СОХТМОНИ ИНШООТИ ГУНОГУН ВА ТАЪСИСИ КОРГОҲҲОИ САНОАТӢ
- Details
- Published on Friday, 23 September 2022 15:03
Истиқлолият дастоварди беназири халқи тоҷик аст. Маҳз самараи Истиқлол аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил мешиносанду эътироф мекунанд. Таи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҳазорон иншооти мухталиф дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ сохта ба истифода дода шуданд. Қомат афрохтани меҳмонхонаҳои замонавию биноҳои истиқоматии баландошёна, зиёд гардидани теъдоди беморхонаву муассисаҳои таълимии муосир, таъсиси коргоҳҳои саноатии хурду бузург, таъмиру таҷдиди роҳҳои байниминтақавӣ ва дар фурсати кӯтоҳ ба диёри сайёҳӣ мубаддал гардидани мамлакат бозгӯи гуфтаҳои болоист.
Ин аст, ки соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулин вазифадор гардиданд, ки 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаю назаррас пешвоз гирем. Дар ин замина дар вилояти Суғд низ корҳои сохтмонӣ, таъмир, таҷдиду азнавсозӣ бомаром идома доранд. Аллакай дар давоми ҳашт моҳ сохтмону баистифодадиҳии даҳҳо иншоот ба қайд гирифта шудаанд.
Имрӯз масъулини шаҳри Истаравшан низ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саъю кӯшиш карда истодаанд ва сохтмони иншооти мухталиф бахшида ба ин санаи таърихӣ оғоз ёфтааст. Тавре масъул оид ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Қосимов маълумот дод, дар соли 2022 сохтмони 155 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва ба санаи 15 – уми сентябри соли равон 63 иншоот ба истифода дода шуд, ки 40 фоизи нақшаро дарбар мегирад.
‐Имрӯз аз ҷониби сохторҳои гуногуни шаҳр нақша – чорабинии омодагӣ ба ин санаи таърихӣ тарҳрезӣ гардида, корбарӣ дар ин самт идома дорад, аз ҷумла то ба имрӯз сохтмони иншоот дар самти истеҳсолот 9 адад, соҳаи маориф 3, тандурустӣ ду ва 46 иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бунгоҳи тиббӣ, кошонаи ҳусн, маркази хизматрасонӣ, толори варзишӣ, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва амсоли ин мавриди истифода қарор гирифтанд, ‐гуфт Мирзо Қосимов.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх аз тарафи соҳибкор Ҳадятулло Эшонов дар деҳаи Боғи Калон дар ҳудуди Муассисаи таълимии умумии рақами 19 ум 13 синфхонаи иловагӣ бо тамоми шароит ба толибилмон сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии аҳолии деҳаи Зарнисор ва шахсони саховатпеша бо роҳи ҳашари дастаҷамъона ва аз буҷаи маҳаллӣ бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа се нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Дар деҳаи Қалъачаи Арали Ҷамоати деҳоти Зарҳалол бошад, аз тарафи ширкати “Нефтпром” нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ошхона ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ бо шаш ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, аллакай сокинон аз он васеъ истифода бурда истодаанд.
‐Дар деҳаи Сӯфӣ Орифи ҷамоати мазкур мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 15 барои 528 хонанда бо дастгириву ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба воситаи фонди Саудии Рушд ба маблағи ду миллиону 965 ҳазор сомонӣ 10 синфхона, як синфхонаи компютерӣ, хонаи омӯзгорон ва утоқи директор ба истифода дода шуд, ‐гуфт номбурда.
Ҳоло дар шаҳр сохтмони чанд иншооти хурду бузург оғоз ёфтааст, аз ҷумла аз тарафи соҳибкор Мазбут Бойҷонов сохтмони Маҷмааи соҳибкории “Роҳи Абрешим”, ки аз 16 ошёна иборат аст, ба маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ оғоз ёфта, дар назар аст, ки соли 2023 ба истифода дода шавад.
Ҳамчунин дар ин самт дар ҳудуди Муассисаи давлатии хонаи таълим ва истироҳат дар шаҳр сохтмони “Қасри фарҳанг” аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ идома дорад. Ҷоиз ба қайд аст, ки баробари сохтмони иншооти мухталиф дар шаҳр дар самти таъсиси коргоҳҳои саноатӣ низ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи шаҳр Шӯҳрат Отамуродов ба ҳолати якуми сентябри соли 2022 дар шаҳр 54 корхонаи саноатӣ бо назардошти хизматрасони барқ ва об фаъолият менамояд.
Дар ин давра маҷмўи маҳсулоти истеҳсолшудаи саноатчиёни шаҳр 527044,4 ҳазор сомониро дарбар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 125260,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда 131,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021‐ро ташкил медиҳад. Дар асоси нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бояд дар давоми панҷ соли минбаъда дар ҳудуди шаҳри Истаравшан 60 корхонаи хурду миёнаи нави саноатӣ сохта ба истифода дода шавад. Аз ин миқдор дар соли 2022 сохтмони 12 корхонаи хурду миёна ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар миқёси шаҳр 6 корхонаи нави саноатӣ ва як хатти нави истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 73 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Аз ҷумла, коргоҳҳои нав ҶДММ «Файзи Тиҷорат» истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ (ватин), ҶДММ «Нури Истаравшан» истеҳсоли ҷўроб, ҶДММ «Санги Сабур» истеҳсол ва коркарди қуму шағал, ҶДММ «Шарафи Рўз» истеҳсоли бомпӯш аз маҳсулоти пласмассӣ, ҶДММ «Абӯбакри Қаҳрамон» истеҳсоли пойафзоли резинӣ ва чармӣ, ҶДММ «Абдуллоҳи Рустам» истеҳсоли мебел ва ҶДММ «Раҳимӣ Т» хатти нави истеҳсоли плитаҳои оҳану бетонӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Маҳсулоти коргоҳҳои мазкур бозорҳои вилоятро таъмин карда истодаанд. Фаъолияти коргоҳи ҶДММ «Нури Истаравшан», ки истеҳсоли ҷўробро ба роҳ мондааст назаррас буда, дар муддати кӯтоҳ тавонист дар бозори дохилӣ харидорони худро пайдо кунад. Ин аст, ки дар давоми ҳашт моҳи соли 2022 маҷмўи маҳсулоти истеҳсолкарда 847,5 ҳазор сомонӣ баробар буда, 347 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад. Масъулини коргоҳ нақша доранд, ки маҳсулоти истеҳсолшударо ба содирот равона кунанд. Ҳоло бо давлатҳои ҳамсоя бастани шартномаи тарафайнро ба роҳ мондаанд.
‐Коргоҳи калони корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Самти асосии фаъолияти коргоҳ ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст. Коргоҳ аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, ‐гуфт Шӯҳрат Отамуродов.
Бинои истеҳсолии корхона дар масоҳати зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар коргоҳи нассоҷии корхона 60 дастгоҳу таҷҳизоти ҷуроббофӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва наслу насб гардида, дар он 40 нафар зану духтари хонашин бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 800 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар оянда бо васеъсозии фаъолият ин нишондод боз ҳам боло хоҳад рафт. Ашёи хом, аз ҷумла ресмон барои омода намудани ҷӯроб аз дохили кишвар ва қисман аз Ҷумҳурии мардумии Чин дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аз он маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода карда мешавад. Ҷӯробҳои истеҳсолии корхона баробари таъмини бозори дохилӣ ба кишварҳои хориҷ низ содирот мегардад. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар коргоҳ дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда шуда, дӯхти онҳо ва дигар сарулибос дар асоси фармоиши мизоҷон бо истифода аз 55 таҷҳизот ба роҳ монда шудааст.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ 60 нафар зану духтари маҳаллӣ, ки аксаран хонашин буданд, ба кор ҷалб гардидаанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 60 ҳазор ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Нури Истаравшан” 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар шаҳр маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол мегардад, ки бештар содироти обҳои ташнашикан, либосҳои трикотажӣ, бозичаҳои бачагона, меваи хушк ва амсоли ин ба роҳ монда шудааст. Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар умум ба маблағи 3 миллиону 179,2 ҳазор доллар маҳсулот ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорусия, Қазоқистону Ӯзбекистон содирот шудааст.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”