Мулоқоти Раиси вилоят бо масъулони соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд

19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

Қабл аз оғози мулоқот роҳбари вилоят бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сирдарё, Гагарин ва Истиқлол бунёд мешаванд, шинос гардид.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо беш аз сад адад нақшаҳои муфассали тарҳи биноҳо ба масъулини шаҳрсозӣ, ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ ва ба инобат гирифтану сохтани он бо зеббахшии санъати меъмории миллӣ супоришҳои мушаххас дод.

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки тарҳи биноҳо аз даромади шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мутобиқ ба нақшаи генералӣ тартиб дода шуда, симои шаҳрро ба кулли дигар месозаад. Аз ҷумла дар мавзеи варзишгоҳи «Спартак» нақшаи муфассали ҷойгиршавии 21 адад биноҳои 16 ошёна бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию тафреҳӣ муаррифӣ карда шуд.

Аз буриши кўчаҳои Шарқу Гагарин ва буриши кўчаҳои Камоли Хуҷандӣ в Гагарин нақшаи муфассали бунёди силсиламаҷмааи ширкати ватании «Элит сохтмон» муаррифӣ карда шуд, ки бо тарҳи муосир ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд силсилаи биноҳои баландошёнаи замонаӣ, иншооти варзишӣ меҳмонхонаҳо, марказҳои савдою тиҷорат сохта мешавад, ки симои он ба кулли тағйир меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шавад.

Ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф, ба талабот гирифтани шабакаҳои коммуналӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сипас, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаатии вилояти Суғд бо иштироки ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон, меъморон, шаҳрсозон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

Зимни мулоқот таъкид гашт, ки имрўз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор имтиёзоту дастгириҳо брои бунёди манзилу иншооти гуногун фароҳам оварда шудааст. Иншооти сохташаванда бояд барои садсолаҳо пешбинӣ ва бо сифати баланд сохта шаванд. Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду навсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Хуҷанд воқеан ҳусни тоза мебахшад.

Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи мардум мо бояд то 35 солагии Истиқлолият симои маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷандро ба куллӣ дигаргун намоем ва ин ҳама бо заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номус амалӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh