Муҳаббат ва эътиқод – сарсабзии ҳаёти пурсафо

Файзи истиқлол

Ду даҳсола қабл бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва манзил таъмин кардани аҳолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ муаммои худро дошт. Аксар шаҳрвандон шиква аз он доштанд, ки солҳо дар навбат истодаанду аз соҳиби манзил гардидан бӯи умеде нест. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин масъалаи мубрами рӯз бо ҷонибдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром ҳалли худро ёфта истодааст. Солҳои нахуст аз гирду атрофи ҳамон маҳалли манзили зисти деҳот ва ё шаҳр ва дертар аз мав-зеъҳои чарогоҳ ва лалмӣ, инчунин аз ҷойҳои         замоне аз хотири ҳамагон фаромӯшгардида, мардумро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва боғпарварию бунёди дигар иншооти иҷтимоӣ шароит фароҳам оварда истодаанд. Ҳамаи ин аз фазои насими истиқлол, ки ба наздикӣ 25-умин солгарди он дар ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад ва аз ғамхории ҳамаҷонибаву сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Алҳол чор мавзеи ҳудуди вилоят – дар маркази вилоят - шаҳракҳои Сайҳун, дар ноҳияи Мастчоҳ - Меҳробод, дар шаҳри Истаравшан - шаҳраки Баҳористон ва дар шаҳри Исфара - шаҳраки Моҳпарӣ обод гардида, сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Деваштич соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардида, вазъи иҷтимоии хешро беҳ месозанд. Ин шаҳракҳо дар ояндаи наздик дар харитаи ҷуғрофии кишвар маъво мегиранд.

Мо тасмим гирифтем, аз вазъи корбарӣ дар мавзеи Моҳпарии шаҳри Исфара огоҳ гардем. Бо ин мақсад ҷониби шаҳри офтобӣ ва ҳамешабаҳори Исфара роҳ паймудем. Метавон гуфт, вазидани насими истиқлол дар шаҳру навоҳӣ эҳсос мегардад. То ба шаҳри Исфара расидан аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом гузар мекунем. Роҳҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом обод асту мардумонаш бо чеҳраи кушод ба корҳои хоҷагӣ машғуланд. Ободонӣ дар ин ҷойҳо низ хеле назаррас аст. Чун вориди шаҳри Исфара гардидем, нахуст моро ронанда аз мавзеи Моҳпарӣ ошно сохт. Дар ҳақиқат мавзеъ ба худ номи муносиб гирифтааст. Он дар домани кӯҳ ҷойгир шуда, заминаш ҳамвор асту сабз. Дар ҳар куҷо иморати нимтамом ва ё таҳкурсии он гузошта шудааст. Аз набзи ин мавзеъ аён аст, ки субҳи зиндагӣ дар ин ҷо оғоз хоҳад шуд. Аммо, шароит, ҳолати оби ошомиданӣ ва полезӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва хизматрасонии маишӣ чӣ гуна ба роҳ монда хоҳад шуд? Бо ин мақсад ҷониби шаҳри Исфара – макони боғдорон шитобидем.

Пешвои миллат - роҳнамои миллат

Тавре аз сӯҳбат бо чанде аз мутахассисони соҳоти мухталиф аён гардид, ободонии ин мавзеъ ҳанӯз солҳои 1990-1995 бо пешниҳоди Пешвои миллат ба нақша гирифта шуда будааст. Бо баъзе сабабҳо ҳалли масъалаи мазкур нотамом монда, соли 2012 боз ба ин масъала баргаштаанд. Муҳимтар аз ҳама, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-июни соли 2012 «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» қабул карда шудааст. Алъон бо ҷонибдории Пешвои миллат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ доир ба масъалаи мазкур чораандешӣ шуда истодааст.

Дасти инсон гул офарад...

Тавре ёдовар гаштем, соли 2012 барои сохтмони хусусӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 830 гектар замин дар мавзеи Моҳпарӣ, ки солҳои зиёд ташналаб буду ҳамчун мавзеи чарогоҳ истифода бурда мешуд, ба мардум ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардид. Барои обёрӣ кардани заминҳо зиёда аз 11 км канал кофта шуда, таъминот бо оби ошомиданӣ низ дар ин макон ҳалли мусбии худро меёбад.

- Соли 2012 тибқи қарори раиси шаҳри Исфара тақсимоти замини наздиҳавлигӣ барои сокинони ин маҳал ва бунёди мавзеи шаҳраки “Моҳпарӣ 1” ва “Моҳпарӣ 2” оғоз гардида буд. Дар маҷмӯъ, аз масоҳати умумии 830 гектар барои минтақаи Моҳпарӣ 1 дар масоҳати 410 гектар замин ҷудо шудааст. Азбаски дар 45 гектари он қубурҳои калони зеризаминии газ гузаштааст, тибқи лоиҳаи бунёди шаҳраки мазкур дар он ҷо боғи мевадор бунёд мегардад. Ҳамчунин, дар минтақаи мазкур сохтмони ду мактаби миёна, 6 боғчаи бачагона, 4 ҳаммом ва дар қади кӯча 50 бинои чорошёнаи истиқоматӣ сохта хоҳад шуд. Аз ҷумла, иншооти иҷтимоӣ, аз қабили бозор дар масоҳати қариб 2 гектар, бунгоҳи тиббӣ, тарабхонаву ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ, мағозаҳои хурду калон, марказҳои хизматрасонӣ низ пешбинӣ шудааст, - мегӯяд Шокир Холиқов, сардори Корхонаи фаръии воҳиди давлатии лоиҳакашии шаҳри Исфара.

То имрӯз сохтмони мактаби миёна барои 1250 хонанда оғоз гардида, ошёнаи якуми он дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин, барои дастрасии мардум ба масолеҳи сохтмонӣ бозори аввалиндараҷа сохта шуда, ҳамагуна маводи сохтмониву бинокорӣ ба харидорон муҳайё гаштааст. Тибқи лоиҳа кӯчаи марказии шаҳрак паҳноиаш 28 метр, дарозиаш қариб 700 метр мебошад. Алҳол корҳои ҳамвору шағалпӯшкунии кӯчаи асосӣ, ободонӣ, аз ҷумла шинонидани сутунҳои қадди роҳ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ин самт корҳо ба субот расонида мешавад.

Маблағгузории сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ тибқи лоиҳа аз маблағҳои ҷумҳуриявӣ сурат гирифта, боқимонда асосан аз маблағҳои вилоятӣ ва худи шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки қарору сертификат супорида шудааст, идораи лоиҳакашии мо лоиҳаҳои мухталифро ба маблағи аз 136 сомонӣ то 600 сомонӣ ба мардум пешниҳод намуда, онҳоро саривақт бо лоиҳаҳо таъмин менамояд. Аз ҷониби мутахассисон селроҳа ва ғайраҳо низ ба назар гирифта шудааст.

Масъулини соҳаи лоиҳакашиву тарҳрезии бунёди шаҳрак изҳор доштанд, ки то имрӯз аллакай ба 2500 нафар ва ба наздикӣ боз ба зиёда аз 200 нафар эҳтиёҷмандони шаҳри Исфара қитъаи        наздиҳавлигӣ ба ҳар оила 6 сотихӣ тақсим карда мешавад. Бояд гуфт, ки тибқи лоиҳа дар сари кӯчаҳои шаҳрак биноҳои дуошёнагӣ аз тарафи шаҳрвандон сохта мешавад. То имрӯз қариб 20 фоизи аҳолӣ дар мавзеи мазкур сохтмони хонаҳоро оғоз карда, баъзеашон аллакай дар онҷо зиндагӣ доранд.

Муаммои муҳоҷир ва ҳалли он

Ҷоизи қайд аст, ки барои ҳавасманд намудани мардум, зиёда аз 100 оила тариқи муҳоҷиркунонии дохилӣ бо кӯмакпулиҳои махсус ба ин мавзеъ кӯчонида шудаанд. Барои онҳо маблағҳои грантӣ то 3000 сомонӣ кӯмак карда шудааст, ки аз он танҳо 1 ҳазору 500 сомониашро дар муддати 3 сол пардохт мекунанд. Ин иқдом низ аз ҷониби Раиси вилоят пешниҳод шуда буд, ки барои дастгириву некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст. Муҳоҷирони дохилӣ асосан аз ҷамоатҳои Навгилем, Шаҳрак ва Сурх бештар буда, барои сокиноне, ки тибқи хулосаи комиссия муҳоҷир эълон мешаванд, пешбинӣ шудааст.

- Киҳо ҳуқуқи муҳоҷир шуданро доранд ва андозаи имтиёзи онон чӣ қадар аст?

Дар ин бобат Ҳусейнҷон Зоҳидов – мудири бахши муҳоҷирати дохиливу экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд чунин посух дод:

- Ҳанӯз 3 –юми декабри соли 2012 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз шаҳру навоҳии камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015» ба тасвиб расида ва дар ин асос қарори Раиси вилоят таҳти № 341 аз 28-декабри соли 2012 имзо шуда буд. Тибқи нақшаи ин қарор дар шаҳри Исфара дар солҳои 2013-2014 қариб сад оила ба мавзеи Моҳпарӣ аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара ба таври муҳоҷирони дохилии ихтиёрӣ бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд.

- Киҳо метавонанд ҳамчун муҳоҷири дохилӣ ба қайд гирифта шаванд?

- Мардони аз синни 18 то 63-сола ва занони аз 18 то 58 солае, ки соҳиби на кам аз ду фарзанди қобилияти корӣ дошта бошанду ба номашон ягон хоҷагӣ ё ҳавлӣ номнавис нашудааст, метавонанд чун муҳоҷири дохилӣ ба қайд гирифта шаванд.

 Муҳоҷирони дохилӣ дар навбати худ дорои як қатор имтиёзҳо буда, аз ҷумла ба онҳо бе навбат қитъаи замин дода мешавад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят комиссияи босалоҳият ташкил гардида, онон пас аз дида баромадани ҳуҷҷатҳои аризадиҳандагон чун муҳоҷирони дохилӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ба муҳоҷирони дохилӣ тариқи Бонки давлатии “Амонатбонк” аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қарзҳои имтиёзнок барои 3 сол пешбинӣ шудааст, ки онон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ соҳиби маблағ шуда метавонанд. Қарзҳои имтиёзнок барои 5 сол дода шуда, дар 2 соли охир танҳо 50 фисади он баргардонида, 50 фоизи дигараш аз ҷониби маб-лағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯйпӯш карда мешавад.

Обу ободонӣ

Об ҳаст - ободонӣ ҳаст, мегӯянд. Набзи зиндагӣ дар ин макон эҳсос мегардад ё не? То он даме ки таъминот бо қувваи барқ ва оби ошомиданӣ ва полезӣ аз ҷониби мутасаддиёни соҳаҳои мазкур ба таври мусбӣ ҳалли худро наёбад, аҳолӣ сад фоиз ва ё бо хотири ҷамъ ба ин мавзеъ нахоҳанд рафт. Дар бобати таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ сардори Қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Исфара Абдуманнон Мирҷаъфаров чунин изҳори андеша намуд:

- Ҳанӯз соли 2013 ба ин мавзеъ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11,7 километр лӯлаҳои диаметраш 315 хобонда шуд. Соли равон бо мақсади идомаи кор аз буҷаи вилоят 6,5 миллион сомонӣ маблағ, ки аз ин 4 миллион сомониаш барои хатти дохили мавзеъ ва 2,5 миллион сомониаш барои ду ҳавзи ғунҷоишаш ду ҳазор метри мукааб равона гардид. Тибқи нақшаи амалкардаистода то моҳи июл ин ду ҳавзи захиравӣ бояд бунёд карда, то анҷоми сол бошад, вазъи оби ошомиданӣ ва полезӣ беҳтар хоҳад шуд. Алҳол, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ корҳои заминҳамворкунӣ ва кофтани ҳавз рафта истодааст.

- Дар корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ мушкилоти асосиро дар чӣ мебинед? - пурсидем аз А.Мирҷаъфаров.

- Мушкилоти асосии мо имрӯз танҳо ҳамин аст – кашидани хатти оби нӯшокӣ ва полезӣ, ки дар ин самт кор рафта истодааст, -изҳор дошт ӯ. Боиси шодмонист, ки ба масъалаи мазкур Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ низ эътибори хоса дода, борҳо аз ин мавзеъ дидан намуда, дар ин бобат Идораи сохтмони асосии (УКС)-и вилоятро вазифадор сохтаанд. Лоиҳаи кофтани ҳавз соли 2012 омода гардида буд ва алҳол бошад, бо воситаи қубурҳои обкашӣ ба мавзеи Моҳпарӣ об бурда истодаем. Дигар лоиҳа бошад, ба коргоҳи «Суғдлоиҳакаш» пешниҳод гардидааст. Лоиҳа ва пудратчиҳо пурра омода ва корҳо дар ин раванд идома доранд.

Дар нақшаи генералӣ ҳаст, аммо...

Вақте инсоният аз ду чиз танқисӣ мекашад - оби ошомиданиву нерӯи барқ, дар масъалаи      зистан, ободонӣ дасткӯтоҳ аст. Чунин норасоӣ дар мавзеи Моҳпарӣ низ шояд ба назар мерасид, агар мутасаддиён сари вақт аз паси ҳалли мушкилоти мавҷуда намегардиданд. Хушбахтона, оби ошомиданӣ ва полезӣ алҳол ҳалли худро ёфта истодааст, аммо масъалаи дастрасии қувваи барқ дар кадом ҳолат қарор дорад? Дар ин бора посухи сардори Шабакаи барқи шаҳри Исфара Мансур Ҷӯраев чунин буд:

- Аз шаҳри Конибодом ба ҷониби шаҳри Исфара ва Ҷамоати шаҳраки Шӯроб хатти барқи 110 киловолта мегузарад, агар аз ҳамин минтақа пайваст намоем, тибқи нақшаи муқарраргардида      наздик ба 5,5 ҳазор хоҷагӣ хизмат хоҳад кард. Дар ин бобат ба мутасаддиёни “Барқи тоҷик” муроҷиат кардем. Масъалаи мазкур ба нақшаи генералии ободонии шаҳри Исфара ворид гардидааст, агар он ҳалли худро меёфт, мавзеъҳои Моҳпарӣ ва Нурафшон чароғон мегардид.

Чунонки масъулин зикр доштанд, бунёди шаҳраки Моҳпарӣ дар нақшаи генералии рушди Исфара барои солҳои 2013-2017 махсус қайд ёфта, аз ҷумла дар самти чароғонкунӣ низ корҳои зиёде ба анҷом расонида хоҳад шуд.

-Дар раванди бо барқ таъмин намудани аҳолии мавзеъҳои Моҳпарӣ ва Нурафшон аз ҷониби кормандони идораи барқи ноҳия барои кашидани хатти нерӯи барқ ҳама лавозимоти зарурӣ, аз қабили трансформатор, ноқилҳои гуногунҳаҷм ва ғайраҳо ба сметаи хароҷот омода ва ба роҳбарияти Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” пешниҳод шудааст, ки маблағи умумии он 1 миллиону 520 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи он ирсол гардидааст. Масъулини «Барқи тоҷик» дар навбати худ изҳор доштанд, ки бо назардошти шароити молиявӣ то соли 2020-ум он амалӣ хоҳад гашт,- мегӯяд Мансур Ҷӯраев.

Дар марҳалаи аввал, мо бо истифода аз иқтидорҳое, ки дар ноҳия мавҷуд аст, метавонем 4-5 трансформаторро пайваст намоем. Масалан, соли 2012 дар Ҷамоати шаҳраки Ким ду адад трансформатори корношоямро аз Ҷамъияти саҳҳомии “Чароғ” ба мувозинаи шабакаи ноҳия қабул намудем. Дар сурати таъмири агрегатҳои он мо метавонем дар марҳилаи аввал қисман ҷамоати шаҳракҳои Ким ва Моҳпариро таъмин намоем. Барои таъмири таҷҳизоти трансформатор ба мутахассисони шабакаи барқии шаҳри Истаравшан муроҷиат намудем ва дар назар аст, ки то охири соли равон ин масъала ҳалли худро дарёбад.

Дар фарҷом

Мегӯянд, ки дасти инсон гул меофарад. Замоне мавзеъҳои ноҳияи Зафаробод, Мастчоҳ ва маҳаллаҳои «Чашма»-и шаҳри Хуҷанд макони ноободро мемонд. Қудуми инсоният ба он мавзеъҳо расиду имрӯз он ҷойҳо обод асту мардумаш дар чаманистон зиндагӣ доранд. Мавзеи Моҳпарии шаҳри Исфара низ бо иқдоми инсонҳои гулпарвар ба гулистон бадал хоҳад шуд. Мо тасмим гирифтем, аз ин мавзеъ, ободонии он, иқдомҳои шоистаи мардуми боғпарвари исфарагиён сари чанд вақт муштариёни рӯзномаро огоҳ созем.

Чунин иқдом дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам идома дорад. Дар ин радиф муҳаббат ва эътиқод ба обу хоки ватан, ба маҳалли зисти пештараву ҳозира, наву минбаъда боз ҳам қавӣ гардида, сарсабзии ҳаёти бомароми мардумонро босафо ва муҷалло мегардонад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
Маъмурахон САМАДОВА

 

 

Add comment


Security code
Refresh