Аз истеҳсол ҷамъият нафъ бинад…

Дастовардҳои соҳаи саноат солҳои охир хеле назаррас аст. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки дар 11 моҳи соли равон дар сатҳи вилоят ба маблағи зиёда аз 3,5 млрд сомонӣ маҳсулоти мухталиф истеҳсол гардида,суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 111,1 фоизро ташкил дод. Яъне дар ин давра ба маблағи 282,3 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ зиёд истеҳсол гардид.

Аз 320 корхонаи саноатӣ 223 корхона ё 69,6 фоиз вусъати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд. Аз 77 номгўи маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда дар ёздаҳ моҳи соли 2013-ум истеҳсоли 40 номгўйи маҳсулоти саноатӣ ё 51,9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.

Бо мақсади назаррас гардидани истеҳсоли маҳсулот иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар вохўриҳо дар шаҳру навоҳӣ бо фаъолон ва собиқадорони меҳнат дар бобати рушди иқтисодии кишвар ва ба меҳнат ҷалб намудани мардум, афзун гардондани корхонаҳои истеҳсолӣ, бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ баровардани маҳсулот, ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда ва ғайра ибрози ақида намуд. Дар ин бобат хабарнигори «Ҳақиқати Суғд» бо чанде аз мутахассисони ин соҳа сўҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаши муштариён ме-гардонем.

Акбархоҷа Исохоҷаев- сарвари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ободкори Хуҷанд»:

- Ман фаъолияти меҳнатиамро аз бозор оғоз кардаам. Бо фурўши масолеҳи бинокорӣ машғул будам. Вақте равуо бо роҳҳои байналхалқӣ, хосатан, ҷониби Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Хитой мушкил гашт, муддате бекор мондам. Пасон ба худ андешидам. Охир, Тоҷикистони зебоманзару биҳиштосои мо кони неъмат аст. Пас чаро ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ намонем?

Аз соли 2011-ум инҷониб бо соҳибкорӣ машғулам. Коргоҳи мо мавсимӣ буда, 20-25 нафар асосан дар як баст бо истеҳсоли хишт машғуланд. Коргоҳ ҳамагӣ 6-7 моҳ ва агар ҳаво мусоид шавад, 8 моҳ фаъолият мебарад ва моҳе аз 80 ҳазор то 100 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад. Харидорони моли мо дар дохили ҷумҳурӣ буда, бо корхонаҳои «Суғд-нефт» ва «Бунёд-1» шартнома бастаем.

Боиси хушнудист, ки соҳибкорон барои равнақ додани фаъолияти худ имтиёз доранд. Ният дорем, ба ярмаркае, ки дар давлати Хитой баргузор мешавад, иштирок карда, аз он ҷо боз дастгоҳҳое орем, ки барои ободонии Тоҷикистон, беҳтар кардани вазъи иқтисодии аҳолии мамлакати офтобрўяамон мадад кунанд. Сехҳои истеҳсоли мебел, плита, дару тирезаҳои пластикӣ ва ё корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўроквории ниёзи аввал омода карданием.

Иқдоми иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар хусуси ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда боиси дастгирист. Баробари ба кор даромадани онҳо сафи муҳоҷирони меҳнатӣ низ кам мегардад. Ҳамчунин таҷдиди хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин бошанд ва деҳқони асил соҳиби замин гарданд. Роҳҳои мошингард низ таъмир шуда истодаанд ва дар ин маврид низ андешаи назар шуд, ки ин қадамест ба ободонии роҳ.

Мақсуд Дадобоев - директори Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Суғдстандарт-ойл»: - Коргоҳи мо аз соли 2005-ум инҷониб фаъолият дорад, солҳои пешин 15-16 ҳазор тонна ашёи хом коркард мешуд. Азбаски ҳоло завод ва сехҳои истеҳсоли равған зиёд шудааст, бо иқтидори пешинаи худ фаъолият надошта бошем ҳам, барои босифат пешкаш намудани маҳсулот кўшиш карда истодаем. Аз ашёи хоми ватанӣ ба истеҳсоли равғану кунҷора машғулем. Чигит асосан аз ноҳияҳои Конибодом ва Ҷаббор Расулов дастрас мегардад.

Иқтидори коргоҳ дар як сол 24 ҳазор тонна аст, аммо аз сабаби нарасидани ашёи хом дар як моҳ ҳамагӣ аз 1200 тонна то 1500 тонна маҳсулотро пешкаши харидорон карда метавонем. Маҳсулоти хом ҳамагӣ 80 фоиз дастрас мегардад.

Бо хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Раҳмон Набиев, ба номи Қўшатов, ба номи Эҳром Баҳодурова, ба номи Убайдуллоев, ба номи Ҷаббор Расулов ва «Истиқлол» ҳамкории зич дорем. Маҳсулоти мо асосан дар дохили ҷумҳур харидор дорад. Сифати маҳсулот, ки ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгўй аст, соли 2011-ум тибқи шартнома ба миқдори 22 ҳазор тонна равған ба Федератсияи Русия ирсол гардид.

Барои равнақу ривоҷ ёфтани коргоҳ, зиёд намудани номгўи маҳсулот чанд лоиҳа омода кардаем, аз ҷумла тибқи дархости аҳолӣ алҳол аз зироати писта, сафло ва рапс равған истеҳсол карданием. Ҳисоби миёнаи маоши коргарон 800-900 сомонӣ буда, агар нақша баризофа иҷро гардад, онҳо ҳавасманд гардонда мешаванд. Азбаски коргоҳ мавсимист, барои бо ризқу рўзии доимӣ таъмин гардидани 62 нафар коргарон кўшиш ба харҷ дода истодаем. Бо ин мақсад бизнес-нақша тартиб дода, дар асоси он кормандонро бо бандубасти меваи хушк низ вобаста намуданием.

Абдураҳмон Қодирӣ дар вохўрӣ бо фаъ-олон, собиқадорони арсаи меҳнат ва соҳибкорон оид ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда масъала гузошт. Иқдом хуб аст. Масоҳати коргоҳҳои саноатии қаблӣ фарох аст. Агар талабот ба чунин маҳсулот зиёд бошад, бояд ба ин кор даст зад, ҳамчунин онро ба сехҳои хурд табдил дода, маҳсулоти ҷавобгўи стандарти ҷаҳонӣ ва мувофиқи дархости аҳолӣ созмон додан бамаврид мебуд.

Дар ҳақиқат, имрўз ба рушди истеҳсолот ва ба меҳнат ҷалб намудани аҳолӣ эътибори ҷиддӣ дода истодаем, аммо дар ҳар сари қадам бо бунёд намудани нуқтаи таъминоти сўзишворӣ, осиё ва дигар коргоҳҳо ба мақсад нахоҳем расид. Алҳол моро зарур аст, ки аз ашёи хоми ватанӣ истифода бурда, ҳарчӣ бештар маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгў истеҳсол намоем. Бештар ба сифати маҳсулот, хосатан дар истеҳсоли маводи хўрока эътибор диҳем. Воридоти маҳсулотро аз давлати хориҷ камтар карда, бештар бо истеҳсол бояд машғул шуд.

Имрўз соҳибкорон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кулли имтиёзҳоро доранд. Солҳост, ки дар масъалаи андоз аз фоида озодем, аммо ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ба мушкилиҳои сунъӣ дучор мегардем. Ҳамчунин, он соҳибкороне, ки бо истеҳсол машғуланд, ҳангоми аз бонк қарз гирифтан бояд имтиёз дошта бошанд, вагарна имрўз соҳибкорони бо хариду фурўш машғулгардида ва ҳам истеҳсолчӣ баробарҳуқуқанд. Тавре онро иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ таъкид намуд, аксари маҳсулот аз давлати Хитой ворид мегардад ва мутаассифона, сифаташ паст ва мўҳлати истифодааш маҳдуд аст.

Бинобар ин соҳибкоронро лозим аст, ки дар дохил аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти босифатро пешкаши муштариён гардонанд, ҳамчунин вобаста ба талаботи замон амал кунанд. Аз истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолчӣ ҷамъият манфиат бинад, бар зарари саломатиаш набошад, маводи босифатро пешкаши харидорон намояд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА

Add comment


Security code
Refresh