Пешрафт дар тамоми соҳот
- Details
- Published on Wednesday, 31 July 2024 08:08
Дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар барои ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
–Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов айни замон 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо 3 миллиону 997,7 ҳазор доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст,–гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода.
Алҳол 60 адад корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки 946 нафар сокини ноҳия бо ҷои кор таъминанд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,3 фоиз зиёд шудааст.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Кишоварзони ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулотро ба 106,6 фоиз расониданд, ки ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад. Кишти зироати пахта низ аз порсола 332 гектар зиёд аст.
Дар ноҳия бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 465 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба маблағи 72 миллиону 404 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 56 фоизи нақша иҷро гардидааст.
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 108,6 фоиз таъмин гардид.
Бунёду навсозии иншооти соҳаи маориф бо суръати баланд идома дошта, сол аз сол сатҳи донишомӯзии хонандагон беҳтар мегардад. Хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи ноҳияро ҳимоя менамоянд.
Ҳифзи сиҳатии омма аз ҷабҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҷиҳати пешрафти он дар соҳа тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, дастовардҳои онҳо дар самти варзиш низ назаррас аст. Ҷиҳати риояи қонуни кишвар «Дар бораи танзими ҷашну маросим» корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.
Аз тарафи шӯъбаи ВКД дар ноҳия 137 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 адад кам аст.
Дар итмоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба саволҳои худ посухҳои аниқу дақиқ ба даст оварданд.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»