ШУКРГУЗОРӢ АЗ ДАВЛАТДОРӢ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Шаҳри Панҷакент маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ рушд ёфта, имрӯз маркази он бо бунёди иншооти зиёди дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо тарҳи талаботи замони муосир ва арзишҳои миллӣ қомат афрохта, симои худро тағйир додаву ба яке аз шаҳрҳои зебои кишвар табдил меёбад. Дар роҳравҳо, хиёбонҳои сарсабзу гулпӯш қадам задану сайр кардан ба кас ҳаловату фараҳ мебахшад, шомгоҳон дар маркази шаҳр, назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ба тозагӣ таъмиру тармим ёфтаву бо шаҳоматаш ҳамаро ба худ ҷалб месозад ва боғи фарҳангиву фароғатии “Боғи тиллоӣ” даҳҳо не, садҳо нафар сокинону меҳмонон ҷамъ омада, мусиқӣ мешунаванду рӯҳи худро ин ҷо болида мегардонанд ва аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ шукргузорӣ мекунанд.

Корҳои сохтмонӣ ҳамоно идома ёфта, боз биноҳои нави маъмуриву хизматрасонӣ, фарҳангӣ сохта, дар баробари он роҳҳо мутобиқ ба талаботи рӯз мумфаршу кӯчаҳо бо ҳазор ранг чароғон мешаванд. Дар арафаи таҷлили 31‐умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, дар ин шаҳри куҳанбунёду ҳамзамон ҳамешаҷавон, бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳамсуҳбат шудем.

‐Анъанаи бо дастовезҳо истиқбол гирифтани ҳар иду санаҳои муқаддас барои мардуми меҳнатқарини шаҳри бостонии Панҷакент низ хос аст, ‐иброз медорад раиси шаҳр,  ва хурсандибахш аст, ки аз иди истиқлол то иди навбатӣ дастовардҳои сокинони шаҳр дар ҳамаи самтҳо: шурӯъ аз иқтисодӣ то иҷтимову фарҳангу варзиш назаррасанду эътимодбахш.

Рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, ки болоравии иқтисодиёт, ғановати буҷаи шаҳр асту албатта, мусоидат ба рӯзгори осудаи мардум, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мақсадро аз муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва давлат арзёбӣ мекунанд. Масалан, барои тақвияти фикри боло метавон гуфт, ки ҳоло музди миёнаи маоши кормандони шаҳри Панҷакент 2 ҳазору 499 сомониро ташкил медиҳад, ки ин дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 344 сомонӣ ва ё нисбат ба соли 2015 ба миқдори 2,5 маротиб зиёд аст.

Яке аз муҳимтарин омилҳои рушди иқтисодии шаҳр ва болоравии сатҳи зиндагии мардум албатта, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузурги тавлидотӣ аст. Агар ҳафт сол қабл маҷмӯи истеҳсоли маҳсулот ҳамагӣ 824 миллиону 764 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас танҳо дар ҳафт моҳи соли равон ин нишондиҳанда, яъне маҷмӯи маҳсулоти шаҳр ба 3 миллиарду 388 миллион сомонӣ расидааст, ки бешубҳа, ба ривоҷу равнақи хоҷагии халқи шаҳр мусоидат мекунад. Ҷиҳати таконбахшӣ ба ин раванд ва баҳри иҷрои стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр соли 2020 “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент низ барои солҳои 2021‐2025” тасдиқ шудааст, ки татбиқи 118 Лоиҳаи афзалиятноки он ба маблағи 1 миллиарду 866 миллион сомонӣ нишондиҳандаи шаҳрро бешубҳа, дар ҳамаи самтҳо назаррас мекунад.

Мусаллам аст, ки калиди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин бунёди корхонаҳои саноатии тавлидотӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бе ваҷҳ нест, ки саноатикунонии босуръати кишвар чун ҳадафи чоруми миллӣ қабул шуда, дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои 2022‐2026 ро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд. Шаҳри Панҷакент низ дар ин самт дурнамои мусаффою хушбин дорад. Феълан дар шаҳр 18 корхонаи саноатӣ амал карда, соли равон бунёди боз 10 коргоҳи нав дар назар дошта шудааст.

Дар 7 моҳи соли равон бошад 8 коргоҳи хурду миёна, аз қабили коргоҳҳои дӯзандагии Рухшона Бобобекова барои 20 ҷойи корӣ, ҶДММ “Маҳсул” бо таъсисёбии 60 ҷойи корӣ, ҶДММ “ Рахш”‐16 ҷойи корӣ ва боз сехи қаннодӣ, ҶДММ “Маводи ба фарсудашавӣ тобовар”, сехи оҳангудозӣ‐40 ҷойи корӣ ва инчунин коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ бо таъсиси наздик 150 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси қаноатмандист, ки дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд саҳми шаҳри Панҷакент ба 22,6 дар сад расидааст, ки ин дар солҳои охир нишондиҳандаи баландтарин маҳсуб меёбад.

Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳр бо як самимияти афзун шукргузорӣ аз давлатдорӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, таъкид бар он дорад, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва дастгирии ҳамаҷониба аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи боэътимод мегузоранд, ки дар кулли соҳоти хоҷагии халқ: алалхусус иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш ва ғайраҳо муваффақ шуда, ба рӯзгори осуда ва зиндагии шоиста ноил шавем.

Нодир ТУРСУНЗОДА

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh