Фаъолияти 42-юмин субъект
- Details
- Published on Thursday, 13 February 2025 11:21
- Айни ҳол дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 41 субъект ба қайд гирифта шуда, 21 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғуланд. Дар давраи ҳисоботӣ сармоягузорӣ асосан аз ҷониби 11 корхона, аз ҷумла ҶДММ «Стар Пласт», ҶДММ КМ ТТ «Таҷпроф», ҶДММ КМ ТТ «Афранг пластик», ҶДММ КМТТ «Арча мебел», ҶДММ «Донаи алмос», ҶДММ «Идораи сохтмонии 1», ҶДММ «Зарфишон», ҶДММ «Тоҷикполиэтилен», ҶДММ «Сайр Суғд», ҶДММ «Тоҷпанел» ва ҶДММ «КМ Ривер Суғд Фарм» таъмин гардид. Шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» 930 адад буда, нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта 20 ҷойи кории нав зиёд аст, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ бо рўзноманигорони ватаниву хориҷӣ сардори Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди «Суғд» Муҳаммадҷон Муҳаммадзода.
Қайд гардид, ки маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 ба 442 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 125,2 фоиз ё 89, 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ бошад, ба 4,4 миллион сомонӣ расонда шуд.
Бояд иброз дошт, ки бо мақсади рушди фаъолияти субъектҳо Маъмурият ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи муаррифии МОИ «Суғд» дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоди маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳо дар бозорҳои хориҷӣ ҳамкориро бо намояндагӣ ва ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ҷоннок намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Дар соли 2024-ум дар МОИ «Суғд» ҳафт субъекти нав ва як адад маркази логистикӣ ба қайд гирифта шуд.
- Боиси хурсандист, ки ба наздикӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия «Сайёҳи Суғд» ба фаъолият шуруъ хоҳад кард, ки 42-юмин субъект дар Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба шумор меравад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар минтақа идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба фаъолият шуруъ хоҳад кард. Бо назардошти минтақаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафтани кишвари тоҷикон маъмурияти коргоҳ ният дорад, ки бо барориши хаймаҳои сайёҳӣ машғул шавад. Хурсандиовар аст, ки ин коргоҳ ҳарчанд дар кишварҳои дигар амал менамояд, дар Осиёи Миёна яке аз нахустинҳост, ки дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис хоҳад ёфт, - гуфт Муҳаммадҷон Муҳаммадзода.
Шартномаи ҳамкории намояндаи корхонаи Федератсияи Россия Юрий Косолап ва сардори Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳаммадҷон Муҳаммадзода дар назди рўзноманигорон ба имзо расид, ки бозгўи ҳамкориҳои минбаъда ва самарабахш дар соҳаи сайёҳӣ буд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма аз фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Азияполитекс» ва бо маҳсулотҳои истеҳсолии корхонаи «Сайр Суғд» аз наздик шинос шуданд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»