Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ду кишвари дӯст дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг ҳамкории зич доранд.

Раиси вилоят илова намуд, ки дар вилояти Суғд имкониятҳо фаровон буда, бо ҷалби сармоя метавон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро боз ҳам мустаҳкам намуд.

Тарафҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ ва татбиқи тарҳҳои нав иброз доштанд. Гуфта шуд, ки барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» гуруҳи калони намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россия ба шаҳри Хуҷанд ташриф овардааст. Умед аст, ки бо баррасии тарҳҳои муштарак ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ шартномаҳои навро ба имзо расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh