СОДИРОТИ ТУХМ ВА ГӮШТИ ПАРАНДА БА ХОРИҶИ КИШВАР

Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзии воридотивазкунанда ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст, зеро коргоҳҳои истеҳсолии хурду бузурги кишвар имконият доранд, ки талаботи дохилиро қисман таъмин кунанд. Баробари ин содироти ашёи хом, алалхусус маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ беш гардида, имконияти рақобатнокиро ба даст овардаанд.

Боиси сарбаландист, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва дарёфти роҳҳои алтернативӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаро ба давлатҳои мутараққӣ содирот кунанд. Имрӯз соҳибкорон дар самти таъсиси коргоҳҳои парандапарвариву истеҳсоли гӯшт ва тухми он бо кишварҳои дуру наздик шартнома баста, содироти онро ба роҳ монда истодаанд.

Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, дар давоми чор моҳи соли равон аз вилояти Суғд 8 миллиону 134 ҳазор дона тухми паранда ва 23 тонна гӯшти мурғ содирот шудааст. Тухми мурғ бештар аз корхонаҳои парандапарварии вилоят ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот шудааст.

Сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуҳаким Қаландаров гуфт, ки дар шаҳру навоҳии вилоят 132 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст. Аз ин миқдор 35 коргоҳ дар самти истеҳсоли гӯшти паранда фаъолият мебаранд. Корхонаҳои парандапарварӣ аз қабилӣ, ҶСК “Симурғ” – и шаҳри Истаравшан, ҶДММ “Суғдиён Свердловск” – и ноҳияи Мастчоҳ ва ҶДММ “Суғд - Самарқанд” – и шаҳри Исфара дорои мурғи модарии зот, мурғони тухмдеҳ ва гӯштӣ мебошанд.

 - Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори паранда 4835497 сар, истеҳсоли тухм 253 миллиону 977 ҳазор дона ва гӯшти паранда 6175 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта саршумори паранда 523044 сар кам буда, истеҳсоли тухм 69 миллиону 713 ҳазор дона ва гӯшти паранда 1732 тонна зиёд гардидааст, - гуфт Абдуҳаким Қаландаров.

Корхонаҳои калонтарини парандапарварӣ, ки саршумори парандаашон аз 100 ҳазор сар зиёд аст, дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ҶДММ “Амина - К”, ҶДММ “Парандапарвар - 2017”, ҶДММ “Воҳидов А”, ҶДММ “Чӯҷаи заррин”, ҶДММ “Чӯҷаи Байзо”, ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ “Ганҷи ҳилол”, шаҳри Истаравшан ҶСК “Симурғ”, ноҳияи Спитамен ҶДММ “Файзи саҳар”, ноҳияи Мастчоҳ ҶДММ “Суғдиён - Свердловск” ва шаҳри Гулистон ҶДММ “Анко - инвест” фаъолият доранд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шумораи зиёди коргоҳҳои истеҳсоли тухми паранда фаъолият доранд, ки бо тухм бозори дохилӣ ва берун аз кишварро таъмин мекунанд. Муовини маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмонҷон Эргашев иттилоъ дод, ки тухми мурғ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 68 ҳазор дона ба маблағи 3 миллиону 848 ҳазор сомонӣ содирот шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия 30 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки аз он 9 коргоҳи калонҳаҷм, аз ҷумла ҶШСК “Парандапарварии Хуҷанд”, ҶДММ “Мабрук”, ҶДММ “Орипов - К”, ҶДММ “Тухми аълосифат”, ҶДММ “Чӯҷаи заррин”, ҶДММ “Парандапарварӣ - 2017”, ҶДММ “Амина - К”, ҶДММ “Чӯҷаи Байзо”, ҶДММ “Парандапарварӣ - 2018” содироти тухми парандаро ба роҳ мондаанд. Дар самти содирот ва истеҳсоли тухмипаранда роҳбари ҶДММ “Чӯҷаи заррин” Далер Кенҷаев гуфт, ки алҳол дар коргоҳ 210 ҳазору 282 сар мурғи тухмдеҳ мавҷуд аст.

- Дар давоми чор моҳи соли равон 19 миллиону 93 ҳазору 893 дона тухм истеҳсол шудааст. Тухми истеҳсолшудаи коргоҳ бештар ба Ҷумҳурии Афғонистон содирот шудааст. Дар ҳолати мувофиқа гардидани нарх содироти тухм ба дигар давлатҳо низ амалӣ мешавад, - гуфт Д.Кенҷаев.

Таъкид гардид, ки чӯҷаи паранда аз Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Суғдиён - Свердловск” – и ноҳияи Мастчоҳ харидорӣ гардидааст. Витамин ва хӯроки паранда аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ворид гардида, қисман аз бозори дохила харида мешавад. Тухми истеҳсолшавандаи коргоҳ озуқавории навъи якум буда, аз 60 то 68 граммро ташкил медиҳад. ҶДММ “Чӯҷаи заррин” соли 2013 таъсис ёфта, айни ҳол 62 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Ҳамчунин ҳанӯз соли 2012 ҶДММ “Тухми аълосифат” таъсис ёфта буд, ки алҳол дар коргоҳ беш аз 55 ҳазор мурғи тухмдеҳ мавҷуд аст. Роҳбари коргоҳ Азим Масаидов гуфт, ки чӯҷаи парандаро аз ҶДММ “Симурғ” – и шаҳри Истаравшан харидорӣ кардаанд.

- Содироти тухм солҳои қаблӣ манъ шуда буд, хушбахтона, тақрибан 5 – 6 моҳи охир иҷозат дода шудааст. Хӯрок ва витамин барои паранда аз кишварҳои Олмон, Корея, Аргентина ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мешавад. Таҷҳизоти коргоҳ бошад, аз давлати Туркия оварда шудааст, - гуфт номбурда.

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми чор моҳи соли равон дар коргоҳҳои парандапарварии вилоят 6192,9 тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст.

Алҳол дар вилоят 136 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки истеҳсоли гӯшти паранда дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Бӯстон, Конибодом ва Истаравшан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ дар чор моҳи соли равон истеҳсоли гӯшти паранда ба 108,3 тонна баробар гардид, ки ин нишондод дар соли 2021 – ум 183,4 тоннаро ташкил дода буд. Сардори шуъбаи омори ноҳияи Мастчоҳ Мирҷамол Мирзозода иттилоъ дод, ки дар ноҳия 10 коргоҳи парандапарварӣ, аз ҷумла ҶДММ “Парандапарвари Мастчоҳ”, ҶДММ “Агрофинанс”, ҶДММ “Саҷҷот”, ҶДММ “Ганҷи равон”, ҶДММ “Мурғи Фаровон”, ҶДММ “Суғд Самарқанд паранда”, ҶДММ “Афранг”, ҶДММ “Шерозҷон”, ҶДММ “Шамс тиҷорат” ва ҶДММ “Суғдиён Свердловск” фаъолият доранд.

Истеҳсоли гӯшти паранда дар чор моҳи соли равон дар маҷмуъ 1053,4 тоннаро ташкил дод, дар коргоҳҳои парандапарварии ноҳия бошад, 317460 сар паранда мавҷуд аст. Бино ба гуфти масъулин, гӯшти паранда дар коргоҳи ҶДММ “Ганҷи фаровон” – 13,2 тонна, ҶДММ “Мурғи Фаровон” – 20,3 тонна, ҶДММ “Суғд Самарқанд паранда” – 37,6 тонна ва ҶДММ “Афранг” – 30 тонна истеҳсол шудааст. Намояндаи ҶДММ “Афранг” Холиқназар Одинаев гуфт, ки давоми чор моҳи соли равон гӯшти паранда дар ҳаҷми 30 тонна бо вазни зинда фурӯхта шудааст. Коргоҳ бозори дохилиро бо гӯшти мурғ таъмин карда истодааст. - Давоми чор моҳи соли равон як миллиону 978 ҳазору 43 дона тухм истеҳсол гардид. Алҳол дар коргоҳ 15 ҳазору 408 сар паранда парвариш ёфта истодааст. Хӯроки паранда аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид ва қисман аз бозори дохилӣ харида мешавад. Таҷҳизот бошад, аз Федератсияи Россия ворид шудааст, - гуфт Х.Одинаев. Бино ба гуфти масъулин, коргоҳ соли 2018 – ум таъсис ёфта, 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар нақша аст, ки солҳои наздик содироти тухму гӯшти парандаро ба роҳ монда, ҷойи кориро зиёд гардонанд.

 Боиси таъкид аст, ки зиёд шудани коргоҳҳои истеҳсолӣ боиси таъмин гардидани сокинон бо ҷойи корӣ ва баланд рафтани иқтисодиёти кишвар хоҳад гардид. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh