Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл мулоқот намуд.

Аснои суҳбат ҷонибҳо ба нақши ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ баҳои баланд дода, вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд амалӣ мегарданд, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии вилоятро изҳор дошт. Таъкид карда шуд, ки дар вилояти Суғд бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ таъмин гардида,  сатҳи зиндагии мардум баланд гардида истодааст.

Захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд. Аз ҷумла, барои обёрии заминҳои бекорхобида метавон лоиҳаҳои навро таҳия  ва татбиқ кард, ки дар натиҷа садҳо ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Вилояти Суғд ва Бонки осиёии рушд дар ин замина метавонанд тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.

Роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати саҳми бештар гузоштан дар амалишавии нақшаҳои нек ҳавасмандии худро баён дошт.

Хотиррасон мешавем, ки дар вилояти Суғд аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, маориф ва гумрук лоиҳаҳои гуногун амалӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh