Баҳром Зубайдуллоев: Моҳияти андозро бояд донист...

Fановати буҷет ва баракати хазинаи давлат дар замони муосир аз бисёр ҷиҳат ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ вобаста аст. Маҳз ба шарофати сари вақт ҷамъ оварда шудани онҳо давлат метавонад иқтидори мудофиавии худро мустаҳкам намуда, сиёсати иқтисодию иҷтимоиашро роҳандозӣ кунад. Дар ин радиф бояд таъкид намуд, ки ҳар қадар ба буҷет бештар маблағ ворид гардад, ҳамон андоза бунёдкорию созандагӣ ривоҷ гирифта, дараҷаи зисту зиндагии халқ болотар меравад.

Эмомалӣ РАҲМОН

10 ноябри соли равон бо фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Зубайдуллоев сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд таъин гардид.

Мавсуф дар мақомоти андоз аз соли 1998 фаъолият дорад. Аз корманди қатории нозироти андоз то ба дараҷаи роҳбарӣ расида, дар Раёсати андози вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори Раёсати андоз фаъолият бурдааст. Дорои рутбаи сармушовири мақомоти андози кишвар дараҷаи 2-юм аст.

Сўҳбати мо бо ў дар бораи андоз ва андозсупор, моҳияти андоз ва сатҳи маърифати андозсупору дигар мавзўъҳои марбут ба соҳа сурат гирифт.

-Баҳром Зубайдуллоевич! Нахуст Шуморо ба ин вазифаи пурмасъулият таъин шуданатон табрик мегўям. Баъдан бигўед, ки барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмини иҷрои нақша имконият ҳаст? Дар назар дорам, сарчашмаҳои ҷамъоварии андозро.

- Барои табрикатон ташаккур. Ман дар ин муддат ҳамагӣ дар 3 шаҳру ноҳия - Мастчоҳ, Зафаробод ва Исфара будам, ки дар онҳо аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз набаромадаанд ё бо душворӣ иҷро мешавад. Ба чунин хулоса омадам, ки дар ҳамин гуна шаҳру ноҳияҳое, ки вазъияташон ногувор аст, агар дурусттар корбарӣ кунем, нақшаро иҷро кардан мумкин аст.

Муҳимтар аз ҳама, маърифати андозсупорандагони мардуми вилоят хеле баланд аст, ки ин яке аз омилҳои асосии иҷрои нақшаву ниятҳост. Аммо, мо бо ин қонеъ нашуда, боз ҳам бояд корҳои тарғиботиро пурзўр намоем, то ки сатҳи маърифати андозсупории аҳолӣ боз ҳам баландтар равад.

Воқеан ҳам, сарчашмаҳои андозсупорӣ хеле зиёданд. Бояд ҷустуҷў кард. Тавре дар урфият мегўянд, «ҷўянда ёбанда аст!»

-Нисбат ба ҳодисаи сўхтори нуқтаҳои савдои маркази вилоят чӣ андеша доред?

-Ҳанўз муаммову мушкилот ва нофаҳмиҳо дар ин ҳодиса зиёданд, ки бояд тафтишот онро аниқ созад. Соҳибкорони ҷабрдида хоҳиш карданд, ки аз пардохти андоз озод карда шаванд. Бояд тазаккур дод, ки озод кардан аз пардохти андозу патент тибқи моддаи 3-юми Кодекси андози ҷумҳурӣ чунин бояд сурат гирад: Дар ин ҳолатҳо пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии дахлдор сурат мегирад.

Он 195 нафар соҳибкори ҷабрдида, ки бо патент фаъолият мебаранд, тибқи қонунгузории амалкунанда ҳаҷми гардиши молу маҳсулоташон аз 100 ҳазор сомонӣ набояд зиёд бошад. Аммо, аз рўи даъвои иддае аз онҳо гардиши молашон дар 1-2 моҳ ба 100 ҳазор сомонӣ мерасад. Ин ҷо яқин аст, ки онҳо даромади худро аз андоз пинҳон мекунанд. Ин ҳамаро бояд мақомоти мо дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор баррасӣ кунад ва хулосаи худро гўяд.

Ҳамон нафароне, ки даромадҳои худро аз андозбандӣ пинҳон мекунанд, бояд донанд, ки андозҳои мепардохта-ашон барои чӣ масраф мешаванд. Пеш аз ҳама, ба нафақахўроне, ки дар замонаш меҳнати пурзаҳмат намуда, Ватанро обод кардаанд. Аз ин ҳам муҳимтар ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки сарзамини моро бар ивази ҷонбозиҳо аз дасти фашистони истилогар ҳифз намудаанд.

Аз ҳисоби андозҳои пардохт шуда, ҳамчунин маоши кормандони соҳаи буҷетӣ - маорифчиён, ки фарзандони моро саводнок месозанд, тандурустӣ, ки саломатии халқро бонӣ мекунанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки ба шарофати хизмати содиқонаашон Ватани мо тинҷу осуда аст. Бояд ин ҳамаро андеша кард.

Лекин ба ин нигоҳ накарда, бояд фаҳмем, ки ин офати табиӣ аст. Аз ин гуна ҳолат ҳеҷ яке аз мо эмин нестем. Бовар дорам, ки мақомоти болоӣ нисбат ба ҳалли мусбати масъала мусоидат хоҳад кард.

- Замони шўравӣ мақоле буд: кадрҳо ҳама масъалаҳоро ҳал мекунанд…

- Муддаоятон фаҳмо. Нисбат ба масъалаи кадрҳо ман ҳанўз хулосаи худро набаровардаам. Лекин як чизро гуфтан мусаллам аст, ки имрўз бо сабабҳои объективию субъективӣ кадрҳои соҳибтахассус ҳам ёфтан хеле душвор аст. Иловатан, ба қонуну қарорҳо бо назардошти пешрафту тараққиёти мамлакат тағйироту иловаҳо ворид шуда истодаанд, ки шарҳу эзоҳи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ байни кормандонро талаб мекунад.

Бинобар ин Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти ин ҳолат қарор дод, дар назди Раёсатҳои андоз курсҳои бозомўзии кормандони андозро таъсис диҳад. Тавре шумо огаҳӣ доред, ин гуна курс дар назди Раёсати андози вилоят низ амал мекунад. То ин дам гурўҳи нахустини шунавандагон - кормандони нозиротҳои андози шаҳру навоҳии вилоят онро хатм кардаанд. Рўзҳои наздик бояд гурўҳи дигар таҳия шаванд ва курс ба фаъолияти навбатиаш оғоз намояд.

Лекин аз рўи хулосаҳои пешакӣ бояд гўям, чӣ дар раёсату чӣ дар нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо мутахассисони соҳибмалака фаъолият доранд, ки иддае аз онҳо аз рўзҳои аввали таъсисёбии мақомоти андоз, ҳатто, аз даврони шўравӣ фаъолият мекунанд. Яке аз онҳо муовини аввали сардори Раёсати вилоятӣ Валаматшех Маҳмудов ҳастанд, ки бо эҳтиром он касро «пири кор» меномем. Бовар дорам, бо маслиҳату таҷрибаи бои ин пирони кор нақшаву ниятҳои неки кормандони мақомоти андози вилоят амалӣ мешаванд, инчунин соҳибкорон ҳам бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандўстӣ сари вақт андоз-ашонро пардохт менамоянд. -Ташаккур, барои сўҳбат.

Сўҳбатнигор Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh