Мулоқот бо директори иҷроияи корхонаи «Vast Resources PLC» Ричард Эндрю Прили

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори иҷроияи корхонаи «Vast Resources PLC» Ричард Эндрю Прили ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаи ҳамкории мутақобила дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои куҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Зимни муаррифии имкониятҳои вилоят роҳбари вилоят изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд барои рушду тараққиёти тамоми бахшҳои хоҷагии халқ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.  

Дар вилоят бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола садҳо корхонаи саноатӣ фаъол гардонида мешавад. 

Тавре маълумот дода шуд, корхонаи «Vast Resources PLC» аосан дар самти истихроҷ ва коркарди маъдан фаъолияти босамари худро ба роҳ монда, дар аксар давлатҳои хориҷӣ намояндагии худро дорад.

Ричард Эндрю Прили ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳо, алалхусус дар корхонаи «Апрелевка» баён дошт. Зимнан таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкорӣ дар ояндаи наздик бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи «Апрелевка» ба нақша гирифта шудааст. 

Корхонаи «Апрелевка» аз зумраи корхонаҳои бузурги вилоят ба шумор рафта, соли 1995 дар заминаи кони маъдани истихроҷи тиллои Қайроққум таъсис дода шудааст. Маъдан бо тарзи кушод истихроҷ гардида, зимни коркарди он тиллову нуқра истеҳсол мешавад.  

Ширкати мазкур бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир имкон дорад то ду - се баробар иқтидори истеҳсолии корхонаро боло бардорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh