НУСРАТИ ҚАСРИ СУЛҲОФАР – ШУКУҲИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲО

Дар сарнавишту таърихи давлатдории халқиятҳо воқеаҳои муҳиму тақдирсозе ба вуқӯъ омадаанд, ки барои табаддулоту таҳаввулоти он миллат ва дигаргунии раванди давлатдорӣ таъсири муқтадир расонида, дар шаҳкитоби таърих ва зеҳни мардум чун ҳодисаи бузурги таърихӣ ва воқеаи сарнавиштсоз сабт шудаанд.

Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон низ Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Иҷлосияи тақдирсоз пазируфта шуда, он ба тақдири ояндаи тоҷикон такони ҷиддӣ бахшид ва барои расидан ба ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, пеш аз ҳама сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими сохти давлатдорӣ, якпорчагии сарзамини Тоҷикистон заминагузор гардид.

Мо, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз он ифтихору шарафманд ҳастем, ки Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани саодати миллати тоҷик маҳз дар макони меҳру садоқат ‐Қасри “Арбоб”‐и хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев ва маскани парвозгоҳи бузургон баргузор шуда, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз нақши барҷастаро касб кард.

Бамаврид аст зикр намоям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин ҷо аз ҷониби вакилони мардумӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Яъне парвози баланди яке аз сиёсатмадорони шўҳратманди ҷаҳон, эҳёгари халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи бузурги сиёсати дунё аз парвозгоҳи маълуму машҳури ноҳияи ба номи алломаи беҳамто Бобоҷон Ғафуров ибтидо мегирад, ки аз ин шарафи бузургу фараҳбахш кулли сокинони ноҳия ифтихор доранд.

Дар ин бора дар яке аз суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишии ҷамоати деҳоти Хистеварз низ Пешвои миллат бо ифтихормандӣ таъкид карда буданд: “Мардуми ноҳия бо заҳматписандӣ ва ҳимматбаландии хеш дар қаламрави кишвар беҳамто буда, баъдан ин диёр зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихамон бо кору пайкори ватандўстона, бахусус бо таълифи шоҳасари безаволи худ ‐«Тоҷикон» дар ҷодаи ташаккули худшиносии миллӣ ва пойдории давлати тоҷикон саҳми беназир гузоштааст. Ҳамчунин, ман ҳамеша ифтихормандам, ки маҳз аз минбари баланди Қасри овозадори «Арбоб» ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидам ва тамоми мардуми Тоҷикистон имрўз Қасри фарҳангии «Арбоб»‐и таърихиро ба хотири оғози сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишварамон ҳамчун макони муқаддас гиромӣ медоранд ва ҳамеша онро ба унвони сарчашмаи ваҳдати миллии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд мекунанд.” Пешвои миллат тавонистанд, ки дар муддати ниҳоят кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор карда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё намоянд.

 Бешубҳа, гуфтан ҷоиз аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додани ҷанги таҳмилӣ Роҳбари тозаинтихоб ҳаёти худро зери хатар монда, ҷиҳати музокирот бо намояндаи гурӯҳҳои мусаллаҳ борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар намуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид. Шукрона, ки зери сиёсати хирадмандонаи Меъмори сулҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои солими ҷомеа зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд. Вақт ҳамчун довари бузургу беназир собит менамояд, ки кишвари мо таҳти раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ба музаффариятҳои беназир соҳиб гардид.

Раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ сол аз сол вусъати тоза гирифта, ба марҳалаҳои нави рушд замина гузошт. Самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои умда давра ба давра густариш ёфта, ба ҷаҳониён Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона ба маънои комилаш муаррифӣ шуд.

Боиси ифтихор аст, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати кўтоҳи таърихӣ дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, ба муваффақиятҳои беназир комёб гардид. 30 сол инҷониб бо талошҳои созандаву бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла, бошандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи самтҳо ба қуллаҳои бузурги шукўҳу нусрати Истиқлолияти давлатӣ расид. Имрўзҳо ҳар гўшаву канори кишварро зебову обод ва ҳар оиларо пурнишот мебинем, ки аз самараи заҳмати шабонарўзии муҳтарам Пешвои миллат аст. Дар ин радиф, музаффариятҳои ноҳияи калонтарини ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуровро низ метавон ба шоистагӣ таъкид кард, ки туфайли соҳибистиқлолӣ ва ҳидоятҳои фардонамои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба рушду такомул ёфт.

Татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, сафарҳои саодатовари Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, аз ҷумла, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастур, супориш ва кўмаки ҳамаҷонибаи Садри муаззами кишвар барои рушди минбаъдаи ноҳия заминаи боэътимод гузоштанд. Дар ин давра дар ноҳия бо мақсади таъмини афзоиши устувори нишондиҳандаҳои иқтисодӣ диққати аввалиндараҷа ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди бахши аграрӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, тадриҷан баланд намудани талаботи бозори дохилӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодӣ, такмил ва самаранокии соҳаи молия, тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохила равона карда шуд. Дар ин асос даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ афзуд. Вобаста ба ин қисми хароҷоти буҷети ноҳия тадриҷан зиёд гардид. Агар дар соли 2000 қисми хароҷоти буҷети ноҳия 1,3 миллион сомониро ташкил карда бошад, он дар соли 2022 ба 176,5 миллион сомонӣ баробар гардид. Ғанӣ гардидани буҷети ноҳия имконият дод, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншооти муҳими давлатӣ тадриҷан зиёд гардад. Дар ноҳия маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ се баробар афзуд. Дар натиҷа чандин биноҳои иловагӣ, синфхонаҳои нав, беморхонаву марказҳои саломатӣ, шуъбаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ноҳия ба рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Тӯли солҳои 2000‐2022 дар ноҳия 136 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуданд, ки онҳо барои диверсификатсияи истеҳсолоти саноати ноҳия замина гузошта истодаанд. Тайи солҳои истиқлолият бинобар пурра истифода гардидани иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ зиёд шуд ва он соли 2022 нисбат ба соли 2000‐ум 4 маротиба афзоиш ёфт. Рушди инфрасохтори нақлиёт омили муҳими пешрафти иқтисодиёти ноҳия мебошад. Дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ давоми ин солҳо 20 ширкат бо шаклҳои гуногуни моликият фаъолият карда, талаботи муштариёнро қонеъ гардонида истодаанд. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти ноҳия маҳсуб меёбад.

 Давоми солҳои истиқлолият пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон меҳнати шоиста намуданд. Дар маҷмўъ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд. Дар соли 2022 дар корхонаҳои парандапарварии ноҳия саршумори паранда ба зиёда аз 2,9 миллион сар расонида шуда, ба миқдори 7 ҳазор тонна гӯшти парҳезии мурғ ва аз ҷониби хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба миқдори 201,9 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 174 гармхона таъсис дода шудаанд, ки масоҳати умумии онҳо 17 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади саривақт таъмин намудани заминҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, маблағҳои зарурӣ пайваста равона мегарданд.

Давоми нӯҳ моҳи соли 2022 аз ҳисоби буҷети ноҳия ба соҳаҳои маориф 96,6 миллион сомонӣ, тандурустӣ 45,4 миллион сомонӣ ва ба соҳаи фарҳанг ва варзиш 2,8 миллион сомонӣ равона гардиданд. Шоёни зикр аст, ки раванди пешравӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, адабиву фарҳангии ноҳия аз боварию эътимод, меҳру самимият ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин диёр ва мардуми меҳнатқирини он шаҳодат медиҳад. Агар ба солномаи таърих нигарем, давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ панҷоҳ навбат ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар кушодашавии иншоот ва чорабиниҳои таърихиву фарҳангӣ иштирок намудаанд, ки чунин муҳаббат, садоқат ба як гӯшаи ин диёри биҳиштосо боиси ифтихор ва саодати бепоён мебошад.

Имрӯз мардуми хушиқболи кишвар аз ҳавои истиқлоли комил нафаси озод мекашанд, ободию шукуфоии Ватан ва беҳбудии рӯзгори хешро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, шукри айёми осоиштаву обод мекунанд. Ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идомаи пайгиронаи сиёсати Сарвари мамлакат мебошад, ки он дар ободкорию созандагии шаҳру навоҳии вилоятамон таҷассуми воқеии худро ёфтааст.

Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми ноҳия бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлол ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо илҳоми тоза аз ҷашни бузурги таърихӣ 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ноҳия мизбони ин чорабинии бошукӯҳ буд, ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Зафарбек ДАВЛАТЗОДА,

раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh