Баргузории Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғона

8 сентябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмононро, ки бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона ба Суғди бостонӣ омадааст, хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки мардуми тоҷику ӯзбек бо сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстона ва бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ зиндагӣ доранд.

Гуфта шуд, ки сафари роҳбарияти вилояти Фарғона ва соҳибкорону тоҷирон ба вилояти Суғд ва баргузории Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғона қадами муҳим дар ҷодаи рушди муносибатҳои дуҷониба буда, ташкили чунин чорабиниҳои муҳим имкон медиҳад, ки тарафҳо аз имкониятҳои ҳамдигар бохабар бошанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифии имкониятҳои мавҷуда таъкид кард, ки Суғди бостонӣ чун "Водии имкониятҳо" шинохта шуда, дар вилоят беш аз 2,8 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Суғд дорои таъриху фарҳанги бой, урфу одат ва анъанаҳои хос, захираҳои бузурги табиӣ буда, дар вилоят 800 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар корхонаҳои саноатӣ 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ низ номгӯи зиёди маҳсулот истеҳсол шуда, ҳамасола садҳо тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содирот мегардад. Дар вилоят ҳамзамон солона 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда, маҳсулоти пахтагин истеҳсол мешавад.

Вилояти Суғд бо беш аз 60 давлати олам ҳамкории иқтисодӣ дошта, гардиши савдои хориҷии он солонаи 2,5 миллиард доллар аст.

Мубодилаи молу маҳсулот бо минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2017 ду баробар зиёд гардида, соли гузашта 207,5 миллион ва дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 197 миллион долларро ташкил дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ҷиҳати таҳкимбахшии муносибатҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ карда, илова намуд, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек метавонанд дар азхудкунии заминҳо бо усули обёрии қатрагӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, корхонаҳои саноатӣ ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи форум ҷонибҳо лоиҳаҳои навро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати амалишавии тарҳҳои муштарак ба мувофиқа мерасанд.

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров зимни суханронии худ таҳкими ҳамкориҳоро натиҷаи сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо арзёбӣ карда, ба сатҳи ташкилии форум баҳои баланд дод ва изҳори боварӣ кард, ки соҳибкорони ду вилоят барои густариши робитаҳо аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мекунанд.

Дар ҳайати меҳмонон раисони шаҳру ноҳияҳои Риштон, Қувасой,    Данғара, Бешариқ, намояндагони Палатаи савдо ва саноат, роҳбарони беш аз 30 ширкати истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба Суғд омадаанд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ дидору гуфтугӯ хоҳанд намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh