Ҳадафи мо - таъмини пешрафти ҷомеа ва шукуфоии диёр

Таҷлили 90-солагии таъсисёбии Вазорати молияи кишвар барои мо – кормандони соҳа санаи фархунда ва хотирмон аст ва бо ин рўйдоди наҷиб ҷамъи ҳамкорону ихлосмандони соҳаро самимона табрик гуфта, фатҳи қуллаҳои азими меҳнатӣ ва барору саодати рўзгорро таманно дорам.

 Дар интиҳои асри ХХ инсоният шоҳиди рўйдодҳои бузург гардид ва дар радифи раванди баҳампайвандӣ, густариши тамаддунҳои мухталиф, меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва вусъатёбии арзишҳои аслии миллӣ, мардуми тоҷикро бахти нек - расидан ба Истиқлолияти давлатӣ насиб гардид. Ин рўйдоди наҷиб дар таърихи молияи кишвар низ саҳфаҳои навинро боз ва доираи фаъолияту дарки масъулиятро фарохтар кард. Сокинони вилоят, аз ҷумла кормандони соҳаи молия дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар пайваста заҳмат мекашанд ва ин сарчашмаи боэътимодест дар роҳи шукуфоии фардои диёр.

Идораи молияи вилоят дар дарозои ин таърих мавқеи назаррасро касб кардаву бо шарофати истеъдод ва маҳорати кормандон ба натиҷаҳои нек мушарраф гардидааст.

Пас аз дубора таъсис ёфтани вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) фаъолияти кории собиқ сардорон Турсунов И.Т., Авезов С.А., Одилов К.О., Ғаффоров Т.Ғ., Иномҷонов А.И., Алимов У.С., Воҳидов А.А. дар таъмини ободию шукуфоии кишвар ва анҷоми корҳои бунёдкориву созандагӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҷомеа хеле назаррас аст.

Ҳарчанд дар солҳои нахусти соҳибистиқлолӣ кормандони соҳа ба мушкилоти зиёде дучор шуда бошанд ҳам, бо матонату ҷасорати ба худ хос тавонистанд, дар баробари эҳёи муҳимоти соҳа дар таъмини фаровонии рўзгору беҳбудии сатҳи зиндагии ҷомеа донишшиор бошанд. Таъмин ва афзоиши буҷети давлатӣ чун манбаи муҳими рушд пояи устувор гузоштаву дар иҷрои се ҳадафи муҳим - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар вилоят бо маром ва қонеъбахши ниёзҳои сокинон амалӣ мегардад.

Бунёди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон, азнавсозию тармими роҳу кўпрукҳо, бунёди садҳо мактабу муассисаҳои табобатӣ, аз ҷумла мактаби Президентӣ дар шаҳри Чкалов, боғчаи Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд, бунёди Боғи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қасри Арбоб, садҳо корхонаҳои азими саноатӣ, эёҳи ҳунару анъанаҳои миллиро ёдрас намуда, итминони комил дорем, бо ҳидояту раҳнамоии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мо бо иҷрои вазифаҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои фаъолият кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ солҳои наздик дучанд ободу зеботар муаррифӣ намоем.

Бо такя ба натиҷаҳои фаъолият дар чанд соли охир эътимоди мо дар иҷрои ин амал комил аст ва натиҷаҳои 10 моҳи соли ҷорӣ низ тақвиятбахши ин ҳадафҳоянд.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ даромади буҷети давлатӣ 104,4 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 943,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 39,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар 10 моҳи соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамбастагӣ бо саноатчиёни вилоят баҳри истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридоти вазкунанда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 3014,8 млн. сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бо назардошти индекси нархҳо, 130,8 фоизро ташкил дода, ба маблағи 717,2 млн. сомонӣ зиёдтар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Аз 550 корхонаҳои саноатӣ 225 корхона вусъати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд. Тибқи нақшаи амал соли 2014 бояд 160 корхонаҳои нав, бо теъдоди 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта шаванд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 129 корхонаҳои нави хурду бузург, бо теъдоди 2600 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ин 80,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хўрока, сабук ва маъданҳои кўҳиро дарбар мегиранд.

Чун ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дўст доштани Ватан, забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, танҳо бо ин восита мо метавонем ин эҳсоси муқаддасро дар қалбҳои худ ва наслҳои оянда ҷой намуда, муаррифгар ва эҷодгари таърихи имрўз ва фардои Ватан бошем.

Мо чун яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа хуб медонем, ки дар зиндагии мардуми мо, фаъолияти кормандони соҳа, иҷрои комили қарору барномаҳои соҳавӣ мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби зиёд дорем. Вақте кас таърихи мавҷудияти 90-солаи соҳаро варақгардон менамояд, як нуктаи муҳим эътиқодро дучанд мегардонад, ки ин ҳам бошад, азму ирода ва захираву имкониятҳои мавҷуда дар ҳар марҳилаи таърих аст. Имрўз ҳам бо такя ба хираду заковат, азму ирода ва малакаи касбии кормандони соҳа бо боварӣ метавон баён намуд, ки мо, кормандони соҳа дар самти фаъолияти худ омодаем ҳама мушкилотро бартараф намуда, барои рушду пешрафт ва шукуфоии диёри азизамон бештару беҳтар меҳнат намоем.

Бо чунин таманниёти нек аз номи худ ва аҳли Раёсати молияи вилояти Суғд ҳамаи кормандони соҳаро ба фарорасии Иди касбӣ ва таҷлили 90-умин солгарди таъсисёбии Вазорати молия сидқан муборак бод гуфта, таманнои он дорам, ки бигзор хуршеди озодиву истиқлолият дар хонадони ҳар яки шумо нурафшон ва то абад файзу баракат ва нуру зиё насибатон бошад.

Анвар Мирзозода,
сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh