Ташрифи соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди ФР ба вилояти Суғд
- Details
- Published on Thursday, 02 March 2023 17:16
Бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату савдо ва кишоварзӣ гуруҳи калони соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди Федератсияи Россия ба вилояти Суғд ташриф овард.
Бояд гуфт, ки ташрифи ҳайати меҳмонон натиҷаи сафари кории роҳбарияти вилояти Суғд ба вилояти Нижегород мебошад, ки даҳаи аввали моҳи феврал ба вуқуъ пайваста буд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҳамкории мутақобила ва судманди тарафҳо ба роҳ монда шуда, амалисозии лоиҳаҳои хурду бузург дар назар дошта шудааст.
Ҳайати меҳмононро бо роҳбарии Артем Баранов, муовини вазири саноат, савдо ва соҳибкории вилояти Нижегород Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории мутақобила мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин миёни минтақаҳои ду кишвар дар бахшҳои гуногун ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки дар вилоят ба рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, молу маҳсулоти истеҳсолкунандагон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия содирот карда мешавад.
Артем Баранов дар навбати худ барои қабули гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки сафари соҳибкорони вилояти Нижегород баҳри густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъкид карда шуд, ки дар вилояти Нижегород саноати мошинсозӣ, саноати сабук ва коркард хело рушд карда, соҳибкорони рус омодаанд бо соҳибкорони тоҷик якҷо лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намоянд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, барои ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, истеҳсоли техникаҳои коммуналӣ, саноати сабук, коркарди пашм, истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ омода аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд