Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Истаравшан
- Details
- Published on Thursday, 06 February 2025 09:14
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии “Шоҳроҳи абрешим” шинос гардид.
Иншооти муҳташам аз тарафи ҶДММ “Мабдаи Нур”, ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, бунёд гардида, лоиҳаи маҷмааи мазкур аз тарафи ширкати лоиҳакашии “Архиком-К”-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон омода шудааст.
Дар ошёнаи якуми маҷмаа дар масоҳати 4500 м2 гиппермаркет, ки дар як вақт ба 500 нафар мизоҷ хизмат мерасонад, бунёд мегардад. Дар ошёнаҳои дигар маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳои сайёҳӣ, нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда шуда, қаҳвахона, ошхона, кинотеатр, нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мегардад. Айни замон охирин корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаа даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд.
Сипас, Раиси вилоят сохтмони бинои маъмураи Прокуратураи шаҳри Истаравшанро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Сохтмони бинои чорошёна бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта, он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншоот идома дошта, зимни шиносоӣ барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода супоридани бинои маъмурӣ супоришҳо дода шуд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони Маркази савдои «Амид», маркази тиббӣ-ташхисии «Салоҳиддин», корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани ҶДММ «Дӯстӣ» шинос гардида, ҷиҳати анҷоми корҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд