Ҳадаф: татбиқи лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ

Бобати огаҳӣ ёфтан аз рафти фаъолияти имрўзаи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар тақозо бо солҳои гузашта, ҳамчунин аз ҷараёни корҳои истеҳсолии субъектҳои он маълумоти бештар пайдо намудан бо роҳбари он Фирдавс Алимов ҳамсўҳбат шудем.

Ў изҳор дошт, ки алҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 27 субъект ба қайд гирифта шудааст. Тибқи ҳисоботи омории охирин 13 субъект бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул буда, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва корҳои ободонӣ машғуланд. Давоми соли 2015 маҷмўи умумии маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содиротӣ ба 57,3 млн. сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014-ум 12,3 млн. сомонӣ зиёд аст.

Ҳамчунин, бобати содироти маҳсулот масъулин изҳор доштанд, ки ҳоло бозори фурўши маҳсулотҳои субъектҳо ба ғайр аз Тоҷикистон кишварҳои Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ўзбекистонро дарбар гирифта, ҳаҷми сармоягузории мустақим аз оғози соли 2015 ба маблағи 12 млн. сомонӣ ва аз оғози фаъолияти минтақа зиёда аз 50,3 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

- Бояд қайд кард, ки дар соли равон 3 субъекти нав - ҶДММ “Роял Корпорейшн”, Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷаҳони нав ММ” ба қайд гирифта шуд.

Субъекти нав - ҶДММ “Роял Корпорейшн” истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонии қувваи барқи каммасрафкунандаро ба нақша гирифтааст, ки ин намуди маҳсулот барои Тоҷикистон хеле зарур аст. Дар заминаи корхонаи мазкур истеҳсоли қолаби доимӣ, панелҳои гармиҳифзкунанда, плиткаҳои ороишӣ ва васлу насби техникаи электронӣ ташкил мегардад ва 80 фоиз сармоягузорӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ҷалб карда, технологияи истеҳсолӣ аз Италия ва Чин ворид хоҳад гашт.

Субъекти нави дигар - Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд” мебошад, ки тибқи лоиҳа дар он тайёр намудани мутахассисони болаёқат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла технологҳо дар соҳаи маишӣ, сохтмон, нақлиёт ба нақша гирифта шудааст. Базаи техникӣ ва таълимии муассиса омода шуда истодааст, масъалаи ҷалби устодони баландихтисос низ ҳалли худро ёфтааст. Дар соли 2015 муассисаи таълимии мазкур наздик 200 нафар донишҷўро қабул кард.

Субъекти сеюм - ҶДММ «Ҷаҳони нав ММ» бо истеҳсоли гили ороишӣ ва маҳсулоти рангуборкунӣ машғул хоҳад шуд. Тавассути ҷорӣ намудани технологияи пешқадами олмонӣ хароҷоти истеҳсолӣ ба таври назаррас кам мегардад ва ба ин васила сифати маҳсулот ва корҳои сохтмонӣ баланд мешавад. Мувофиқи лоиҳа истеҳсоли 25 намуди гили ороишӣ бо 40 ранги гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳолати аз худ намудани бозор, ин ширкат тасмим дорад, номгўи маҳсулоти истеҳсолиро васеъ намояд ва истеҳсоли дигар намуд маҳсулоти сохтмониро ба роҳ монад. Ширкат 80 фоизи маҳсулоти истеҳсолшударо ба кишварҳои хориҷӣ содир хоҳад кард. Бозори фурўш кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонис-тон ва Россия мебошад.

ҶДММ «Ҷаҳони нав ММ» дар соли 2016 таҳти бренди "ӣӯkotas ӣoya" истеҳсоли маҳсулотро шурўъ хоҳад кард,- афзуд роҳбари минтақа.

Дар қатори кушодашавии иншооти нав дар вилояти Суғд, ново-баста ба таъсири манфии бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ зимни рўзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боз як корхонаи нав, Корхонаи коркарди чўбу тахтаи “Арча”-ро, ки дар назди ҶДММ “Фортуна Ко” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Зимни сўҳбат директори генералии коргоҳи мазкур Хуршед Ғафуров изҳор дошт, ки бунёди Корхонаи коркарди чўбу тахтаи “Арча” дар назди ҶДММ “Фортуна Ко”, ки аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат сарчашма мегирад, ин мусоидат намудан барои таъмини ҳаёти сазовори иҷтимоӣ барои халқи Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ, тақвияти нерўи содиротии давлат мебошад

Бо назардошти ин ҳадафҳо соҳибкори ватанӣ истифода аз имтиёзҳои МОИ “Суғд” бо ҷалби сармояи хориҷӣ Корхонаи истеҳсолии масолеҳи сохмонии «Арча»-ро дар назди ҶДММ «Фортуна-Ко» ба роҳ монд.

Корхона истеҳсоли зиёда аз 60 намуди дарҳои байниҳуҷравӣ, тирезаҳои замонавии «Евро-окна», 6 намуди зертахтаҳо ва зиёда аз 30 намуди ҳархелаи чўбин (карниз, плинтус)-ро ба роҳ мондааст.

Ҷоизи қайд аст, ки дар ин корхона зиёда аз 80 нафар сокини маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дар рафти сўҳбат роҳбарияти минтақа дар бобати нақшаҳои минбаъда ҳарф зада, изҳор дошт, ки миқдори умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ “Суғд” аз оғози фаъолият наздик ба 400 нафар расида, дар самти ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва таъсиси корхонаи нав мунтазам фаъолият бурда истодааст. Ҳоло наздик бо 20 довталаби хориҷиву ватанӣ барои таъсиси корхонаҳо гуфтугузор давом дошта, ҳуҷҷатҳои аз ҷониби довталабон пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ҳамзамон, дар самти ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармоя- гузорон бо мақсади дар амал татбиқ намудани якчанд лоиҳаҳои бузурги инвеститсионии маъмурият, ба монанди сохтмони роҳи оҳан, маркази логистикӣ, намоишгоҳи байналмилалӣ, сохтмони инфрасохтори аввалия ва ғайра корҳои амалӣ давом дошта, ҷиҳати ҳарчи тезтар татбиқ намудани лоиҳаҳо кўшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад,- таъкид намуд Фирдавс Алимов.

Маъмурахон САМАДОВА

Add comment


Security code
Refresh