Шиносоии намояндагони гурӯҳи холдингии «Юнан»-и ҶМЧ бо шаҳраки Сайҳун ва МОИ «Суғд»

Пас аз мулоқот бо Раиси вилояти Суғд намояндагони гуруҳи холдингии сармоягузорӣ-сохтмонии «Юнан»-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз якчанд мавзеъҳои вилоят боздид ба амал оварданд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба меҳмонон иттилоъ дод, ки иншооти сохташавандаи дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои театри рақс ва бинои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст. Дуртар аз ин мавзеъ, дар наздикии соҳили дарёи Сир мувофиқи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд бунёди меҳмонхонаи наву замонавӣ мутобиқ ба талаботҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Гуфта шуд, ки меҳмонхона бисёрошёна буда, дорои шароити хуби истироҳатӣ ва имкониятҳои муосир хоҳад буд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати меҳмонон аз шаҳраки Сайҳун дидан намуда, иттилоъ ёфтанд, ки ба шаҳраки нави Сайҳун то имрӯз оби нӯшокии хушсифат оварда шуда, ҳамчунин оби полезӣ аз дарёи Сир ва хати барқу ташноб то маркази шаҳрак кашида шудааст. Дар шаҳраки нави Сайҳун 20 микроноҳия ташкил шуда, сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматии 9-15 ошёна, мактабу беморхона, варзишгоҳ, марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар 1000 гектар заминҳои атрофи шаҳри Сайҳун боғҳои интенсивии зардолую сиёҳолу ва шафтолую бодом, ки меваҳои содиротӣ ба шумор мераванд, бунёд карда мешавад. Обёрию ободонии ин мавзеъ дар се марҳила сурат гирифта, дар 7000 гектари он боғҳои интенсивии содиротӣ бунёд меёбад. Меҳмонон аз боғи интенвсивӣ, ки соли гузашта бунёд ёфта буд, дидан намуда, ба усули нави обёрӣ, яъне обёрии қатрагӣ таваҷҷӯҳ намуданд. Дар ин боғ дар майдони 5 гектар ниҳоли шафтолу ва дигар дарахтони мевадиҳанда шинонида шуда, нашъунамои хуб доранд. Муовини Раиси вилояти Суғд ба меҳмонон маълумот дод, ки минтақаи Суғд барои парвариши зардолу, сиёҳолу ва дигар меваҳои содиротӣ хеле мувофиқ мебошад. Шаҳодати ин гуфтаҳо он аст, ки соҳибкорони ватанӣ ин номгӯи меваҳоро ба давлатҳои дуру наздик содирот намуда, таваҷҷӯҳи хориҷиён ба меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Минтакаи озоди иқтисодии «Суғд» низ мавриди таваҷҷӯҳи ҳайати меҳмонон қарор гирифт. Зимни баррасии имкониятҳо, мақсад ва дурнамои минбаъдаи фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» иттилоъ дода шуд, ки минтақаи мазкур соли 2008 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз таъсиси он рушди соҳаи соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти худӣ, дастгирии соҳибкорон ва ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ гардид. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз 27 субъекти мавҷуда, 8 субект муштарак буда, фаъолияти босамар доранд. Аз лиҳози ҷойгиршавӣ минтакаи озоди иқтисодии «Суғд» мувофиқ мебошад, зеро ду истгоҳи роҳи оҳан ва Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дуртар аз минтақа буда, барои ҳамли молу маҳсулот мусоидат мекунад.

Зимни гуфтушунидҳо асосан таваҷҷӯҳи меҳмонон барои амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои судманд, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан, маркази логистикии нақлиётӣ ва дигар иншооти муҳим ҷалб карда шуд. Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои судманд дар оянда самараи нек ба бор хоҳанд овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh