БОЗОРИ ДОХИЛӢ АЗ МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ ЭМИН БОШАД

Дар толори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд бо иштироки масъулин ва рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Сардори “Тоҷикстандарт” дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинов оид ба ҷамъбасти фаъолияти марказ дар давоми нимсолаи аввали соли 2022 маълумот дод. Қайд гардид, ки баъди ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутахассисони марказ корҳои омӯзишӣ ва тарғиботиро баҳри дастгирии фаъолияти соҳибкорони ватанӣ бештар ба роҳ монданд.

Мутахассисони шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар 92 субъекти хоҷагидор корҳои санҷишӣ гузаронида, дар 17 корхона қонунвайронкунӣ вобаста ба риоя накардани талаботи қонунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникиро ошкор намуда, ба маблағи 23168 сомонӣ ҷарима бастанд. Мутахассисони шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченак бошад, дар 87 корхонаи шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродӣ 7397 воситаи ченакро аз назорати давлатӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 857 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок мутахассисони шуъбаи нозироти савдо номгӯи гуногуни маҳсулоти пастсифат ва хатарнокро ошкор намуданд. Аз ҷумла, зиёда аз 291 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1990 кг равғани растанӣ, 142 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 1400 литр машруботи спиртӣ, 390 адад фурӯзонаки каммасраф, 28196 литр маҳсулоти нафтӣ, 1243 литр равғани молиданӣ, 430 литр антифриз, 2220 адад бозичаи кӯдакона, 800 килограмм маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намуди маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолиашон гузашта ва бе сертификат ошкор карда шуд, ки маблағи умумии онҳо дар нимсолаи аввали соли 2022‐юм 460573 сомонӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби кормандони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба миқдори 4977 намуна маҳсулотҳои хӯрокворӣ, орди гандум, равғани растанӣ, маҳсулотҳои макаронӣ ва қаннодӣ, гӯштӣ ва ширӣ, чой, қаҳва, тухми мурғ, консерваҳо, нӯшокиҳои ташнагишикан, машруботи спиртӣ, меваи хушк, ғалладонагиҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар номгӯи маҳсулот аз ташхис гузаронида шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулоти ташхисшуда 36 намунаи маҳсулот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуд.

Кормандони бахши ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат дар субъекти хоҷагидории ҶДММ «Султони Ҳаким», ки ба истеҳсоли орди гандум машғул мебошанд, низоми идоракунии сифатро тибқи талаботи стандарти байналмилалии ХАССП ҷорӣ намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар 23 субъекти хоҷагидорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба моҳият ва аҳамияти идоракунии сифат гузаронида шуд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh