Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони гурӯҳи холдингии «Юнан»-и ҶМЧ

Санаи 2-юми июли соли равон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндагони гуруҳи холдингии сармоягузорӣ-сохтмонии «Юнан»-и Ҷумҳурии мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилояти Суғд ҳайати бисёрнафараи меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт ва ҷонибхо оид ба муносибатоти ҳасана ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Роҳбарияти вилоят таваҷҷӯҳи меҳмононро ба иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намуда, изҳор дошт, ки вилояти Суғд водии имкониятҳо барои сармоягузорӣ маҳсуб меёбад ва дар заминаи он дар ҳамаи бахшҳо ҳамкориҳо тақвият меёбанд. Таъкид гардид, ки имрузҳо бунёди шаҳраки нави Сайҳун бомаром идома дошта, имконият медиҳад, ки сармоягузорони хориҷӣ дар бунёди як қатор инфрасохтори шаҳрак саҳмгузорӣ намоянд ва ин амал ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд. Раиси вилоят дар идомаи сӯҳбат доир ба дурнамои сохтмони якчанд иншооти муҳим, аз қабили сохтмони роҳи оҳан тавассути соҳили рости шаҳри Хуҷанд, бунёди меҳмонхонаи наву замонавӣ дар маркази вилоят, Маркази гармидиҳӣ ва неругоҳҳои хурду бузургӣ барқӣ-обӣ изҳори назар намуд. Дар мавриди бунёди корхонаҳои коркарди партов гуфта шуд, ки ташкили чунин корхонаҳо дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд мувофиқи мақсад мебошад. Зеро шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дорои аҳолии зиёд мебошанд, ба шаҳри Хуҷанд наздик буда,  корхонаи коркарди партов дар ин шаҳру навоҳӣ феълан вуҷуд надорад.  Ҳини  мулоқот Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷӯҳи меҳмононро ҳамчунин ба соҳаи сайёҳӣ низ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки минтақаи Суғд дорои зиёди мавзеъҳои сайёҳӣ буда, ҷалби сармоягузорӣ ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони гуруҳи холдингии сармоягузорӣ-сохтмонии «Юнан»-и Ҷумҳурии мардумии Чин доир ба ҳадафи сафарашон ба вилояти Суғд ва имкониятҳои ширкат маълумоти муфассал доданд. Ширкати мазкур дар Чин яке аз бузургтарин корпоратсияи сармоягузорӣ мебошад, ки асосан ба сохтмони инфрасохтор барои рушди кишварҳо сармоягузорӣ мекунад. То ҳол ин ширкат дар кишварҳои Лаос ва Африқо бо корҳои сохтмонӣ машғул ҳаст. Аз соли ҷорӣ онҳо ният доранд сармоягузориро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба амал оранд. Аз ин лиҳоз аввалин кишваре, ки бо як ҳайати калон иборат аз сарварони ширкатҳои  холдинги мазкур дар сохтмони роҳ, инфрасохтори шаҳрҳо, нерӯгоҳҳо, сохтмони меҳмонхонаҳо шомил буданд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Гурӯҳи холдингии сармоягузорӣ-сохтмонии «Юнан»-и Ҷумҳурии мардумии Чин зиёда аз 26 млрд. доллар сармоя дорад. Алҳол барои сармоягузорӣ зиёда аз 8 миллиард доллар маблағи озод дорад. Соли гузашта аз ҷониби ширкат 50 иншооти бузург ба истифода дода шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh