ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲҲОИ ОРДБАРОРӢ – ЗАХИРА ВА ВОРИДОТИ ГАНДУМ
- Details
- Published on Tuesday, 29 November 2022 09:02
Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Саноатчиёни вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, давоми моҳҳои январ октябри соли 2022 баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар, барқарор кардани иқтидорҳои бозистода, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешида, дар натиҷа 142 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2743 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ, маъдан ва хўрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода алҳол дар вилоят 789 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, баҳри таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифату рақобатпазир чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соли равон дар вилоят 231 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки давоми моҳҳои январ октябри соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 19,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 120 фоиз баробар гардид. Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки дар давоми даҳ моҳи соли 2022 саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 57,2 фоиз баробар гардад. Таъминоти аҳолии кишвар, алалхусус вилоят бо маҳсулоти саноатии гуногун ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ имконият медиҳад, ки иқтисодиёти сокинон беҳ гардида, соҳаҳои мухталифи кишвар рушд ёбад. Имрӯзҳо дар коргоҳҳои саноатӣ маҳсулоти мухталиф истеҳсол мегарданд, ки барои зиндагии рӯзмарраи аҳолии кишвар зарур ва муҳим аст, аз ҷумла яке аз маҳсулоте, ки сокинон ба он бештар ниёз доранд ин гандум ва орд мебошад. Бинобар он таъсис ва фаъолияти хуби коргоҳҳои ордбарорӣ барои вилоят хеле муҳим аст.
‐Таъминот бо орд ва захираи кофии гандум имкон медиҳад, ки нархи он дар бозор ва нуқтаҳои фурӯш дастрасу арзон бошад. Алҳол дар қаламрави вилоят 18 корхонаи истеҳсоли орд фаъолият доранд, ки бештари он дар шаҳру навоҳии Бўстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен фаъолият доранд. Аз ҷониби корхонаҳои ордбарории вилоят давоми даҳ моҳи соли равон 205,3 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст. Ба санаи якуми ноябри соли равон дар анбори корхонаҳои ордбарорӣ зиёда аз 7,5 ҳазор тонна орди тайёр мавҷуд буда, 26,2 ҳазор тонна гандум захира шудааст. Боиси таъкид аст, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди 300 ҳазор тонна гандум шартнома имзо шуда, бо роҳи оҳан тариқи вагонҳо воридот шуда истодааст. Дар маҷмуъ дар давоми даҳ моҳи соли равон 671,7 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ‐гуфт Озифхон Шарифзода.
Яке аз коргоҳи ордбарорие, ки фаъолияти назаррас дорад ҶДММ “Орди Фатир” аст. Бино ба маълумоти сармуҳосиби корхона Равшанҷон Мӯъминов 200 нафар бо ҷойи кории доимӣ ва маоши баланд таъмин буда, ба ҷуз орд боз истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, сабӯс ва гандуммайда ба роҳ монда шудааст.
‐Корхонаи ордбарории “Орди Фатир” ҳанӯз соли 2011 таъсис ёфта, истеҳсоли якчанд навъи орд, аз ҷумла навъи олӣ, якум, орди навъи махсус барои нуқтаҳои нонпазиро ба роҳ мондааст. Нархҳои орд низ аз рӯи навъҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, масалан нархи орди навъи олӣ 285 сомонӣ (50 килограмм), навъи якум 275 сомонӣ (50 килограмм), навъи дуюм (45 килограмм) 235 сомонӣ мебошад. Орд дар халтаҳои ғунҷоишаш 5,10,25 ва 50 килограмма ҷой дода шудааст, ‐гуфт Равшанҷон Мӯъминов.
Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки алҳол дар коргоҳ 10 – 12 ҳазор тонна захираи орд ва 9 – 8 ҳазор тонна захираи гандум мавҷуд аст. Ба коргоҳ гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, тариқи таҷҳизоту дастгоҳҳои махсуси замонавӣ коркард карда мешавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки корхона иқтидор ва имконият дорад содироти ордро низ ба роҳ монда, ба ин васила фаъолияти худро васеътар сохта, шумораи кормандонро зиёд намояд.
‐Нархи орд нисбат ба чанд моҳи охир арзон шудааст, зеро бинобар ба эътидол омадани қурби асъор гандум низ бо нархи арзон дастрас гардида истодааст. Ҳоло мо ба ҷуз нуқтаҳои фурӯш, мағоза ва бозорҳои вилоят тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ бо орди баландсифат таъмин карда истодаем. Дар ҳолати аз тарафи мақомотҳои дахлдор дастрас ва иҷозат барои содироти ордро гирифтан, ният дорем содироти онро берун аз кишвар ба роҳ монем, зеро қувваи корӣ, иқтидор ва шароити истеҳсол ва коркарди гандуму ордро дорем, ‐гуфт номбурда.
Дар давоми даҳ моҳи соли равон ба ҷуз коргоҳи мазкур боз чанд коргоҳи ордбарорӣ, аз ҷумла ҶДММ “Аркаим”, ҶДММ “Хубҷамъ Инвест”, ҶДММ “Аҷр”, ҶДММ “Азимов А”, ҶДММ “Сомон кишоварз” ва ҶДММ “Ҳоҷӣ Юсуф” фаъолияти хуби корӣ доранд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳар рўзи шанбе дар шаҳрҳои саноатии вилоят ярмарка фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда истодааст. Дар ярмарка сокинон имконият доранд ба ҷуз маҳсулоти кишоварзиву қаннодӣ маҳсулоти ордӣ ва ордро бо нархҳои нисбатан аз бозор арзон дастрас кунанд, ин амал низ харидоронро рӯҳбаланд сохта, барои корхонаҳои ордбарорӣ ва фурӯшандагон низ манфиатовар аст.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»