Дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич мумфаршкунии 3 км роҳ оғоз шуд

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад.

Дар ноҳияи Деваштич низ бо талошу заҳматҳои сокинон бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо карда, шаҳрвандон барои ободии диёр саҳм гузошта истодаанд. Аз ҷумла, сокинони деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳия бо иҷрои корҳои ободонӣ тасмим доранд, ки ҷашнҳои милливу давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд. Сокинон имрӯзҳо ба таври оммавӣ кӯчаву маконҳои умумиро тозаву озода намуда, барои ободонии маҳалли зист аҳлона меҳнат менамоянд.

29 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаи Ҳазорчашма омада, бо сокинон суҳбат намуд ва барои густариши корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳо дод. Бо дастгирии роҳбари вилоят мумфаршкунии 3 км роҳи деҳа оғоз ёфта, таъкид карда шуд, ки мардуми деҳа бояд аҳлона барои ободии диёр саҳм гузоранд.

Роҳи деҳа бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш гардида, фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ "Суғдроҳсоз" мебошад.

Мардум аз мумфаршкунии роҳи деҳа изҳори хушнудӣ карда, барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh