МЕҲВАРИ СОЗАНДАГИҲО - ОБОДУ ЗЕБО НАМУДАНИ СИМОИ ШАҲР

Дар шаҳри Панҷакент давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати ободкоронаю созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, зиндагии хубу шоистаи сокинон таъмин гардид. Мардум бо дастгирӣ аз сиёсати Сарвари давлат имрӯз дар тамоми соҳаҳо, хоҳ саноат, хоҳ кишоварзӣ ва ҳунармандӣ дар фазои сулҳу субот бо дили гарм меҳнат мекунанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Танҳо овардани як далел метавонад, бозгӯи зиндагии ободу осудаи мардуми ин шаҳри бостонӣ бошад, ки агар соли 2008‐ум аҳолии шаҳр бештар аз 230 ҳазор нафарро ташкил намояд, ин теъдод ба 1 уми январи соли 2022‐юм зиёда аз 311 ҳазору ҳаштсад нафарро ташкил додааст.

Имрӯз Панҷакент ба яке аз марказҳои калонтарини саноатӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии кишвар табдил ёфтааст. Ҳамаи ин натиҷаи заҳмати фидокорона ва аҳлонаи сокинони шаҳр мебошад.. Бунёди коргоҳи истихроҷи тиллои "Зарафшон", нақбҳои "Истиқлол" ва Шаҳристон, навсозии роҳи мошингарди "Айнӣ‐Панҷакент", пайваст шудани Шабакаҳои барқии Панҷакент ба хатти баландшиддати ЛЭП500‐и Ҷануб‐Шимол, шинондани таҷҳизоти гаронарзиши тақсиму танзими барқ, бунёди кӯчаю роҳҳои обод, муассисаҳои сершумори таъиноти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, майдону гулгаштҳои зебо аз ҷумлаи шоҳкориҳои мардуми сарбаланд мебошанд. Ба муносибати ҷашни 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Панҷакент ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфта, бо бунёди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маорифу нигаҳдории тандурустӣ зеботару сарсабзу хуррам шуд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 447 иншоот сохта ба истифода дода шуд.

Бунёди кӯдакистон барои 340 нафар дар кӯчаи Навободи шаҳр аз ҷониби соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ, бинои истиқоматии панҷошёна ва дар қабати аввал маркази дандонпизишкӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз ҷониби соҳибкор Шариф Шарифов, бинои нави МТМУ №47 бо маблағгузории ҶДММ КМ "Зарафшон", "Қасри паҳлавонони Суғдӣ" воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бинои истиқоматии бисёрошёна ва дар қабати аввали он коргоҳи дӯзандагӣ барои 60 ҷой аз ҷониби соҳибкор Муродуллоҳи Асадулло, бинои фермаи чорвопарварӣ барои 100 сар моли калони шохдор дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ аз ҷониби соҳибкор Масрур Савриев аз ҷумлаи онҳоанд. Ба шарофати бо санъати баланди меъморӣ ва суннату унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидани биною иншооти замонавӣ ин шаҳри қадимиву навҷавон симои худро куллан дигар намудааст. Шаҳри Панҷакент дар асоси нақшаи тарҳи генералии шаҳр бунёд карда мешавад. Ин тарҳро соли 2017 ҶСК "Шаҳрофар" мутобиқи "Меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрсозӣ, банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишин" таҳия намудааст. Иҷрои ин нақша то соли 2035 пешбинӣ гардида, марҳалаи аввалинаш то соли 2025‐ро дарбар мегирад. Яке аз махсусиятҳои тарҳи генералии шаҳр дар заминаи рушди минтақавӣ омода намудани нақшаи меъмории заминҳои шаҳр мебошад.

Дар робита ба ин рушди минтақавии шаҳр дар ҳамаи самтҳои шаҳр, махсусан гузаштани шаҳр ба соҳили рости дарёи Зарафшон пешбинӣ мешавад. Дар минтақаҳои мазкур бунёди биноҳои пастошёна, миёнаошёна ва баландошёна пешбинӣ шудаанд. Дар маркази имрӯзаи шаҳр ва соҳили рости дарёи Зарафшон биноҳои баландошёнаи манзилӣ ва таъиноти иҷтимоӣ сохта мешаванд. Бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна дар соҳили чапи дарёи Зарафшон низ дар назар аст. Дар хиёбони Рӯдакии шаҳр аз байн бурдани иморатҳои якошёнаи фарсудашуда ва дар ҳудуди заминҳои озодшуда сохтмони хонаҳои баландошёна ва миёнаошёнаи истиқоматӣ назардошт шудааст. Дар ошёнаҳои якуми биноҳои истиқоматӣ муассисаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ҷойгир карда мешаванд.

Иморатсозӣ бо инфрасохтори зарурии иҷтимоию муҳандисӣ маҷмӯӣ роҳандозӣ мешавад. Дар тарҳи генералии шаҳри Панҷакент бунёди роҳи алтернативӣ ё худ дуюмин роҳи ҳалқавии атрофи Панҷакент амали аввалиндараҷа дониста шудааст. Яъне, дар шаҳр ҳаракати транзитӣ пурра тавассути роҳи давродавр ба роҳ монда хоҳад шуд. Айни ҳол лоиҳаи муфассали банақшагирии маркази шаҳр таҳия шуда истодааст. Корҳои лоиҳакашӣ дар семоҳаи сеюм ба анҷом мерасанд. Мувофиқи нақша, дар назар аст, ки ҳудуди шаҳр аз ҳисоби деҳаҳои Кабудсанг, Наврӯзтеппа (Қӯштеппа), Деваштич, Шӯрча, Савр, Зебон, Нуристон, Чорводор, Чинор, Дарвозакам ва деҳаҳои соҳили рости дарёи Зарафшон‐Сари Камар, Ваҳдат ва Озодагон васеъ карда шавад.

Соли равон дар шаҳри Панҷакент иншооти гуногун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки бо суннату унсурҳои баланди меъмории миллӣ ва аз масолеҳи замонавии сохтмонӣ бунёд гардидаанд. Феълан бо мақсади истиқболи сазовори 30‐солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони як қатор биноҳои баландошёна идома доранд. Бахусус дар биноҳои истиқоматии 9 ошёна аз ҷониби соҳибкорон А.Шамсиев, М.Бобоев, А.Муродиллоев, Х.Рӯзиева, К.Қодиров, И.Нӯъмонов, Ҷ.Қодиров, бинои истиқоматии 9 ошёнаи болохонадор аз ҷониби соҳибкор Умар Бобокалонов, бинои истиқоматии 5 ошёна аз ҷониби соҳибкор Раҳмонқулов И. бинои мактаб ба 340 хонанда дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг, бинои синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаҳои Саври Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва деҳаи Дашти Маллаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, сохтмони мактаб барои 10 синфхона дар маҳаллаи Фушуни Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, сохтмони бинои мактабҳо дар деҳаҳои Яккасада ва Бостондеҳи Ҷамоати деҳоти Саразм, майдончаи варзишӣ дар назди МТМУ №3и шаҳр корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд пеш рафта истодаанд.

Ин биною иншооти сохташудаистода таҳти назорати бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда марҳала ба марҳала ба истифода дода мешаванд. Баъди ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №305 аз 1‐уми июли соли 2022 "Дар бораи ҷашн гирифтани 35‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси ин қарор нақшаи чорабиниҳои ҷашни барои шаҳри Панҷакент тартиб дода шуд. Тавре раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои шашмоҳаи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр иброз дошт, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳру деҳоти Панҷакент ба муносибати ҷашни фархундаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 20222026 ҳар сол 196, дар умум 1000 номгӯй биною иншоот бунёд мегарданд. Ва барои сохтани ин биною иншоот замина ва имкониятҳои воқеӣ мавҷуданд.

Дар нақшаи чорабиниҳо иншооти таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, китобхонаҳо, қасри фарҳангу боғҳои фароғатӣ, гулгаштҳо, беморхонаву муассисаҳои табобатӣ, нуқтаҳои хатнаи кӯдакон, дорухонаҳо, сартарошхонаву ҳаммом, толорҳову кошонаи ҳусн, марказҳои савдову хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, меҳмонхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, бунёди роҳу пулҳо, боғҳои интенсивӣ ва ғайраҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз номгӯи иншооти зикршуда то ба имрӯз як қатор иншоот мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар ояндаи наздик кашидани хати роҳи оҳани Самарқанд‐Панҷакент дар назар аст.

Аз тарафи мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳавии шаҳри Панҷакент дар ин самт корбарӣ ва харитасозӣ шуда истодааст. Дар шаҳри Панҷакент бунёди коргоҳҳои пуриқтидори саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол сохтмони коргоҳи коркарди мис дар назди ҶДММ КМ "Зарафшон" оғоз гардидааст. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои деҳот низ сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷой додани муассисаҳои хизматрасонӣ дар ошёнаи якум пешбинӣ шудааст. Ҳоло бо ҷалби соҳибкорон ва бо истифода аз тарҳи зебои меъмории тасдиқшуда дар Ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва Чинор иҷрои ин кори муҳим оғоз ёфтааст.

Дар ояндаи наздик симои меъмории деҳаҳои сарироҳии ин ҷамоатҳо ба куллӣ дигаргун ва ободу зебо хоҳад шуд. Дар деҳаҳои Озодагон, Ваҳдат ва Сари Камари Ҷамоати деҳоти Хурмӣ низ бо дарназардошти ба ҳудуди шаҳри Панҷакент дохил шуданашон ҳамин гуна биноҳои баландошёна сохта мешаванд. Дар умум шаҳри Панҷакент дар ояндаи наздиктарин ба қисмати ғарбӣ ва соҳили рости дарёи Зарафшон доман паҳн мекунад. Аз рӯи тарҳи меъморӣ дар минтақаҳои нав маҷмӯи биноҳои таъиноти иҷтимоию хизматрасонӣ бунёд карда, барои сокинон тамоми шароитҳои хуби кору зиндагӣ фароҳам оварда мешаванд. Қаламрави Панҷакент аз 14 Ҷамоати деҳот иборат буда, дар шаҳр 19 маҳалла мавҷуд аст.

Дар асоси нақшаи генералии шаҳр сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна дар хиёбони марказии шаҳр, маҳаллаҳои Рӯдакӣ, Самарқандӣ, Сои Зебон, Гулистон ва Вашанӣ пешбинӣ гардидааст. Шаҳр бо чароғакҳои равшанидиҳанда, гулгашту фаввораҳо ва рекламаҳо оро дода, ҳамарӯза аз ҷониби КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" рӯбучин ва кӯчаҳо бо автомашинаи обпошӣ об задаву тоза карда мешаванд. Манзараи шабонаи шаҳр зебою диққатҷалбкунанда буда, сокинон ва меҳмонони шаҳр онро шабонарӯзӣ тамошо мекунанд.

Онҳо бахусус аз тамошои майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, гулгашти назди осорхонаи ҷумҳуриявӣ, майдони Деваштич ва Рамзи китоб ба ваҷд меоянд ва руҳу илҳоми тоза пайдо мекунанд. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки "Мо бояд дар панҷ соли оянда тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба хотири рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ҷашни 35‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон‐ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар намоем". Ин гуфтаҳо имрӯзҳо ба шиори хурду бузурги мардуми ободкор, меҳнатдӯст ва фарҳангпарвари шаҳри Панҷакент табдил ёфтаанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh