Кохи нури Тоҷикистон “Роғун” аст
- Details
- Published on Monday, 02 December 2024 15:43
Суннату армонҳои миллиамонро эҳё созем ва армонҳои халқамонро амалӣ гардонида, зиндагии озодонаи мардумамонро барпо намоем. Ва чунин як армони деринаи мардуми мо тавассути истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи бузургтарин иншооти аср – Нерӯгоҳи барқи обии Роғун борҳо шунидаю дидаю хонда будам. Медонистам, ки он пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш буда, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 500 мегаваттро ташкил медиҳад. Роғун лоиҳаест муҳташаму муқтадир ва муракабу нодир, ки назирашро дар ҷаҳон кам метавон пайдо кард.
Он рӯзи таърихиву нишотангез – 28-уми октябри соли 2024 ману ҳамсафарони суғдиам – мухбири рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» Фарангис Баҳодурзода, наворбардори ширкати телевизионии Симои мустақили 1-ум Насим Раҳимов озими пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе гардидем. Моро пагоҳии рӯзи дигар, яъне 29-уми октябри соли 2024 ҳамроҳонамон – гурӯҳи рӯзноманигорон аз манотиқи кишвар - Суғду Хатлону Бадахшону Душанбе интизор буданд. Баъди шиносоӣ ва бозгӯии мақсади сафар аз ҷониби Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода корвони журналистон ба самти Неругоҳи барқи обии Роғун роҳ пеш гирифт. Барои тавсифи манзараҳои зебои айёми тиллоӣ, табиати нотакрори кишвари азиз, зебоиҳои шаҳри Душанбе, ободкориҳо, бунёди иншооти замонавӣ ва дигар сохтмонҳои бузурги даврони истиқлол, ки бисёр гуфтаанду боз хоҳанд гуфт, қаламро мавқуф мегузорам ва андешаамро танҳо ба сафари Роғун равона месозам. Роғунро то кунун нахуст аз барномаҳои телевизионӣ ва баъдан аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидаам. Ҳаяҷону изтиробамро пас аз убури шаҳраки Файзобод ва расидан ба даромадгоҳи шаҳраки Роғун эҳсос кардам. Каме пештар, наздикии Ҷамоати шаҳраки Оби гарми шаҳраки Роғун нақлиёти мусофиркашонии рӯзноманигорон таваққуф намуд. Ҷои тамошобобе будааст ин мавзеъ. Аз баландӣ истода ба манзараҳои дилфиреби айёми зумрадгун менигаристему ба офаридгори он аҳсант мехондем.
Сарманзили Оби гарм мулки куҳан аст,
Гармобаи оби гарм дармони тан аст.
Шаҳраки Оби гарм тобеи шаҳри Роғун буда, дар 100 километри шарқи шаҳри Душанбе, дар канори чапи рӯди Элок (шохоби дарёи Вахш), дар баландии 1300 метр воқеъ гардидааст. Зиннатуллоҳ Исмоилзода дар бораи мардуми меҳнаткаши шаҳрак ва оби шифобахши ин мавзеъ нақли пурмазмун намуд. Маълум гардид, ки одамони касбу кори гуногун, ва, ҳатто, тифлону хурдсолону наврасони ин минтақа ҳамарӯза ҳатман тани худро бо оби шифобахш мушустаанд. Аз ин ҷиҳат дар ин мавзеъ сар задани бемориҳои гуногун хеле ва хеле кам дида мешавад. Хусусан барои мардуми ин маҳал бенаслӣ тамоман бегона будааст. Мардуми зиёде барои табобати ҳар гуна бемориҳо ба ин макони табобатӣ омада шифо меёфтаанд. Дар заминаи яке аз сарчашмаҳои оби минералии гарм истироҳатгоҳи «Оби гарм» таъсис ёфтааст, ки барои муолиҷаи бемориҳои гуногун шароити мусоиди иқлимӣ дорад.
Аё роғун, умеди зиндаи халқ
Солҳои охири мактабхонӣ ва аввали солҳои донишҷӯиям дар факултаи забон ва адибиёти Муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров замоне буд, ки хурду бузурги мардуми кишвар аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон дороиҳои худро дареғ надошта, саҳмияҳои Роғунро мехариданд, ки дар қаторашон падару модарам низ буданд. Он солҳо борҳо дар озмунҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст оварда будам ва ҳайати ҳакамон ба сифати туҳфа бароям саҳмияҳои Роғунро тақдим намуда, гуфта буданд: «Замоне мерасад, ки Тоҷикистон нурборон мешавад». Дар ҳақиқат, он солҳо барои мардуми тоҷик барқ бо меъёр, ба ибораи имрӯза бо лимит дода мешуд. Солҳои баъдӣ, вақте ҳамчун рӯзноманигор ба фаъолият шуруъ кардам, мехостам ба Роғун равам, сабабҳои норасоии барқро дар маҳалли зистамон бифаҳмам, бо бунёдкорони он аз наздик шинос шавам.
Ман Роғунро шаҳри зебою нурофар бо манзараҳои дилфиреб дар миёни кӯҳсор медонистам. Шаҳре, ки тавлидгари манбаи нур хоҳад буд. Шаҳре, ки ҳазорон – ҳазор чашмҳо дида медӯзанду ба ояндаи Тоҷикистони азиз бо умед менигаранд. Шаҳре, ки умедвориҳои зиёдеро дар қалбҳои мардум бедор мекунонад. Шаҳр дар идомаи доманаи ғарбии кӯҳҳои Помир, дар байни каторкӯҳҳои Дарвозу Қаротегин, дар соҳили рости рӯди Вахши пуртуғён ҷойгир аст. Роғун бо ноҳияҳои Балҷувону Нораки вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Нурободу Файзобод ҳамсарҳад мебошад.
Гарчанде Роғун дар оғӯши кӯҳистон ҷой гирифтааст, аммо ҷойи тамошобобу макони сайёҳист. Ёдгориҳои таърихии зиёде монанди Қалъаи Кофир, Қалъаи шаҳристони назди деҳаи Сариқамиш, Қалъаи Гули сурх, Қалъаи Васеъгиён, зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, ки дар баландии тахминан 1750 метр аз сатҳи баҳр дар дохили ҷангал ҷой гирифтааст, мақбараи Эшони Қиёмиддин, Эшони Абдураҳмонҷон, мазори Хоҷаи Дарвеш, хоҷаи Қалавур, Ҳазрати Фарҳод, Ҳазрати Шоҳ, Хоҷаи Бӯстон, Хоҷаи Ҳофиз, Хоҷаи Гулрез, мазори Сарчашма, Кӯҳи Яхдон, мавзеи Гули Сурх, Луғур, Марғзор, Дараи Хоҷхарф ва дигарон ҷойҳои тамошобоби Роғунанд. Болои кӯҳи Сангова кӯҳест, ки онро Акаҷонбой ном мебаранд. Аз рӯи ривоятҳо Акаҷонбой, ки молбонӣ мекард, боре ҳангоми чаро аз зери харсанги болои кӯҳ хазинаи тилло меёбад, ки дар нуқтаи баландтарини кӯҳи Оқтош мавҷуд аст. Хазинаи калони ганҷина марбут ба асрҳои 14-15 буда, тарҳи он то ҳанӯз боқист.
Дар бораи кӯҳи Яхдон бошад, ҳаминро бояд гуфт, ки он ба монанди нақб дар дохили кӯҳ аст, аммо зимистон гарм буда, макони паррандаҳост. Аҷоибот чунин аст, ки дар фасли тобистон ин мавзеъ чунон сард аст, ки ҳар қатра оби аз боло чакидаистода дар ҷояш ба ях табдил хоҳад ёфт. Дараи Хоҷхарф дар шафати ҷанубии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷойгир буда, имконияти фаровони фароғатию истироҳатӣ дорад барои меҳмононе, ки ба тамошои неругоҳ меоянд. Агар фурсату тавонии мусоид фароҳам ояд, дар бораи мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби Роғуншаҳр дар оянда хоҳем гуфт.
Аё эй кӯҳ, дастатро ба дастам деҳ….
«Роғун» сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!
Эмомалӣ Раҳмон
Шиносоии рӯзноманигорон бо директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Анвар Раҳмонов, сардори раёсати кадрҳои ҶСК НБО Роғун Сайдулло Абдулаҳадзода, мушовири директори генералӣ Саидқул Қурбонов, роҳбари гуруҳи сафарбаршудаи намояндаи фармоишгар Қурбонназар Давронов ва дигар масъулин хотирмон буд.
Лаҳзаҳое, ки мо бо пӯшидани либосҳои махсус барои рафтан ба самти асосӣ – коргоҳи сохтмончиён омодагӣ медидем, беихтиёр гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вирди забон омаданд: «…Ба бахти мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо – дарёҳои серобу захираҳои энергетикӣ дар сарзамини мо баръакси бисёр кишварҳои дигар худодод фароҳам омадааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати манбаъҳои захираи нерӯи барқ дар ҷаҳон дар ҷои сеюм меистад…».
Бо итминони комил метавон гуфт, ки бунёди «Роғун» ба ҳаёту мамоти ин шахсияти нотакрор, ба ҳаёти ҳар мардуми давлати Тоҷикистон пайванди ногусастание дорад. Имрӯз «Роғун»-созон ба иродаи фӯлодину матонати Пешвои муаззами миллат қоиланд, зеро ҳар лаҳзаи зиндагии он кас ба Роғуну созандагони он нигаронида шудааст.
Инак, ман дар Роғун ҳастам, зери нақбҳои Неругоҳи пуриқтидор, бо дастандаркорони он ҳамсуҳбатам, аммо дилу забонам намеравад, ки ба сохтмончиён он суоле диҳам, зеро чӣ будани бунёдкорӣ, нақб кандану синаи кӯҳро шикофтану тавлиди барқро бо чашмони худ дидам. Роғун бо он шаҳомату шавкат, бо матонату шуҷоати созандагонаш дар ҷаҳон беҳамтост. Бовар мекунед, вақте гирди иншоотро давр мезадем, вақте бо истифода аз фурсати муносиб бо рафти сохтмон шинос мешудем, ҳамроҳи нафароне, ки бо каскаву либоси корӣ буданд, ҳамсуҳбат будем, вақте аз воқеияти кор аз наздик бохабар шудем, бовар кардем, ки дар ҳақиқат Роғун мактаби бузурги тарбияи мутахассисони ҷавон, ҷасорату матонати халқи тоҷик, дӯстии халқҳои дунё ва ҳамкориҳои муфиду судбахши ҷаҳониён аст.
Аз рӯи нақли директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун Анвар Раҳмонов нахуст дар назди макети Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки дар як гӯшаи маҷлисгоҳи неругоҳ гузошта шуда, то давраи 2014-ум омода шуда буд, маълум гардид, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар қисмати соҳили чапи сарбанд ҷараён дошта, дар як вақт корҳо дар самти обгирии гардани обанбор низ фаъолона рафта истодааст.
- Баъди ба анҷом расонидани корҳои НБО Роғун ва иқтидори пурраи он, яъне баъди ба кор даровардани 6 агрегат, ки ҳар яке иқтидори 600 мегаватт дар як соатанд ва ин рақам дар як сол иқтидори тавлиди зиёда аз 16 миллиард киловатт соатро ба ҳисоби миёнаи солона дар бар гирифта, баробар аст ба иқтидори ҳамаи нерӯгоҳҳое, ки дар тамоми Тоҷикистон ҳастанд, Тоҷикистон нурборон хоҳад шуд. Яъне, баъди ба истифодадиҳии агрегатҳои нерӯгоҳ дар ҳудуди мамлакат ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ба зиёда аз 30 миллиард киловатт соат хоҳад расид, ки ин рақам дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди чаро дар давраи зимистон аҳолии кишвар то кунун набудани барқро эҳсос менамоянд, Анвар Раҳмонов иброз дошт, ки баъди ба кор даровардани агрегатҳои 1-2-юми НБО Роғун норасоии барқ дар байни аҳолии мамлакат қисман аз байн рафт. Имрӯз дар мамлакат нисбат ба солҳои охири асри 20 ва аввали асри 21 барқ хеле беҳтар шудааст. Ба кор андохтани ду агрегат маънои онро надорад, ки маҳдудият тамоман аз байн бардошта шавад. Бояд ҳамин чизро хуб дарк намоем, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 мегаватт соат талабот ба барқ зиёд шуда истодааст. Баробари ба истифода додани иншооти нави соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ҳамчунин баланд шудани сатҳи некуаҳволии халқ талабот ба барқ низ зиёд мегардад. Мусаллам аст, ки баробари афзудани талабот агрегатҳои неругоҳ зери фишорҳои паст кор карда, иқтидори пурраи ба талабот ҷавобгӯро дода наметавонанд.
Тибқи нақша-чорабинии мавҷуда Роғунсозон ният доранд, ки пас аз як сол, яъне соли 2025 онҳо сатҳи обгириро то 25 метр боло хоҳанд бардошт. Давоми ин муддат онҳо тавонистанд сатҳи обгириро то 5 метр боло бардоранд ва наздик 40 миллион метри мукааб оби обанборро обгирӣ намоянд, ки аз ин ҷиҳат иқтидори нерӯи барқ низ то 16 мегават афзуд. Ҳамчунин истеҳсоли барқ вобаста аз он аст, ки дар фасли сармо чӣ миқдор об дар обанбор ҷамъ хоҳад шуд.
Алҳол дар агрегати 3-юм корҳо идома дошта, мутахассисон бар он назаранд, ки дар солҳои 2025-2026 бо баланд бардоштани сатҳи оби обанбор нерӯи барқи истеҳсолшавандаро боз ҳам зиёдтар ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ интиқол диҳанд.
- Новобаста аз оне, ки дар мавсими тобистон гидроагрегатҳо дар таъмир қарор доштанд, ба андозаи 862 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол намуда, аҳолиро бо барқ таъмин намудаанд. Аз аввали баистифода дода шудани неругоҳ, яъне аз 16-уми ноябри соли 2018 ҳангоми ба истифода додани гидроагрегати нахустин ва баъдан 9-уми сентябри соли 2019 ҳангоми ба истифода додани гидроагрегати дуюм, ки алҳол ҳарду фаъолият доранд, 7,8 киловатт соат неруи барқ ба системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол шудааст.
Баъди баланд бардоштани сатҳи оби обанбор дар назар аст, ки соли 2025 васлу насби таҷҳизоти гидромеханикиро ба истифода диҳем, баъдан моҳҳои майи соли 2026 метавонем гидроагрегати 3-юмро ба истифода дода, дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ ҳиссагузор бошем. Агар ҳамагон огоҳ бошанд, мутахассисон бояд моҳи ноябри ҳамин сол гидроагрегати сеюмро мавриди баҳрабардорӣ қарор медоданд, аммо бо сабаби зиёд ва душвор будани корҳо дар сарбанд он мавқуф гузошта шуд. Бояд тазаккур дод, ки агар ба андозаи 1152 метр сатҳи обанбор баланд набошад, ба истифода додани гидроагрегат ғайриимкон аст, - гуфт Анвар Раҳмонов.
Сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки айни ҳол дар ин минтақа кор бо ҷӯшу хуруш идома дорад, 335 метр баландӣ дошта, имкон дорад, ки ҳаҷми зиёди обро дар худ ғунҷонида, ҳам дар ҳолати мавҷудияти селобаҳо ва ҳам дар замони хушксолӣ ба таври самарабахш бошад ва ҳаҷми ниҳоие, ки қабат ба қабат хобонда мешавад, наздики 80 миллион метри мукааб аст.
Рӯзноманигорон тавассути нақбҳои зеризаминӣ, ки дар умум зиёда аз 100 километрро дар бар мегиранд, роҳ пеш мегиранд. Ҳар ваҷабу ҳар қадами гузоштаамон дар дохили нақбҳо бозгӯи ҷоннисориву меҳнати сангин, дар қаъри замин, дар қалби кӯҳҳои сарбафалаккашида мушоҳида кардани заҳмати ҷавонмардони меҳандӯсту фидокор, заҳмати фидоиёни ватандӯст буда, ҳар нафарро водор месохт, ки боре ба арақи ҷабини бунёдкорони Роғун бингарад, ба садоқату муҳаббати халқи меҳнаткаши он аҳсант бихонад. Гуфтан мумкин аст, ки Роғун имтиҳони пиру ҷавон, хурду калони кишвар буда, таҷрибаи нахустинест барои мову ҷаҳониён. Ва касе аз ин таҷрибаву имтиҳон хоҳад гузашт, ки дӯстдори халқу миллати хеш аст.
Агарчи убури нақбҳо ҳавлангез буд ва гоҳо ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои хавфнок тавассути нақлиёти мусофирбар чашмҳо худ аз худ пӯшида мешуданд, сарироҳӣ бо ронандаи нақлиёти мусофиркашонӣ, ки моро ҳамсафар буд, ҳамсуҳбат мешавам. Анвар Шарифов ҳамчун ронанда 15 сол инҷониб дар неругоҳ фаъолият дорад. Ҳамарӯза дар соати муайян коргаронро ба мавзеи корӣ меораду баъди итмоми он бозгашт ба хонаҳояшон мебарад. Гоҳо ӯро зарур меояд, ки дар ду баст фаъолият намояд. Анвар-амак аз Данғара буда, иброз медорад, ки дурии роҳу шароити корӣ наметавонад садди роҳи бунёдкорони Роғун бошад, зеро азми созандагони он қатъист.
- Бароям бахти бузур аст, агар ҳар нафаре, ки саҳарӣ бо умед аз назди пайвандон сӯи Роғун шитобад ва бегоҳӣ ҳарчанд хаста аст, дар ҳалқаи оила бошад.
Бо чашмони сар дидани мавзеи толори мошинҳо, толори трансформаторҳо, ки дар қисмати чап, дар зери замин қарор доранд, басо хотирмон буд. Хонандаи закӣ бояд огоҳ бошад, ки барқ баъди коркард шудан аз дохили нақби кабелӣ берун мебарояд. Комплекси пӯшидаи элегазӣ бошад, барои тақсимоти барқ хизмат мекунад. Дар ин ҷо тамоми таҷҳизоти муосири сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгир буда, аллакай дар фаъолият ҳастанд. Таҳҳизотҳо барои қабули шаш агрегат омода буда, имрӯз ду хатти баландшиддати 500 киловатаи Душанбе - 1 ва Душанбе – 2 омодаи кор аст.
- Ташрифи мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёдкорони Неругоҳи барқи обии Роғун нерую қувваи тоза ва рӯҳбаландӣ мебахшад. Ҳангоми ташрифи навбатии Президенти кишвар 2 хатти баландшиддати 220 киловаттаро низ иваз кардем, ки айни замон фаъолият доранд. Чаҳор хатти баландшиддати дигар низ дар оянда ба нақша гирифта шудааст, - иброз дошт директори истеҳсолӣ.
Дар бораи корҳои сохтмон ва тарзи пешрафти онҳо ҳаминро бояд гуфт, имрӯз баъди ташхисе, ки мутахассисон бо бонки ҷаҳонӣ гузарониданд ва тадқиқоти иқтисодиву экологиро ба анҷом расониданд, соли 2014 тасмим гирифтанд, ки сохтмонро ба 4 лоти алоҳида тақсим намоянд.
Лоти №1 харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти электромеханикӣ аст. Он фармоишоте, ки сохтмончиён дар даврони Шӯравӣ аз Украина карда буданд, пурра ба анҷом расида, барои сохтмони агрегатҳои якуму дуюм пурра истифода бурда шуд. Ҳамчунин, шартномаҳо баҳри корҳои васлу насб ҳам бо ширкатҳои давлати Украина ба анҷом расида, алҳол бо ширкати «Войте»-и Австрияю Олмон барои омода кардани чаҳор агрегати минбаъда шартнома баста шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён дорад. Боиси қайд аст, ки алҳол дар Роғун 37 ширкат амал намуда, ҳамагон умед доранд, ки ҳарчи зудтар бо сифати хуб сохтмони ин иншооти бузурги асрро ба анҷом расонанд.
Чаҳор агрегати минбаъда бо тамоми таҷҳизоти ёрирасон, ду чархи корӣ барои агрегатҳое, ки мавҷуданд, таъминанд. Бояд иброз дошт, ки баъди 1100 обгирӣ кардани обанбор чархҳои кории марҳилаи дуюм ба ҳам пайваст гардида, марҳилаи аввал ҳар кадоме то 400 мегаватт ва баъди таҷдид кардани ду агрегати мавҷуда то 600 мегаватӣ хоҳанд расид. Лоти 2 фақат иншоотро дар бар мегирад, ки ба сарбанди сохтмон вобаста буда, соли 2016 бо ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия шартнома баста шудааст. Имрӯз ин ширкат «Вибил» ном дошта, барои иншооте, ки ба худи сарбанд, яъне қисматҳои пешдарғот, қисмати қабати намак, қабати гузариш, корҳои сементатсионии паҳлуҳо ва дигар корҳои наздикии сарбанд мавҷуданд, хизмат мерасонад.
Дар Лоти 3 иншоотҳое ҷой гирифтаанд, ки фақат обпартоии соҳили 3-юмро дар бар мегиранд. Минтақаи атипикии омӯзишӣ, ҳамчунин 6 галерияи сементатсионию дринажӣ дар ин минтақа ҷой гирифтааст. Имрӯз Лоти 3-юм ҳам вобаста ба талаботҳои бонки умумиҷаҳонӣ ба ду тақсим шуда, Лоти 3 ва 3-А номгузорӣ шудааст, ки корҳои сохтмону васлгарии қисмати рости соҳилро дар бар мегиранд.
Лоти 4-ум корҳои сохтмону васлгарии қисмати чапи соҳил буда, ба ин лот иншоотҳое вобастаанд, ки ба тавлиди нерӯи барқ ғайри таҷҳизотҳои электромеханикӣ ҳисса мегузоранд. Обқабулкунаки асосӣ, обрасонҳое, ки ба шаш агрегат вобастаанд, ҳамчунин блокҳои агрегатҳо, толори трансформаторҳо ва дигар корҳои сохтмонӣ дар ин лот ба ҷо оварда мешаванд. Барои пеш рафтани корҳои сохтмонии як қисми Лоти 4-ум бо ширкати ватании «Гидролектромонтаж» шартнома ба имзо расонда шуда, алҳол кор дар ин самт бомаром ҷараён дорад.
Имрӯз мутасаддиён ва сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии Роғун барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, барои ҷавобгӯ будан ба талаботи бонки ҷаҳонӣ масъулиятноканд. Бинобар он тибқи шартнома бо ширкати фаронсавии «Тратибелла» ва итолиёвии «Элси» кор пеш мебаранд, зеро ин ширкатҳо ҳамчун намояндаи фармоишгар ҳамаи корҳои сохтмониро ба уҳда гирифтаанд. Ҳамчунин, лоиҳакашони ширкатҳои хориҷӣ дар самти чапу рост ин ширкати «Эфри»-и Шведсария ба шумор рафта, корҳои лоиҳакаширо ба анҷом мерасонанд ва бо дарназардошти талаботу стандартҳои байналмилалӣ аз ташхис мегузаронанд. Дар ҳайати намояндаи фармоишгар 200 нафар корманди маҳаллӣ сафарбар шудаанд, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Суханҳои раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода дар мавриди ин сафари таърихию хотирмон чунин буданд:
- Ин ҷо мо шоҳиди он хоҳем шуд, ки чӣ гуна афсона ба ҳақиқат мубаддал мегардад, ба он боварӣ ҳосил мекунем, ки мутахассисони тоҷики даврони Истиқлоли давлатӣ имкон доранд худашон нерӯгоҳ бунёд созанд ва ҳамчунин барои сохтмони неругоҳҳо ба мардуми кишварҳои ҳамсоя низ кӯмак расонанд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба ҳаштсолагии баста шудани маҷрои дарёи Вахш ба ин минтақаи аҳамияти ҷаҳонидошта ташриф оварданд, то бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шаванд. Итминони комил дорем, он иншооте, ки дар натиҷаи боло рафтани сатҳи об сарбанди мазкур зери об мемонад, тавассути аксбардорӣ ва инъикос дар хотирҳо ҷовидон хоҳад монд. Зеро Роғун майдони бузурги шаҳомати соҳибистиқлолии мо мебошад.
Озмоишгоҳи муқтадири осиёи миёна
Неругоҳи барқи обии Роғун озмоишгоҳе дорад, ки назираш дар Осиёи Миёна вуҷуд надорад. Озмоишгоҳ бевосита бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар маросими ифтитоҳи он Сарвари давлат иштирок доштанд.
Озмоишгоҳ нодиртарин таҷҳизоте дорад, ки дар муддати кӯтоҳтарин тамоми таҷҳизот ва масолеҳи воридшавандаро ба неругоҳ аз ташхис мегузаронад. Баробари дар назди дарвоза боздошт намудани таҷҳизот ё масолеҳ намунае аз он гирифта шуда, дар муҳлати 15-20 дақиқа бо таҷҳизоти муосири навтарин, ки аз Олмону Русия ва дигар давлатҳо харида, васлу насб карда шудааст, гарчанде ки маҳсулот сертификати байналмилалӣ дошта бошад, аз ташхис гузаронида мешавад.
Сардори шуъбаи металии озмоишгоҳи марказии Ҷамъияти саҳҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун Рамазон Рамазонов иброз медорад, ки озмоишгоҳ соли 2015 бо ташаббуси Президенти кишвар ифтитоҳ ёфта, бо наздик 500 намуди асбобу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Мутахассисоне, ки дар марказ фаъолият мебаранд, ҳамагон донандаи касби худ буда, дар панҷ шуъба: шуъбаи метал, кимё, муайянкунии об ва хок, ҳамчунин шуъбаи битону сементатсионӣ фаъолияти густурда доранд. Боиси тазаккур аст, тамоми таҷҳизоте, ки ба неругоҳ оварда, васлу насб шудаанд, кафолати чиҳилсолаи фаъолиятро доро буда, тибқи дастурамали неругоҳҳо ҳамасола таъмири ҷорӣ мегарданд, Албатта фармоиши қисмҳои эҳтиётӣ ва захираи онҳо низ дар мадди назар дошта шудааст.
Истгоҳи мошинҳо - қалби роғун
Ба гуфти муовини сармуҳандиси мудирияти истифодабарии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО «Роғун» Умедҷон Камолов толори мошинҳо бо дарозии 221 метр, бараш 21 метр ва баландии 70 метр сохта, ба истифода дода шудааст. Ин толор ҷоест, ки бояд дар оянда 6 гидроагрегат пурра ба истифода дода шаванд, ки иқтидори умумии неруи барқи истеҳсолшаванда ба 3780 мегаватт баробар аст. Имрӯз дар неругоҳ ду гидроагрегати панҷуму шашум, ки муваққатӣ низ ном бурдан мумкин аст, кору фаъолият доранд. Неруи барқи истеҳсолшавандаи ҳарду гидроагрегатҳо 137 мегаватӣ буда, нерӯгоҳ дар давоми соли ҷорӣ зиёда аз 890 миллион киловатт нерӯи барқ истеҳсол намудааст. Ин рақам аз давраи ба истифода додан бошад, зиёда аз 7,8 миллиард киловатт соат неруи барқро истеҳсол ва ба системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.
Шамсулло Абдулаҳадов корманди раёсати бехатарии НБО Роғун аст. Ӯ аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон буда, 10 сол инҷониб дар нерӯгоҳ фаъолият дорад.
Роғунсозони суғдӣ
Бале, Роғун майдони ҷасорату қаҳрамонӣ, шуҷоату диловарии мардони бонангу номуси ҳар гӯшаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар неругоҳ дар баробари фаъолияти намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз тамоми гӯшаву канори дунё аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ низ кору фаъолият доранд. Бо боварии том гуфтан мункин аст, ки имрӯз суғдиён низ дар қатори саҳмгузорони сохтмони ин неругоҳи бузурги сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.
Бино ба маълумоти сардори раёсати кадрҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи оби Роғун Сайдулло Абдулаҳадзода аз вилояти Суғд ҳамагӣ 356 нафар фаъолият дошта, аз онҳо аз шаҳри Гулистон 2 нафар, Хуҷанд 8 нафар, Панҷакент 102 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ 94 нафар, Мастчоҳ 35 нафар, Бобоҷон Ғафуров 6 нафар,
Конибодом 5 нафар, Ашт 3 нафар, Айнӣ 64 нафар, Деваштич 1 нафар, Шаҳристон 6 нафар, Истаравшан 7 нафар, Зафаробод 11 нафар, Исфара 6 нафар, Бӯстон 5 нафар ва Спитамен 1 нафар дар қатори дигар мардони кор паҳлу ба паҳлуянд.
Дар баробари ин, мутахассисоне, ки дар нерӯгоҳҳои пешамалкунанда дар шаҳри Норак қарор доштанд, ҳамчунин аз шаҳру ноҳияҳои Сарбанди вилояти Хатлон низ дар неругоҳ кор мекунанд. Танҳо дар худи толори мошинҳо наздик 220 нафар аз тамоми гӯшаву канори кишвар фаъолият доранд, ки нишони қаҳрамонист.
Хушбахтона, шароити кор дар неругоҳ фароҳам оварда шудааст. Соати корӣ 7-8 соата буда, ҳамчунин бо ҷалби кормандони баставӣ ва алтернативӣ тариқи шабонарӯзӣ дар заҳматанд. Имрӯз дар НБО Роғун беш аз 16 ҳазору 700 корманд кор мекунанд.
Танҳо дар худи сарбанд зиёда аз 3,5 ҳазор нафар заҳмат мекашанд, ки аз ин рақам 1600 нафарашон коргарони ширкатҳои хориҷианду боқӣ заҳматкашони маҳаллӣ. Дар оянда ин коргарон на танҳо иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, балки иншооти шаҳрвандиро ҳам метавонанд бисозанд. Ҳамчунин, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя рафта, ба воситаи ширкат дар сохтмонҳои бузург кору фаъолият намоянд.
Иншооти гидротехникӣ бунёдгарони тамоми ҷабҳаҳоро дар бар мегирад. Дар ин ҷо мутахассисони соҳаҳои гидрология, геология, сесмалогия ва даҳҳои дигар дар тамоми соҳаҳои сохтмони шаҳрвандии эррегатсионӣ кору фаъолият дошта бошанд.
Малакаи ҳар як коргари ин мавзеи нурофар бе ягон шакку шубҳа дар сатҳи байналмилалӣ қарор дорад, зеро масъулин нафаронеро, ки соҳибкасбанду дар сатҳи инженери техникӣ кору фаъолият менамоянд, баъди гузаштан аз курсҳои омӯзишӣ соҳиби сертификат мегардонанд. Бо боварии том метавон гуфт, ки аллакай чандин коргоҳҳои Роғунчиён сертификатҳои сатҳи байналмилалиро доро буда, имкони иштирок дар озмунҳои сатҳи байналмилалиро доранд. Боиси тазаккур аст, ки дар назди Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун Коллеҷи муҳандисӣ – техникӣ амал карда, сокинон ва ихлосмандонашро бо таълим фарогир мешавад.
Мактаби бузурги сохтмонӣ
Боздид аз минтақаи ядрои сарбанди НБО Роғун ва суҳбат бо роҳбари сафарбаршудаи намояндаи фармоишгар Қурбонназар Давронов низ хеле хотирмон буд.
Ба гуфти намояндаи фармоишгар ҳаҷми умумии маводҳое, ки дар сарбанд хобонда мешавад, 80 миллион метри мукааб буда, то кунун 21,5 миллион метри мукааб мавод хобонида шудаанд. Баландӣ дар қисмати ядро 55-56 метр буда, диети болоӣ 140 метр ва дигараш 110 метр баландиро дорост. Баъди тоза кардани 3,5 миллион метри мукааб ҷинсҳои кӯҳии ба ҳар сӯ пошхӯрдаву рехтаву шикаста, ки вақти хеле зиёдро мегиранд, хобонидани мавод мумкин аст. Дар зери мавод бошад, аз таҳкурсии ядрои сарбанд сар карда, наздик 290 ҳазор метри мукааб хок хобонида шудааст, ки ҳам нишони қаҳрамониву ҳам далерии роғунсозон маҳсуб меёбад.
Ядро барои нагузаронидани об аз баданаи сарбанд зарур дониста шуда, барои нагузаронидани об аз кӯҳ, яъне баданаи кӯҳ 6 қабат нақбҳои сементатсионии аз 5 то 10 метр фосиладошта мавҷуданд ва дар он нақбҳо корҳои сементатсионӣ ба иҷро расонида мешаванд.
Тавассути мошинҳои махсуси зичкунӣ бошад, ҳар қабати хобонидашуда то наздикии 30 сантиметр зич карда шуда, намунаи он ба ташхисгоҳ фиристода мешавад. Ва танҳо баъди гирифтани натиҷаи таҳлилу ташхис иҷозати хобондани хокгил дода мешавад. Тазаккур бояд дод, тамоми маводе, ки дар баданаи сарбанд истифода мешаванд, аз ҳудуди худи нерӯгоҳ гирифта шуда, ҳамчунин корҳои сементатсионии пардаи об низ барои дур кардани фосилаи обе, ки аз дохили сарбанд мебарояд, хеле зарур аст. Мутахассисон баъди сӯрох кардани то 150 метр чуқурӣ тавассути пармакунӣ имкон доранд, ки дар фишори баланди то 30-40 дараҷа фишори атмосферӣ корҳои сементатсиониро ба иҷро расонанд. Дар мавриди корҳои иҷрошудаи сементатсионии мустаҳкамкунандаи болои кӯҳ, кандани нақбҳо баробари баландии сарбанд, ҳамчунин кони санг мавриди сухан ҳам нест. Зеро ҳамаро метавон бо чашмони сар дид ва ба бунёдгарони ин неругоҳи муқтадир офаринҳо гуфт.
Қалбҳои зери нақб
Рӯзноманигорон тавассути нақбҳо вориди иншооти Лоти сеюм мешаванд. Кормандон таҳти роҳбарии ширкати пудратии «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар дохили нақбҳо корро идома дода истодаанд. Дар қисмати беруна бошад, корҳои мустаҳкамкунии даромадгоҳи нақби обпартои сеюму чаҳорум ҷараён дорад. Дарозии нақби обпартои қабати чорум 1 ҳазору 800 метр ва қобилияти обгузарониаш 3 ҳазору 500 метри мукааб арзёбӣ мегардад.
Алҳол корҳои бетонхобонию нақбканӣ пурра ба анҷом расида, имрӯзҳо кор дар бинои дарвозаҳо босуръат ҷараён дорад. Поёнтари он нақби обпартои қабати 3-юм ҷойгир буда, пурра ба истифода дода шудааст. Дар қабати чаҳорум бошад, нақбҳои сатҳҳои болоии 1-2 ва 2 нақби обпартои сарез ҷойгир шудаанд. Дар соҳили чап корҳои мустаҳкамкунии нишебии кӯҳ ҷараён дошта, алҳол бо ёрии ширкатҳои маҳаллӣ корҳои битонхобонию анкегузорӣ барои мустаҳкамкунии нақбҳои обрасон заҳмат мекашанд.
Пирӯзии ба садсолаҳо баробар
Мошин дар назди мавзее қарор гирифт, ки ҳашт сол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таърихии 29-уми октябри соли 2016 паси чанбараки булдозер нишаста, бо тела кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба сохтмони неругоҳ оғоз бахшида буданд.
Он рӯзи фаромӯшнопазир дар муҳорибаи дарёву инсон Садри кишвар бо ҷасорату бузургӣ ва шуҷоату матонат якуним соати расо бо дарё дар набард буданд. Якуним соати ҷоннисорӣ, лаҳзаҳои нотакрори қаҳрамониву далерӣ, гузаштан аз имтиҳони тақдир дар назди мардуми зиёд.
Ҳарчанд Вахши саркаш ин ҳамаро қабул кардан намехост, аммо тавоноии нафарони дар сари булдозер нишаставу нангу номуси миллатро бологузошта ба он ғолиб омад. Ҳаяҷону изтироби ҳар нафаре, ки дар он ҷо ҳузур дошт, ба тақдири миллату давлати худ бетараф набуд, баробари вазниние буд, ки ҳар автомошинаи аз 40 то 80 тоннагӣ сангу шағал мекашонданд, буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари иқдомҳои созандаву бунёдкор ҳамчунин ҷисман низ дар паҳлуи халқи заҳматкаш буда, онҳоро руҳбаланд намуданд, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон нурборон хоҳад шуд.
Рӯзи ба кор андохтани агрегати аввали неругоҳ - 16-уми ноябри соли 2018-умро рӯзи оғози равшаниҳо гӯем хато нахоҳад шуд. Оғозе, ки заҳмату нерӯ, бурдбориву таҳаммул, донишу кордониҳои бунёдгарони «Роғун»-ро бо худ дошт. Пирӯзие, ки бар ивази меҳнати пурмашаққати бунёдгарони ин манбаи нур ба даст омадааст. Ғолибияте, ки садсолаҳо аз хотирҳо зудуда нахоҳад гашт.
Дурахшон мешавад дунё…
Бо чашмони худ дидани кӯҳканоне мисли Фарҳод, афсонасозоне мисли нақбканон, муъҷизапардозоне мисли Роғунсозон бешак моро мафтуни ин мавзеи дилкушо, ки кӯҳҳояш сар ба осмону нишебиҳояш дил ба дарё додаанд, гардонид. Мо ба заҳмати садоқатмандонаи кормандон, ҷасорати нақбканон, меҳнаткашони ин боргоҳи тарбияву тавлидгари нур, ки назираш беҳамтост, таҳсин мегӯем.
Ба ҳамаи он мардони кор: кӯҳканону нақбсозон, бетонагарону васлгарон, булдозерчиёну ташхисгарон, умуман, ҳамаи коргарону мутахассисон, ба бонувону фарзандони онҳо, ки бо шикебоиву таҳаммул дурии сарвари хонадонашонро таҳаммул мекунанд, то кишварашон обод бошаду чароғон.
Бонувони Роғунсозон бояд ҳисси ифтихору садоқатмандӣ дошта бошанд, ки шавҳаронашон дар сохтмони бузургтарин иншооти аср – Неругоҳи барқи обии Роғун, майдони нангу номуси миллӣ бурдборона заҳмат мекашанд. Бошад, ки фардои дурахшони Ватани азиз ва зиндагии пурсаодати миллати тоҷик баъди ба истифода додани тамоми агрегатҳои неругоҳ муаррифгари Садри кишвар ва тамоми мардуми меҳнаткаши он бошад. Мо ба ин бовар дорем.
Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд-Душанбе-Роғун