АФЗОИШИ НАҚШАИ ДАРОМАДҲО АЗ БУҶЕТ

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони чаҳор сохтор – сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд Анвар Мирзозода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Аҳмедов, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо Ҳаким Ҳакимзода ва муовини сардори Сарраёсати омори вилоят Умедахон Бурҳонзода иштирок доштанд.

Қайд гардид, ки Сарраёсати молия дар вилоят якҷо бо сохторҳои дигари иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети вилоят, маблағгузории саривақтии хароҷоти аввалиндараҷа ва умуман, пешбурди сиёсати молияи давлатӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2022‐юм нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақа дар вилоят ба 12 миллиарду 506,2 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш ба 107,3 фисад баробар гардида, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 27,1 фисад баробар шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ, роҳандозӣ шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи 561,5 миллион сомонӣ ё 10,5 фисад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022‐юм 179,9 миллион сомонӣ ё 47,1 фисад зиёд мебошад. Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 104,4 фисад иҷро гардида, ба ҷойи 1 миллиарду 175,5 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 1 миллиарду 227,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 52 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 69,7 миллион сомонӣ ё 6 фисад афзудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 149,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 29,6 миллион сомонӣ, Деваштич 33,6 миллион сомонӣ, Зафаробод 9 миллион сомонӣ, Истиқлол 0,1 миллион сомонӣ, Исфара21,4 миллион сомонӣ, Конибодом 14 миллион сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 12,8 миллион сомонӣ, Мастчоҳ 0,8 миллион сомонӣ, Спитамен 5,9 миллион сомонӣ, Ҷаббор Расулов 11,2 миллион сомонӣ ва Шаҳристон 11,4 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо гардид. Аз маълумоти Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят бармеояд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон дар заминаи КВД «Фузулоти нодири Тоҷикистон» корхонаи заргарии «Зари Суғд» ва ҶДММ «Нуртез» ба фаъолият шуруъ кард.

Ҳамчунин, корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои ҶДММ «Ганҷофар» дар шаҳри Бӯстон, ҶДММ «Тоҷир пласт» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ машғуланд, корхонаи мебелбарории ҶДММ «Ситораи Суғд», Маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» дар шаҳри Хуҷанд, коргоҳи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Суғд», корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ «Амина‐К», коргоҳи муштараки «ХуҷандМогилёвлифтмаш», ҶДММ «Орди фатир», коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд», коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», ҶДММ «Ширеши тоҷик», ҶДММ «Толиб Дадобоев», ҶДММ «Муассисаи корҳои механиконидашудаи Сомонӣ», ҶДММ «Суғдпак», ҶДММ «Органик‐Ян 2», ҶДММ «Сомон‐кишоварз», ҶДММ «Хишти аълосифат», мактаби хусусии «Контакт», ҶДММ «Базеб» ба фаъолият оғоз намуданд. Боиси хурсандист, ки дар вилоят Форуми минтақавӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат», Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд 2022», баргузор гардид, ки аз ҷониби беш аз 200 корхонаи саноатии вилоят ва хоҷагиҳои деҳқонӣ хуш пазируфта шуд. Ҳамчунин, Бизнес форум байни соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, ки соҳибкорони ҳар ду кишвар иштирок намуда, мубодилаи ҳамкориҳоро ба роҳ монданд. Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят давоми шаш моҳи соли 2022 фаъолияти худро ҷоннок намуда, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 11,1 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фисад расида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 58,3 фисад баробар гардид. Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардида, дар моҳҳои январ‐июни соли 2022 ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 3 миллиарду 365,2 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 112,1 фисади нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар аст. Мувофиқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бошад, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 6400 миллион сомонӣ буда, ба маблағи 487 миллион сомонӣ чорвои зинда, 1466,1 миллион сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 50,5 миллион сомонӣ автомобилҳои боркаш, сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ба маблағи 1300 миллион сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд.

Дар фарҷом бо рӯзноманигорони васоити ахбори омма ва намояндагони сохторҳои иқтисодии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд саволу ҷавоб доир гардид.

Шоира КАРИМЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh