Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии мардумии Чин

11 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии мардумии Чинро бо роҳбарии Ху Сяоян ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот роҳбари вилоят доир ба имкониятҳои мавҷуда дар вилояти Суғд маълумот дода, ҳавасмандии хешро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба сармогузорон изҳор дошт. Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст ва вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ метавонад бо шарикони хориҷӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монад. 

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони чинӣ ҳамкории хубу густурда дошта, айни замон лоиҳаҳои гуногунро дар вилоят амалӣ намуда истодаанд.

Ху Сяоян иброз дошт, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавлиди «энергияи сабз» таҷрибаи калон доранд ва дар ин самт метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд. Ба таъкиди сармоягузорони чинӣ ширкати онҳо бо истифода аз фановариҳои замони муосир аз боду офтоб ва коркарди партовҳо нерӯи барқ истеҳсол менамояд ва ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.

Пас аз мубодилаи афкор ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки масъалаи истеҳсоли нерӯи барқ бо коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Меҳмонон бо вазъи мавҷуда шинос мегарданд ва дар оянда ҳамкорӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh