ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ – ОМИЛИ РУШДИ БЕМАЙЛОНИ СОҲА

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2022 2026 Солҳои рушди саноат, ки дар он саҳми соҳибкорони вилоят хеле назаррас мебошад, санаи 5 уми октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён»‐и шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷўрахон бо соҳибкорони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аъзои Палатаи савдо ва саноат ва роҳбарони ташкилотҳои бонкӣ иштирок доштанд.

Анвар Яъқубӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, афзуд, ки чунин вохўриҳои судманд барои шиносоии бештар бо худи соҳибкорон ҷиҳати ҳамкорӣ ва рушди фаъолияти онҳо мусоидат мекунанд. Соҳаи саноат дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва дар пешбурди фаъолияти доираҳои тиҷоратӣ саҳми бориз дорад.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат аз самтҳои меҳварӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади мусоидат ба ин соҳаи муҳим ва дар асоси Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст, дар мамлакат ба соҳибкорону саноатчиён як қатор имкониятҳо пешниҳод гардидааст. Ин иқдоми наҷиби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки чандин корхонаҳои саноатӣ ба фаъолияти пурсамар шуруъ намуда, аз натиҷаи кори худ қаноатманд гарданд. –То имрўз дар вилояти Суғд беш аз 800 корхонаи саноатӣ фаъолият бурда, соҳибкорон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият доранд ва аз технологияҳои муосир, аз ҷумла, иттилоотию коммуникатсионӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 25 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Ин рақам нишон медиҳад, ки корхонаҳои саноативу бахши хусусӣ фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондаанд. То имрўз корхонаҳои саноатии вилоят 58 дарсади ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии кишварро таъмин ва мавқеи худро на танҳо дар кишвар, балки дар Осиёи Миёна пурзўртар намудаанд. Ҳамаи ин пешравиҳо ва нишондиҳандаҳо бе ташкили равобити хориҷӣ, заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои минтақавӣ ғайриимкон аст,–иброз дошт муовини Раиси вилоят.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷўрахон ҳадаф аз вохўрӣ бо соҳибкорони вилоятро иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд:

–Саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи солҳои рушди саноати эълоншуда, яъне 2022‐2026 ин имконияти дастгирии соҳибкорони ватанӣ барои иштирок дар намоишгоҳҳои дохиливу байналмилалӣ, муаррифии маҳсулот дар ин чорабиниҳо ва бастани шартномаҳои содиротӣ бо давлатҳои хориҷӣ мебошад. Таъкид гардид, ки вилоят дорои иқтидори бузурги саноатӣ, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои зиёд буда, соҳибкорон бояд аз имкониятҳои сармоягузориву тиҷоратӣ боз ҳам бештар истифода бурда тавонанд. Соли равон мулоқоти сармоягузорони хориҷӣ бо соҳибкорони ватаниву бахши хусусӣ бештар ба назар расиданд.

Маълум гардид, ки то имрўз шумораи аъзои палата наздик ба 900 аъзо расидааст. Иштироки соҳибкорони ватанӣ ва муаррифии молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони кишвар дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар аз соли 2019 то ба имрўз, аз ҷумла давоми 9 моҳи соли равон боиси пешрафти иқтисодиёти мамлакат арёзбӣ мегардад.

То имрўз соҳибкорони мо дар зиёда аз 20 намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар мамлакатҳои Вйетнам, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Малайзия, Туркия, Белгия, Корея, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Белорус, Украина, Ўзбекистон ва Қирғизистон молу маҳсулоти худро ба таври маҷозӣ ва ҳузурӣ муаррифӣ намудаанд. Аз ҷониби Палатаи савдо ва саноат дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ байни доираҳои соҳибкорони кишвар ва давлатҳои дар боло номбурда бизнес‐форумҳо, семинарҳо, вебинарҳо ва мизҳои мудаввар баргузор ва як қатор санадҳои ҳамкорӣ бо палатаҳои савдо ва корхонаҳои хориҷии давлатҳои болозикр ва инчунин, мамлакатҳои Руминия, Швейтсария, Туркманистон, Ҷумҳурии Арабии Миср, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баста шуданд. Шумораи намояндагиҳои палата дар кишварҳои хориҷ ба 11 нафар расонида шудаанд. Инчунин, дар назди Палатаи савдо ва саноати кишвар Шўро оид ба рушди тиҷорати электронӣ таъсис дода шуда, аз соли 2021 фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ҷоннок карда шудааст.

Дар вохўрӣ доир ба фаъолияти корхонаи худ оид ба ҳамкорӣ бо Палатаи савдо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Барс»– Бахтиёр Мирзобаҳодуров, “Афзали Суғд”–Абдулатиф Раҳмонов, “Тиниал”–Зафар Охунов, “Тоҷфилиз”– Ҷамшед Байзоев, “КЕДР” Муъмин Умаров, намояндаи“Зардолу ва компания” Бобир Икромов фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён дошта, аз ҷумла қайд карданд, ки дар шароити имрӯз дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ рақобатнокии маҳсулот хеле шиддат гирифта, дорои мавқеи муайян будан дар бозори берун хусусиятҳои босамару босифати маҳсулотро талаб менамояд. Аъзои Палатаи савдо ва саноат будан барои мо имкон додааст, ки бо пешниҳодҳои маълумоти иттилоотиву тиҷоратӣ аз минтақаҳои гуногуни мамолики хориҷ огоҳ, доири талабот ба маҳсулотамон, ҷалби сармояҳои дохиливу беруна, баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ бохабар бошем.

Анвар Яъқубӣ изҳор намуд, ки ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Палатаи савдо ва саноат хеле зич ба роҳ монда шудааст ва ҳама чорабиниҳое, ки палата баргузор менамояд, бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар сатҳи баланд доир мегардад. Боиси хурсандист, ки аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни соҳибкорони минтақавӣ ва давлатҳои дигари ҷаҳон як қатор тадбирҳои судманд пешниҳод ва амалӣ карда шудаанд. Аслан, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотест, ки корхонаҳои муштарак ва соҳибкоронро муттаҳид карда, манфиати корхонаҳо, ассотсиатсияҳо ва созмонҳоро бо татбиқи фаъолияти иқтисодиву саноатӣ, аз ҷумла, дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳаллу фасл менамояд. Яке аз самтҳои фаъолияти Палатаи савдо ва саноат ин кор бо аъзо ва ҷалби корхонаҳо ба аъзогии он мебошад.

Боиси хурсандист, ки рўз аз рўз шумораи шомилшавии корхонаҳо ба аъзогӣ меафзояд, ки ин аз ҳамкории босамари корхонаҳо дарак медиҳад. Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ таъкид намуд, ки ҳадафи асосӣ ин мусоидат ба рушди соҳибкорӣ мебошад ва тамоми соҳибкорони минтақаро ба ҳамкорӣ бо Палатаи мазкур даъват намуд ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои мо рўз аз рўз рушд мекунад ва барои пешрафти Ватани азизамон якҷоя меҳнат менамоем.

Дар фарҷом дар вазъияти тантанавӣ ба 14 корхонаи истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои кори самаранок, меҳнати фидокорона, дастовардҳои назаррас, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва саҳми арзанда дар рушди хоҷагии халқ шаҳодатномаҳои узвият ба палата супорида шуданд. Барои ҳамкории самарабахш як зумра аъзои фаъоли палата, соҳибкорони пешқадам ва ташкилотҳои бонкӣ бо Ифтихорномаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh