Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- Published on Monday, 17 June 2024 19:43
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турехонов мулоқот намуд.
Валихон Турехонов бо ҳамроҳии муовини якуми раиси шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Ҷонибҳо аснои мулоқот таъкид карданд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо муносибатҳои дӯстона рушд ёфта, мубодилаи молу маҳсулот сол аз сол зиёд гардида истодааст.
Раиси вилоят изҳор дошт, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, фарҳангу тиб густариш бахшад.
Иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон омодаанд, ки дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди корхонаи муштарак сармоягузорӣ намоянд. Ҳамчунин, ба азхудкунии заминҳои бекорхобида ва таъсиси боғҳои интенсивӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Сафири Қазоқистон бо хушнудӣ аз истиқболи самимӣ изҳор дошт, ки доираҳои тиҷоратии ду тараф метавонанд аз чунин намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ истифода намоянд.
Ҷонибҳо ҳамзамон ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қазоқистонро ба манфиати ҳарду тараф арзёбӣ карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд