Воридоти электромобил бамаротиб афзудааст

Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад.

Эмомалӣ  Раҳмон

Тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо дар кишвар теъдоди электроавтомобилҳое, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, босуръат меафзояд. Тибқи иттилои сардори шуъбаи таҳлил ва омори гумрукии Раёсати гумрук дар вилояти Суғд Сулаймон Хоҷаев дар давоми нӯҳ моҳи соли 2024 – ум ба вилоят 1539 электромобил ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2023 ҳамагӣ 360 ададро ташкил карда буд. Дар маҷмўъ, аз оғози соли 2024 то имрӯз ба вилоят беш аз 15 519 адад ҳама намуди воситаи нақлиёт ворид шудааст. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки теъдоди воридоти нақлиёти электромобил дар давоми як сол бамаротиб афзудааст.

Воридоти нақлиёт асосан аз кишвари Чин сурат гирифта, соҳибкорон бидуни мушкилот онро ба фурӯш баровардаанд. Имрӯз дар бозори нақлиёт шумораи харидорони ин намуд тамғаи нақлиёт зиёд шудааст. Дар навбати худ соҳибкорон кӯшиш карда истодаанд, ки намудҳои гуногуни электромобилро ба сокинон пешниҳод кунанд. Ин навбат барои гирифтани маълумот ба бозори нақлиёт равон шудем. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар воқеъ шумораи электромобил зиёд шудааст. Ҳар як фурӯшанда - соҳибкор дар бораи хусусиятҳои хоси нақлиёти электромобил ба харидорон маънидод ва ҳатто тарзи истифодабарии онро нишон медоданд.   

- Вақте бори аввал электромобил дар кӯчаҳои шаҳр пайдо шуд аксарият бо шубҳа ба он менигаристанд, зеро барои ронандагон ва мусофирон он чизи нав буд. Дар мавриди харидани электромобил сокинон шубҳа доштанд ва бо суолҳои мухталиф ба мо муроҷиат мекарданд, ки оё ин намуд нақлиёт ба талабот ҷавобгӯ аст ё не. Ростӣ, вақте дақиқ назар мекунем дар аксар мамолики ҷаҳон ин намуд нақлиёт васеъ истифода бурда мешавад, зеро камхарҷ ва зоҳиран зебо аст. Нархи он вобаста ба соли барориш ва намуди зоҳириаш фарқ мекунад. Ҳоло харидорони ин намуд нақлиёт бамаротиб афзудааст, - гуфт фурӯшандаи нақлиёти электромобил Абдурауф Рауфзода.

Ҳамчунин мавсуф доир ба сифати электромобил ва афзалияти он аз дигар нақлиёт изҳор дошт, ки афзалияти воситаҳои электромобил пеш аз ҳама гирифтани тарҳи нав, дараҷаи баланди зеҳн, сатҳи баландтарини рондани автоматикӣ метавонад ба L4 расад, Discer-и тозаи барқ, мотории синхати баландсифат ё сифати моликхории стандартӣ, сифати мӯътадил, самаранокии комил, манбаи барқ навъи батареяи боэътимод ва мӯътадили оҳанин мебошад. Нақлиёти барқӣ, саёҳати аз ҷиҳати экологӣ тоза, сабз, сарфаи бехатар ва энергетикиро таъмин мекунад. Алҳол ба вилояти Суғд тамғаҳои гуногуни электромобил аз ҷумла, AITO, AVATR, BYD, Evolute, Hongqi, Lotus, Lixiang, ZEEKR – X, Tesla ва амсоли ин ба фурӯш гузошта шудааст. 

Чанд нафар ронандагони электромобил зимни суҳбат иброз доштанд, ки истифодаи ин намуди нақлиёт аз нақлиёти тариқи сӯзишворӣ ҳаракаткунанда бартарӣ дорад ва барои мусофиркашонӣ қулай мебошад.

- Панҷ сол инҷониб дар самти хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ фаъолият бурда истодаам. Тӯли панҷ сол бо нақлиёти тамғаи “Оpel - Astra” мусофиронро ба макони лозима мерасонидам. Чанд дӯстонам маслиҳат доданд, ки нақлиёти барқии электромобилро дастрас кунам, зеро он барои мусофиркашонӣ қулай аст. Ростӣ, пас аз харидан ва истифодаи ин намуди нақлиёт пушаймон нестам, зеро дар ҳолати рондан овоз ва бӯйи ғализи  сӯзишворӣ надорад. Намуди зоҳириаш низ хеле зебо аст, - гуфт ронандаи таксӣ Сайфулло Амриддинов.

Ҳамчунин истифодабарандаи нақлиёти тамғаи мазкур Илҳом Мамадҷонов зимни суҳбат гуфт, ки аз харидани нақлиёти мазкур хушҳол аст, зеро фаъолияти кориаш тариқи роҳи Хуҷанд – Душанбе – Хуҷанд мебошад.

- Нақлиёти электромобил аз ҷиҳати истифода накардани сӯзишворӣ камхарҷ ва дастрас аст. Азбаски аксар вақт дар роҳ ҳастам маблағи сӯзишворӣ бароям гарон буд, вале баъди харидани электромобил маблағи сафар хеле арзон мешавад. Баробари ин вақте дар сари чанбараки нақлиёт мешинед роҳ кӯтоҳ ва ором паси сар мешавад, зеро он овози баланд надорад, - гуфт номбурда.

Дарвоқеъ, новобаста аз оне, ки нархи электромобил гарон аст, имрӯз талаботи сокинон афзудааст, шояд солҳои наздик аз зиёд будани талабот нарх низ арзон мешаваду сокинон бе мушкилӣ онро дастрас мекунанд.   

Масоили обу иқлим ва узви фаъоли СММ яке аз ҳадафҳои таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро маҳз дар гузариш ба нақлиёти барқӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии тағйирёбии иқлим арзёбӣ менамояд.

Барномаи мазкур, ки аз 9 боб иборат аст, дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021) баён гардиданд, таҳия шудааст.

Боиси қайд аст, ки тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз имкон медиҳанд, ки воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шуда, ба зиёд гардидани теъдоди ин намуди нақлиёт мусоидат намояд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh