Абдураҳмон Қодирӣ: Кормандони мақомоти андоз сазовори қадршиносианд!

Дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти андоз чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сардорону кормандони раёсатҳои андози вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

Чорабиниро сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Бахтиёр Султон ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти андоз ба яке аз ниҳоди пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфтааст ва дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Дар вилояти Суғд низ фаъолияти ин мақомот сол аз сол беҳтар ва шароитҳои корӣ хубтар мегардад, ки дар ин самт саҳми бевосита ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти вилоят, бахусус Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ шоиста мебошад.

Абдураҳмон Қодирӣ кулли кормандони мақомоти андози вилоятро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният намуда, зикр дошт, ки мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуд.

Самараи саъю талош ва меҳнати кормандони мақомот буд, ки нақшаи даромади буҷет дар 4 моҳи аввали соли 2016 дар вилоят 105% таъмин гардид, ки дар ин комёбӣ саҳми кормандони раёсатҳои андози шаҳру навоҳии Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Гулистон ва Деваштич басо арзанда аст. Абдураҳмон Қодирӣ баробари зикри дастовардҳо аз омилҳои мавҷуда бобати таъмини нақшаи буҷет ҳарф зада, таъкид дошт, ки давоми ду соли охир дар вилоят беш аз 300 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, дар заминаи ислоҳоти соҳа наздик 62 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил гардиданд, ки заминае барои таъмини пурсамари нақшаи буҷети давлатӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар вилоят беш аз 158 миллион сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст, ки метавон аз ин ҳисоб боз ҳам хазинаи давлатро ғанӣ сохт, - таъкид намуд Абдураҳмон Қодирӣ.

Раиси вилоят дар маҷмӯъ, фаъолияти мақомоти андози вилоятро хуб арзёбӣ намуда шоистаи қадршиносӣ номид ва ба якчанд кормандони фаъоли мақомот Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро дар вазъияти тантанавӣ тақдим дошт ва изҳори боварӣ намуд, ки дар соли ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомот боз ҳам ба дастовардҳои хуб ноил мегарданд.

Дар тантана муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода низ иштирок ва суханронӣ намуда, аз номи роҳбарияти Кумитаи андоз сипоснома ва рутбаҳои навбатии хизматиро ба кормандони пешқадами мақомоти андози вилоят супорид.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ собиқадори соҳаи андоз Абдуллоҷон Орифов ва мутахассиси ҷавон Шаҳноза Хоҷаева оид ба фаъолияти худ дар мақомоти андоз ва саҳми он дар пешрафт, ободонӣ ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф заданд.

Дар фарҷом барномаи пурмӯҳтавои фарҳангӣ ба иштирокдорон пешкаш гардид.   

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh