ИСТИХРОҶИ АНГИШТ ВА ТАЪМИНОТИ СОҲА
- Details
- Published on Tuesday, 19 September 2023 14:10
«Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатчиёни вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат, таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд меандешанд. Дар натиҷа давоми ҳашт моҳи соли 2023 дар вилоят 198 корхонаи нави саноатӣ бо 1961 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.
Зиёд шудани корхонаҳои навтаъсис асосан аз ҳисоби гузариш аз соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои ҳуқуқӣ ва гузоштани хатҳои нави технологӣ дар корхонаҳои саноатии фаъолияткунанда ба амал омадааст. Дар маҷмуъ дар соҳаи саноат 1038 корхона фаъолият доранд, ки аз он 37 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Дар моҳҳои январ – августи соли 2023 – юм 709 корхона нисбат ба моҳҳои январ – июли соли гузашта сатҳи истеҳсолиро баланд бардошта, 181 корхона сатҳи истеҳсолиро паст намуданд. Соҳибкорону саноатчиёни вилоят баробари истеҳсоли маҳсулоти гуногуни рақобатноку воридотивазкунанда, аз ҷумла, сохтмонӣ, хӯрокворӣ, либосворӣ, маишӣ, кишоварзӣ ва амсоли ин дар самти истеҳсоли маъдану консентрат ва ангишт низ мавқеи асосиро ишғол кардаанд. Дар ин замина аз 230 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ – августи соли равон истеҳсоли 141 номгӯй афзуда, 78 номгӯй кам ва 11 номгӯй истеҳсол нагардидааст.
Имрӯз дар вилоят корхонаҳои азиму миёна ва хурди гуногун мавҷуд аст, ки талаботи сокинонро ба пуррагӣ таъмин карда истодаанд. Аз ҷумла, дар самти истихроҷи ангишт низ ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд.
Бино ба маълумоти мавҷуда дар қаламрави вилоят истихроҷ ва истеҳсоли ангишти санг ва ангишти бур ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар корхонаҳои саноатӣ ангишти санг дар маҷмӯъ, 825839,89 тонна истихроҷ гардидаанд, аз ҷумла, дар корхонаҳои ҶДММ “Дион Ангишти Тоҷикистон” дар шаҳри Панҷакент 14058 тонна, ҶДММ “Қудрат ‐ 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 101370 тонна, ҳамчунин се корхонаи азим дар ноҳияи Айнӣ КФ Шахта “Фон Яғноб” 322296,4 тонна, ҶДММ “Талко ресурс” 59615,5 тонна ва ВМ ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик” 328500 тонна ангишти санг истихроҷ кардаанд. Истеҳсоли ангишти бур дар давоми ҳашт моҳи соли равон ба 99279 тонна баробар гардидааст, ки дар ин самт бештар ду корхона саҳми назаррас доранд, ки дар давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти худро бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст кардаанд, аз ҷумла истеҳсоли ангишт дар ҶСК “Ангишт” – и шаҳри Исфара 92495 тонна ва ВМ ҶДММ “Сиёвуш ‐ Ф” дар шаҳри Панҷакент 6784 тонна баробар шудааст.
Ҷоиз ба қайд аст, ки ноҳияи Айнӣ дар самти истихроҷи ангишт нақши муассир дорад, зеро имрӯз корхонаҳои азими ангишт имконияти таъминоти дохили вилояту ҷумҳурӣ ва ҳам содиротиро доранд. Алҳол дар ноҳия 13 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо истеҳсоли маҳсулот ва ашёи гуногун, амсоли истихроҷи ангишт, симоб, металли сурмаи симоб, хишту семент, обҳои ташнашикан ва шарбати мева, коргоҳҳои дўзандагӣ ва амсоли ин фаъолият мебаранд.
‐ Дар ноҳияи Айнӣ 13 корхонаи саноатии хурду калон мавҷуд аст, ки маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои мазкур харидорони худро натанҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз кишвар низ пайдо кардаанд. Истихроҷи ангишт дар ноҳия ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳамасола талаботи сокинони кишварро ба таври зарурӣ таъмин мекунанд. Корхонаҳои ҶДММ “Талко ресурс” ва ҶДММ “Комбинати металлургии тоҷик” давоми ҳафт моҳи соли равон дар маҷмуъ 388115,5 тонна ангишт истихроҷ кардааст. Корхонаҳои мазкур ба ҷуз таъминоти дохилии вилоят инчунин, берун аз ҷумҳурӣ, яъне ба содирот равона мешаванд. Мувофиқи нақша истихроҷи ангишт беш аз як миллион тоннаро дарбар мегирад. Метавон гуфт, ки 90 фоизи буҷети ноҳия аз корхонаҳои мазкур вобаста аст, истихроҷи ангишт бошад 40 – 50 фоизро дарбар мегирад. Саҳми корхонаҳои мазкур дар қисми даромади буҷет ва таъминоти аҳолӣ бо ҷойи корӣ хеле калон аст, ‐ гуфт муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ Сӯҳроб Раҳматзода.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар байни 17 корхонаи истихроҷе, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд корхонаи КФ Шахта “Фон Яғноб” дар ҷумҳурӣ яке аз корхонаҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, зеро 50 – 60 фисади ангишти ҷумҳуриро таъмин мекунад.
‐ Соли равон истихроҷи ангишт дар корхонаҳои саноатии ноҳия, аз КФ Шахта “Фон Яғноб” нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ кам истихроҷ шудааст. Сабаби асосии кам шудани истихроҷи ангишт гузаронидани корҳои таъмирӣ ‐ зеризаминӣ ва ворид кардани техникаву технологияи муосир мебошад. Дар ҳолати ба анҷом расидани корҳои мазкур истихроҷи ангиштро низ ба таври зарурӣ ба роҳ хоҳанд монд. Ҳамчунин, кам истихроҷ шудани ангишт дар корхонаи ҶДММ “Талко ресурс” низ ба назар мерасад, зеро иҷозатномаи корхона ба итмом расидааст, ‐ гуфт Сӯҳроб Раҳматзода.
Боиси таъкид аст, ки ширкатҳое, ки бо истихроҷи ангишт машғул ҳастанд, таъминоти ангиштро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд, аз ҷумла, Ширкати алюминии тоҷик, Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Сементи тоҷик”, Шабакаи барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”, ҶДММ “Суғд семент”, ҶДММ “Тоҷ семент” ‐ и шаҳри Хуҷанд ва ба ин монанд корхонаҳои бузургро таъмин мекунанд.
Дар корхонаҳои саноатии истихроҷ ангишт баробари таъмини бозори дохилӣ ба содирот низ равона шудааст. Дар давоми ҳашт моҳи соли равон 59394,5 тонна ангишт ба маблағи 1179,9 ҳазор доллар содирот шудааст.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корхонаи саноатии ҶДММ “Қудрат ‐ 2010” бо истихроҷи ангишт фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Корхонаи мазкур соли 2010 таъсис ёфта, алҳол 33 нафар корманд фаъолият бурда истодаанд, ки музди маоши миёнаи онҳо 2865 сомониро ташкил медиҳад.
‐ Истихроҷи ангишти корхона аз соли 2016 оғоз шудааст. Алҳол 11 техникаи кӯҳӣ ва 4 техникаи хизматӣ баҳри истихроҷи ангишт равона гардидааст. Ҳоло кормандони корхона аз китъаи Ғузн ангишт дастрас карда истодаанд. Дар давоми ҳашт моҳи соли равон 101 ҳазору 370 тонна ангишт истихроҷ шудааст. Нақшаи солонаи корхона 140 ҳазор тонна аст ва кормандон кӯшиш мекунанд, ки нақшаи гузошташударо барзиёд иҷро кунанд, ‐ гуфт сармуҳандиси корхона Нуриддин Тӯраев.
Ҷоиз ба қайд аст, ки истеҳсоли маҳсулоти корхона асосан ба содирот нигаронида шудааст. Содироти ангишт асосан ба давлатҳои Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин корхона эҳтиёҷи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи қаламрави ҷумҳуриро таъмин мекунанд.
‐ Барои дастрасии аҳолӣ ба ангишти корхона ҳамасола ярмарка дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва тобеи марказ гузаронида мешавад. Алҳол ярмаркаи якум дар ВМКБ баргузор гардида истодааст. Ярмарка имконият медиҳад, ки шартномаҳои нав ба имзо расида, харидорон бештар гарданд. Амали мазкур баҳри пешравии иқтисодиёти корхона ва афзудани ҷойҳои нави корӣ замина хоҳад гузошт, зеро вақте талабот зиёд мешавад, ҷойҳои нави корӣ низ таъсис меёбанд, ‐ гуфт Нуриддин Тӯраев.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”