Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон
- Details
- Published on Thursday, 05 December 2024 23:36
5 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уикеро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду мамлакат ҳамкорӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят аснои мулоқот доир ба имкониятҳои саноати куҳкорӣ, саноати сабуку хурока, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ маълумот дод. Инчунин ба масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли маҳсулот аз он, корхонаҳои коркарди пахта таваҷҷуҳ равона гардид.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки метавонанд дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истеҳсоли доруворӣ, коркарди пахта ҳамкории густардаро ба роҳ монанд.
Ташкили сафари соҳибкорони Ҳиндустон ба вилояти Суғд ва шиносоии бештари онҳо бо имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд