Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ
- Details
- Published on Monday, 03 February 2025 11:13
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Он бо иштироки раиси шаҳр, намояндагону масъулони сохторҳои гуногун ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма сурат гирифт. Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ба рӯзноманигорон аз фаъолияти солонаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳисобот дода, дар қисмати саволу ҷавоб зикр намуд, ки фаъолияти ду литсей басанда буда, барои таъсиси марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ эҳтиёҷ нест.
Чанде аз рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои марз саволҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар нишасти матбуотӣ масъалаҳои муҳими соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, оид ба рафти амалишавии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, буҷет, оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, оид ба корҳои сохтмонӣ, рушди инфрасохтор ва нақлиёт, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, оид ба рушди сайёҳӣ, сармояи инсонӣ, масъалаҳои баробарии гендерӣ, оид ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ, ҷинояткорӣ ва риояи чанд Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Давоми соли ҷорӣ шаҳри Исфара ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ сафарбар карда шудааст, - гуфт Баҳоваддин Баҳодурзода.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамчунин аз вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки истеҳсоли маҳсулот дар 71 корхонаи саноатии дар қайди оморбуда 392 миллион сомонӣ буда, афзоиши он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 53,4 миллион сомонӣ мебошад. 55 адад корхонаи саноатӣ нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро беҳтар намудаанд.
Дар умум, 28 адад корхона суръати рушди истеҳсоли маҳсулотро аз 120 фоиз зиёд таъмин намуданд. Ҳангоми нишасти матбуотӣ маълум гардид, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 ҳазору 576 арзу шикоят ба таври хаттӣ ворид гардида, 674 нафар ба таври шифоҳӣ муроҷиат кардаанд. Бештари шаҳрвандон аз раиси шаҳр хоҳиш намудаанд, ки қитъаҳои замини манзили зист ҷудо карда шавад. Инчунин, баҳсу баррасии онҳо оид ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасон, сохтмон, гирифтани сертификати замин, сафари ҳаҷ, расонидани кӯмаки молиявӣ, масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ ва маориф мебошад, ки на ҳамаи муроҷиаткунандагон қонеъанд.
Ҳамин тавр, нишасти матбуотӣ фарогири мавзуъҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ буда, рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»