КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК БАҲРИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
- Details
- Published on Monday, 06 March 2023 08:34
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, дар иртибот ба рушди минбаъдаи иқтисодии мамлакат истифодаи самараноки канданиҳои зеризаминии кишварро аз муҳимтарин омилҳо маҳсуб дониста, истихроҷ ва коркарди ниҳоии онҳоро чун талаботи рӯз арзёбӣ карданд. ‐Саридораи геология,‐таъкид карданд Сарвари давлат,‐бояд корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳои ашёи минералӣ, инчунин назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад. Ҳамин нуктаро Пешвои миллат ҳанӯз санаи 9‐уми декабри соли 2011 дар мулоқот бо кормандони соҳа таъкид карда буданд.
Тоҷикистонро чун мамлакати соҳибганҷу биҳишти рӯйи замин бо мисолҳои мушаххас шарҳ дода, аз мутахассисони соҳа даъват ба амал оварда, дар ин самт такя ба технологияи пешқадам, воридсозии таҷҳизоти куллан муосирро дархост доштанд. Ва чанде қабл бошад, дар мулоқоти сарони кишварҳои Русия ва Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Остона доир шуд, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба густариш бахшидани ҳамкориҳои тарафайн дар ин самти муҳим ишора карданд. Мусаллам аст, ки танҳо бо воридсозии технологияҳои пешқадам истихроҷ ва коркарди он дар шароити кишвар имконпазир аст.
Дар татбиқи амалишавии ин марому мақсад сохторҳои геологӣ аз ҷумла, Экспедитсияҳои геологӣ, саҳми муносиб мегузоранд. Корхонаи воҳидии «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» воқеъ дар шаҳри Гулистон яке аз чунин бахшҳост, ки ҷиҳати амалишавии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ медиҳад. Ин ниҳоди соҳавӣ фаъолияти худро мувофиқи нақшаи пешбининамудаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда, нисбат ба солҳои қаблӣ ба муваффақият бештар ноил гардид.
‐Дар давраи фаъолият мо таваҷҷуҳи асосии худро қабл аз ҳама, ба он равона кардем, ки,‐гуфт директори Корхонаи воҳидии “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” Аъзам Мустафоқулов, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалагузорӣ намудаанд.
Масалан: дар корҳои ҷустуҷӯи умумӣ ва дақиқи маъдани тилло дар майдони мавзеи Ошобаи ноҳияи Ашт ва дар канораҳо ва жарфи зуҳуроти оҳани Пурасрор, дар самти корҳои гидрогеологӣ ва муҳандисӣ бошад ба ҷустуҷӯйи обҳои зеризаминӣ барои иншоотҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоӣ, умури давлатии мушоҳида аз рӯйи равандҳои хатарноки экзогенӣ‐геологӣ дар шимоли Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025 барои бо об таъмин намудан равона гардид. Дар давоми фаъолият пешбурди кадастри давлатии об дар ҳавзаи дарёҳои Сир ва Зарафшонро барои солҳои 2022‐2025 низ дар мадди назар қарор додем.
Инчунин, ба ғайр аз иншооти дар боло зикршудае, ки аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, экспедитсия бо дигар корхонаҳо («Фармоишгарон») низ дар асоси шартнома ҳамкорӣ намуда, дар соли 2022 корҳои дар нақша доштаро ба иҷро расонид. Аз ҷумла, парма намудани чоҳҳои ҷустуҷўӣ ва иктишофӣ‐истифодавӣ барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ, тадқиқоти чоҳҳо, барои корҳои истеҳсолӣ тартиб додани маводҳои лоиҳавӣ ва сметавӣ, тадқиқотҳои саҳроӣ ва коркарди маводҳои камералии онҳо, таҳияи лоиҳаҳо ва ҳисоботи геологӣ оид ба ашёи маъданӣ, ғайримаъданиро низ ба сомон расонидем.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Шўрои илмию техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мутахассисони экспедитсия 2 лоиҳаи иншооти “Иктишофи қаблии зуҳуроти омехтаи регу шағали Шайдон”, “Иктишофи қаблии кони оҳаксангҳои Сабурӣ” ва 7 ҳисобот оид ба “Иктишофи қаблии кони андезитҳои Чоруқдаррон”, “Иктишофи қаблии кони омехтаи регу шағали Руди Истиқлол”, «Афзоиши захираҳои қитъаи шимолу шарқии кони сурбу руҳи Зарнисори Шимолӣ байни хатҳои иктишофии XIII‐XXVI (мувофиқи рақамгузории нав 16‐76)», “Иктишофи қаблии кони омехтаи регу шағали Пўлодон”, “Иктишофи қаблии зуҳуроти оҳаксангҳои Далён”, “Иктишофи қаблии кони оҳаксанги Нури Истиқлол” ва “Иктишофи қаблии кони омехтаи регу шағали Шайдон” ҳимоя карда шуд.
‐Солҳои охир мутахассисони соҳа оид ба дурнамои хуби кони тиллои мавзеи Ошобаи ноҳияи Ашт бисёр мегӯянд. Дар ин самт чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?
‐Аз рўи маълумот ва натиҷаҳои омўзиш маълум мегардад, ки қитъаи мазкур воқеан ҳам бо он нишонаҳои тахассусии иктишофӣ дурнамои хуберо дорост ва ҳоло мавзеи гузоштани пармаҷойҳо муайян шудаанд. Ҳануз соли 2012 дар майдони Ошоба корҳои ҷустуҷўии умумӣ ва дақиқи тилло оғоз шуда, то ҳол идома дорад. Майдони Ошоба ба ду қисм қисми шимолӣ ва қисми ҷанубӣ ҷудо карда шудааст.
Қисми ҷанубии майдони Ошоба бошад, ба панҷ қитъаҳои хурд ҷудо карда шудааст: Шивар, Шивари Шимолӣ, Гандумак, Гандумаки Ғарбӣ ва Ғарвон мебошад. Ҳамаи қитъаҳои номбаршуда ба ҳамдигар ҳамсоя буда, як пастхамии фурўрафтаи тектоникӣ‐вулқониро ишғол кардаанд, ки ҷойгиршавӣ, сохти геологӣ ва сатҳи маъданнокшавии онҳо барои дарёфт намудани кони оянданоки тилло муфид арзёбӣ шудааст. Қитъаи Ғарвон дар қисми ҷанубии майдони ҷудокардашуда ҷойгир мебошад, ки дар он асосан солҳои 2016‐2018 корҳои ҷустуҷўӣ ба иҷро расонида шудааст. Қитъаи Ғарвон дар натиҷаи корҳои бадастомада ба қатори қитъаҳои оянданоки иншооти Ошоба дохил шуда, соли равон дар он се пармачоҳ ва дигар корҳо ба сомон расиданд. Дар иншооти мазкур дар давоми соли равон сохтмони роҳ ва майдончаҳои пармагарӣ бо истифодаи булдозери тамғаи Т‐130 барои тозакунии ҷинсҳои кўҳии категорияи IVVва бо истифодаи маводҳои тарканда дар категорияи XVIII анҷом дода шудаанд, ки ҷиҳати истихроҷи маъдани тилло бояд самари мусбӣ диҳанд.
Дар асоси лоиҳаи «Умури давлатӣ оид ба мушоҳидаҳои равандҳои хатарноки экзогенӣгеологӣ дар ҳудуди вилояти Суғд барои солҳои 2021‐2025» дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14 деҳа, шаҳри Панҷакент 9 деҳа, ноҳияи Айнӣ 10 деҳа, ноҳияи Ашт 3 деҳа, дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳрҳои Конибодому Гулистон 1 деҳагӣ ва шаҳри Исфара 2 деҳа тадқиқотҳои визуалии муҳандисӣ‐геологӣ гузаронида шудааст. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” дар шароити феълии низоми бозоргонӣ ба анҷом расондани корҳо тариқи шартнома аст, ки соли равон ҷомеаи меҳнатӣ дар ин ҷода муваффақ ҳам буд. Аз ҷумла, бо Ширкати кӯҳӣсаноатии Тоҷикистону Хитой тибқи лоиҳаи тасдиқшудаи «Иктишофи дақиқи қисми шимолу шарқии кони Зарнисори Шимолӣ» дар соли равон корҳо, аз қабили ҳуҷҷатгузории муҳандисӣгеологии нақбҳои зеризаминӣ 3272 метри тӯлонӣ, пармакунии пармачоҳи зеризаминӣ – 976.8м, ҳуҷҷатгузории пармачоҳ – 976.8м, гирифтани маҳакҳои коркарди маҳакҳои ҷўякӣ ва мағзавӣ – 306 маҳак, таҳлили ҷазбӣатомӣ –306 таҳлил тариқи шартномавӣ иҷро гардид. Соли гузашта бо дастгирии бахши гидрогеологии экспедитсия дар мавзеъҳои шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Ашту Мастчоҳ чоҳҳои амудӣ кофта, дар обёрии зироати кишоварзон дасти мадад расониданд.
‐Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр доштанд, дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад,‐мегӯяд Аъзам Мустафоқулов, сардори Экспедитсияи Қайроққум.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»