост, ки оби аз чархҳои генератори нерўгоҳ поёншавандаро (масалан, ҷоришавии оби мўътадил дар НБО-и «Норак» баробари 1350 м\сония аст) бо ёрии сарбандҳо ва ба воситаи шабакаҳо ба теппагиҳои табиӣ, ки вазифаи сарбандро иҷро мекунанд, як миқдор баландиро ба вуҷуд оварда, (масалан 100 м) НБО созаду обро аз ин баландӣ бе ягон таҷҳизоти иловагӣ ҷорӣ кунад.

Аз ҳисоби паст будани шиддати об хоҳишмандони ин амал ба натиҷаҳои дилхоҳ соҳиб намешуданд. Аз ҳамин сабаб оби мўътадили аз НБО ҷоришударо такрор ба такрор истифода бурда, НБО сохтан дар мамлакатҳои ҷаҳон одат нашудааст. Барои ҳалли ин масъала лозим буд, ки таҷҳизотеро ихтироъ намоянд, ки шиддати оби барои истеҳсоли қувваи барқ истифодамешударо ҳамчун лавозимоти дохили обанбор баланд бардошта тавонад. Ман ба ин масъала таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир кардам ва ба ин кор дастёб ҳам гардидам,-гуфт Озодқул Мамадқулов.

Соли 2012 дар майнаи ман ғояе пайдо шуд, ки агар кас оби тавассути сарбанд баланд бардоштаро ба чархҳои генератор чаппа резанд, аз он натиҷаи дилхоҳ гирифтан мумкин аст. Бозгашт партофтани об маънои онро дорад, ки ҳамон таҷҳизоти сохташуда дар қисмати болоӣ обпартои васеъ дошта бошаду ченаки даричаи қисми поёнаш, яъне наздики чархи генератор нисбатан хурд бошад. Мақсад аз ин кор аз ҳисоби суръати оби истифодашуда шиддати онро якчанд баробар баланд бардоштан мумкин аст.

Ҳангоми сохтани чунин як таҷҳизот ба ҳисоб гирифтан даркор аст, ки миқдори оби воридшаванда аз тарафи боло чанд м3\сонияро ташкил кунад, аз тарафи поён аз даричаи оббаро ба генератор ҳам айнан ҳамин миқдор об баромада рафтанаш лозим аст.

Албатта, барои ҳалли ин масъала ба қонунҳои табиат муроҷиат кардам ва ба ёд овардам, ки мувофиқи Қонуни дуюми Нютон «Ҳар як ҷисм аз баландии 10 м ба поён партофта шавад, бо вазни 9,8 баробар нисбат ба вазни худ бештар ба замин мефарояд».

Агар оби аз чархҳои генератори нерўгоҳ ҷоришударо дуюмбора мавриди истифода қарор дода, бо сохтани сарбандҳо боло бардорем, бо воситаи шабакаҳо ба соҳили дарёҳои назди теппаҳои табиӣ мавҷудбуда бароварда, аз баландӣ бо воситаи водокамера раҳнамун созем, аз ҳисоби миқдори оби дар водокамера мавҷудбуда ва мутобиқи Қонуни зикршудаи Нютон шиддатнокии он якчанд баробар афзун мегардад ва чунин бо шиддат ҷорӣ шудани об аз даричаи поёнии водокамера, ки дар рў ба рўи чархҳои генератор насб карда мешавад, ба тавлиди дучанд ва даҳчанди нерўи барқ мусоидат менамояд.

Бобои Озодқул андаке таваққуф намуд, шояд андешаҳояшро дар як нуқта ҷамъ овард, ба мизони хирад баркашид ва сипас гуфт:

--Аз гуфтаҳои боло хулоса бароварда, чунин рақамҳои шартиро қабул кардам: фарз кардем, ки баландии таҷҳизот 100 м, қаду бараш 10х30 м, ҳаҷми дарунии он 100х10х30=30000 метри мукааб, яъне оби даруни таҷҳизот наздик 30000 тонна хоҳад кард. Тавассути таҷҳизоти мазкур агар обро аз боло баробари 150 метри мукааб\сония партоем, аз ҳисоби 30000 тонна бори дарунии таҷҳизот ва бо таъсири Қонуни Нютон ченаки даричаи оббарои поёнӣ тахминан 4 метри мураббаъро ташкил намояд, аз он дар як сония 150 метри мукааб об ҷорӣ мешавад.

Ин Водокамера ниҳоят содда буда, баландиаш бо ҷои интихобшуда вобаста (50 м-100 метр) шуда, қадду бараш 10х20 ё 10х30 метр шуданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат шиддати ҷараёни об пурзўртар мешавад. Чунин водокамераро аз сементи аълосифат, бетону тахтабетонҳо сохтан мумкин аст, он бояд ба 8-9 балл заминҷунбӣ тобовар бошад..

--Акнун биёед, ба ин таҷҳизот таваҷҷўҳ кунем, -гуфт бобои Озодқул ва тарҳи асбоби ихтирокардаашро ба даст гирифта, шарҳ дод: - Хатти аз нуқтаи «В» то «Г» гузарандаи болои сарбанд вазифаи обдарои камераро иҷро менамояд. Хатти аз «А» то «Б» аз хатти якум 3-4 м баландтар буда, оби воридшавандаро, ба камера равона месозад. Тарафи поёнии камера нуқтаи «Д» ҷои оббаро, ки ба чархҳои генератор рост шинонда мешавад, ба шумораи агрегатҳо баробар шуданаш лозим аст. НБО-и бо усули нав, яъне ба таври силсилавӣ сохташуда бо воситаи як обанбор даҳҳо ва аз ин ҳам зиёд НБО-ро ба кор андохтанаш мумкин аст. Масалан, агар чунин обанбор, аниқтараш, танзимгари об (водорегулятор) дар мавзеи якшавии дарёчаҳои Хингоб ва Сурхоб, ки дарёи Вахшро ташкил медиҳанд, сохта шавад, бо ин роҳ нерўгоҳҳои барқӣ, ки ҳоло истифода мешаванд, дар оянда то шохоби дарёи Аму сохташаванда низ бо об таъмин хоҳад шуд.

Агар танзимгари оби дар саргаҳи дарёи Вахш сохташуда 8-10 миллиард м3 ғунҷоиш дошта бошаду дар ҳар сония 1350 метри мукааб обро ба поёни дарё гузаронда тавонад, ҳамаи НБО-ҳои мавҷуда ва сохташаванда тамоми сол бо обӣ меъёрӣ таъмин мешаванд. Ба ин васила муаммои дар фасли сармо камоб мондани НБО-и «Норак» ҳал мешавад.

Истеҳсоли қувваи барқ бо истифодаи аз водокамера, яъне сохтмони НБО бидуни обанбор бо роҳи истифодаи батакрори оби мавҷуда ба таври силсилавӣ як навъ навоварӣ мебошад.

Шиддати обро дар НБО-е, ки якҷоя бо водокамера сохта мешавад, оё аз ҳисоби баланд бардоштани водокамера ва изофа кардани ҳаҷми он бошиддат кардан мумкин аст? Бале, мумкин аст. Яъне инсон бо дастони худ ба якчанд баробар баланд бардоштани шиддати оби истифодашуда қодир аст ва он қувваи барқи истеҳсолмешударо ба маротиб афзоиш хоҳад дод.

Истифодаи ин усул дар дарёҳои сероб айни муддаост. Масалан, дарёи Аму яке аз дарёҳои сероби Осиёи Миёна ба шумор меравад. Аз оби мавҷудаи он 1500 метри мукааб дар як сония обро дар ноҳияи Қалъаи Хум ё Даштиҷум (нишебии дарё ва талу пеппаҳои дар соҳили дарё мавҷудбуда ба ҳисоб гирифта шудааст) ба соҳили дарё бароварда, обро ба воситаи шабакаҳо ба теппагиҳои табиӣ бароварда, НБО якҷоя бо водокамера сохта, қувваи барқи бештарро истеҳсол кардан мумкин аст. Барои ин кор як миқдор оби ба шабака гирифташударо ба дарё напартофта, такрору ба такрор истифода бурда, даҳҳо НБО бо таври силсилавӣ сохтан ва нерўи бештари барқро истеҳсол кардан барои таҳкими иқтидори энергетикӣ заминаи мусоидро фароҳам меоваранд.

Барои дар меъёри муайян нигоҳ доштани оби воридшавандаи НБО-и ба тариқи силсилавӣ сохтамешуда дар 12 моҳ сохтани обтанзимкунакҳоро дар шохаҳои дарёҳо ва саргаҳи худи онҳо (дар мавзеъҳое, ки ба ҳеч кас зарар намерасонд) тавсия медиҳем, дар вақти камобӣ бо ёрии ин гуна танзимкунакҳо НБО бо об таъмин мегардад. Дар Тоҷикистон барои сохтмони НБО якҷоя бо водокамера (яъне НБО-и беобанбор) шароити ниҳоят васеъ мавҷуд буда, аз ҳамин сабаб тавсия дода мешавад, ки чунин имкониятро истифода бурда, истеҳсоли қувваи барқро аз ҳисоби НБО-и нав афзоиш диҳем.

Усули дувуми истеҳсоли қувваи барқ ба таври силсилавӣ оддитар буда, бо воситаи генераторҳои то 50 ҳазор кВт/ соат иқтидордошта фаъолият хоҳад кард. Ин кор бо во-ситаи генератор ва ёрии новаҳо амалӣ мешавад. Истифодаи ин усул дар шохаҳои дарёҳое, ки оби миёнасолонаашон то 80 мукааб/сония мебошад, анҷом додан мувофиқ аст. Муваффақияти кор дар ин усул аз интихоби мавзеъ вобастагии калон дорад. Масалан, дар шохобҳои ба дарёи асосӣ пайваст мешуда, ки дар бағали кўҳҳо истифодаи ин усул ба мақсад мувофиқтар мебуд, зеро дар ин ҳолат механизмҳо осонтар кор мекунанд ва талу теппаҳои бисёр ба ин кор «ёрӣ» мерасонанд. Бо ёрии шабакаҳо ба нуқтаи баланди ин ҷойҳо баровардани обро ба нақша гирифта, баъд аз баландӣ нишебии 25-30 дараҷа ҷой ёфта, бо ёрии механизмҳо майдончаи бинокорӣ тайёр мекунем, ки бараш аз 25 то 30 м ва дарозиаш баробари ҷои интихобшуда бошад. Барои аз селу обхезиҳо эмин доштани он низ бояд чораҳои бехатарӣ андешида шаванд.

Баъд новаро бунёд кардан мумкин аст. Нова аз рўи талабот ниҳоят мустаҳкам бояд сохта шуда, андозааш ба нишебии ҷой ва ба миқдори об вобастагӣ дорад. Нова дар шакли чоркунҷа сохта шуда, дар ҳар 10 м масофа ба деворҳои он сутунҳои оҳанин барои маҳкам кардани тири чархҳо гузаштан лозим аст. Як тарафи тири чарха аз нова берун ва ба он генератор пайваст карда мешавад. Дарозии нова аз ҷои интихобшуда низ вобастагӣ дорад.

Ба гуфтаҳои боло равшанӣ меандозем. Масалан, миқдори оби миёнасо-лонаи яке аз дарёчаҳои шохаи Вахшро аниқ кардем, ки он 80 метри мукааб дар як сония будааст. Дар саргаҳи дарёе, ки 12 моҳ оби мўътадили тақрибан 80 метри мукааб дар як сонияро дорост, танзимкунаки об гузошта, онро бо ёрии шабака ба ҷои зарурӣ баровардем.

Фарз кардем, ки ҷои барои сохтмон интихобшуда дар ёнаи кўҳ қарор дошта, нишебиаш 27 дараҷа ва дарозиаш 320 м аст. Новаро шинондем ва ба генераторҳо пайваст кардем. Шумораи генераторҳо фарз кардем, ки 32 адад аст. Агар 80 мукааб метр/сония дар 27 дараҷаи нишебӣ ба ҳар генератор 5 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истеҳсол карда тавонад, дар 1 соат 160 ҳазор кВт/соат, дар як шабонарўз 3840 ҳазор кВт/соат барқ тавлид мешавад ва истеҳсоли барқи солонаи он ба 1,4 млрд кВт соат мерасад.

Ин ғоя чӣ афзалият дорад?

Якум, онро дар мўҳлати кўтоҳ ва бо маб-лағи кам сохтан мумкин аст. Дуюм, НБО-и бо ин усул сохтамешуда азбаски обанбор надорад, бехатар буда, ҳам барои табиат, ҳам барои муҳити зист халал эҷод намекунад.

Сеюм, агар ин ғоя аз санҷиш гузаронда, ба истеҳсолот ҷорӣ шавад, танқисии нерўи барқ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми мамлакатҳои дунё дар муддати кўтоҳ ҳал мешавад. Чунки дар об энергияи беохир ва тамомнашаванда мавҷуд аст. Агар инсоният 10-12 фоизи энергияи мавҷудаи обро аз бар намояд, фикр мекунам, ки эҳтиёҷ ба нерўи барқ батамом қонеъ гардонида мешавад.

Афзалияти ин ғоя боз дар он аст, ки аз ҳисоби бехавфу арзон буданаш (маблағ барои сохтмони НБО бо усули нав нисбат ба нерўгоҳҳои НБО-и аввала 10-12 баробар арзонтар аст) ба сохтмону истифодаи нерўгоҳи барқии атомӣ ва гармӣ, ки муҳити атрофро ифлос мекунад ҳоҷат намемонад.

- Ана, ҳамин тавр, писарам. Мо, нафақахўрон, ки ҳамеша ба меҳнат кардан одат кардаем, бекор нишаста наметавонем, -гуфт Бобои Озодқул ва афзуд: - Ман аз роҳбарони ташкилотҳои дахлдор ва аз шахсони масъули ин соҳа хоҳиш мекунам, ки ба амалӣ шудани ғояи мазкур дилгармона рафтор намуда, водокамераи пешниҳодшударо истифода бурда, истеҳсоли барқи бехавф, арзон ва дар мўҳлати кўтоҳ ба даст ояндаи онро дар дунё якумин шуда дар Тоҷикистон ҷорӣ намоянд.

Умед дорам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва мутахассисони соҳаи мазкур пешниҳоди маро дар рўи коғаз намемононанд, камбудиашро ислоҳ мекунанд ва якҷоя онро дар амал татбиқ менамоем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО

Add comment


Security code
Refresh