Шаҳр обод мешавад
- Details
- Published on Monday, 03 February 2025 11:13
Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар бораи нишондиҳандаҳои фаъолияти солонаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа, теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи шаҳр ба 306 адад расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 14,6 дарсад ё 39 адад зиёд шудааст.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба маблағи 2030,4 миллион сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 119,3 миллион сомонӣ ё 8,3 дар сад зиёд таъмин шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, 1675,7 миллион сомониро (бе назардошти тақсимоти қувваи барқ, истеҳсол ва тақсимоти об) ташкил намуда, дар шаҳр 178 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз онҳо истеҳсоли 113 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамчун ҳадафҳои бунёдкорӣ ба роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди “сабз”, кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.
Дар ҳудуди шаҳр 164,9 километр роҳҳои автомобилгард, 318,0 ҳазор метри тӯлонӣ роҳрав, 175,9 ҳазор метри тӯлонӣ ҷӯйбор, 2 адад пул ва 1 адад заводи асфалтбарорӣ вуҷуд дорад.
Боиси ифтихори хуҷандиён аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи 13 иншооти ҳаётан муҳими шаҳр иштирок намуданд.
Маориф дар ҳама давру замон яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ дониста шуда, бунёду азнавсозии иншооти муассисаҳои таълимӣ дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар ин раванд, дар чаҳор муассисаи таълимии ҳудуди шаҳр, аз ҷумла Гимназияҳои № 1 ва 4, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ва 14 санги асос барои бунёди биноҳои иловагӣ гузошта шуд, ки баъди сохта ба истифода додан фарогири 5000 хонанда хоҳад шуд. Ҳамчунин, бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ сохта ба истифода додани 4 кўдакистони наву дорои шароитҳои муосир дар назар аст, ки дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди кӯчаву хиёбонҳои протоколии шаҳр ба миқдори 2859 адад дарахтони сояафкани ҳамешасабз, 254,3 ҳазор дона пиёзаки гули лола, 835 ҳазор дона гулҳои ороишии ҳархела, 49,5 ҳазор адад буттагули садбарг бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, барои нашъунамо ёфтани онҳо тамоми чораҳо андешида шудаанд.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар қисмати дуввуми нишасти матбуотӣ ба суолҳои рўзноманигорон дар мавриди азнавсозии боғи Ғалаба, гулгашти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, васеъ кардани роҳи кўчаи Исмоили Сомонӣ, ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар кучаҳои шаҳр, эътибор ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар навиштаҷот бунёди хонаҳои баландошёна, хизматрасонии коммуналӣ, ободонии маҳаллаҳо, маданияти шаҳрдорӣ, лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, ваъзи экологию санитарӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва кўдакистон дар маҳаллаҳои навбунёд, вазъи ҷинояткорӣ ва ғайра ҷавоби мушаххас дод.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”