Ҳар иқдоми нек натиҷабахш аст!...

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмўъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Аз Паёми Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар бобати фаъолияти Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка» дар шаҳраки Консойи шаҳри  Гулистон бо ёвари директори генералӣ Лоҳур Нарзишозода ҳамсўҳбат шудем. -Корхона моҳи апрели соли 1996 дар заминаи кони Қайроққуми Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктилло» бо ҷалби сармоягузорони хориҷии ширкати канадагии «ГАЛФ интернешнл минералз ЛТД» таъсис дода шудааст, - изҳор дошт мусоҳиби мо.

- Давоми солҳои 1996 - 2000 корҳои ҷустуҷўӣ - геологӣ ва ҷамъоварии ахбороти таҳлилии геологӣ гузаронида, барои зиёд намудани захираи ашёи хоми маъдани корхона маълумотҳои даркорӣ ба даст оварда шуданд.

Инчунин, дар ин муддат барои истифодаи истеҳсолоти кўҳӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба тартиб дароварда шуда, оғози бунёд ва барқарор намудани фабрикаи заршўӣ сурат гирифт. Соли 2002-юм дар фабрикаи заршўӣ коркарди маъданҳои конҳое, ки дар мувозинаи корхона буд, ба роҳ монда шуд ва аз соли 2004 коркарди партови полоишгоҳ шурўъ гардид. Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадаи масъулияташ маҳдуди «Апрелевка» имрўз истихроҷ ва коркарди конҳои минтақаҳои Апрелевка, Бургунда, Қизил - Чеку, Иккиҷелон ва полоишгоҳро ба зимма дорад.

Корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз корхонаҳои пешқадамтарини вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 2001 инҷониб бо маблағи зиёда аз 876,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат бештар аз 164 миллион сомонӣ андоз ворид шудааст.

Айни ҳол дар корхона зиёда аз 900 нафар шаҳрвандон меҳнат мекунанд ва музди миёнаи маоши онҳо 2100 сомонӣ мебошад. Ба масъалаи шароити иҷтимоии кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва тамоми шароит барои онҳо фароҳаманд. Дар шаҳраки Консой ва дохили фабрика ошхонаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҳайё гардида, кормандон бо хўроки гарм ва серғизо таъмин мебошанд. Барои шаҳрвандоне, ки аз мавзеъҳои дурдаст ба кор ҷалб шудаанд, дар шаҳраки Консой хобгоҳи замонавӣ бо тамоми шароити маишиаш пешниҳоди онҳост.

Корхона дар раванди корҳои ободонию созандагии шаҳр ҳиссаи арзанда дорад. Аҳолии шаҳраки Консой бо оби ошомиданӣ таъмин карда шудаанд. Сохтмони партовҷойҳо, чароғонкунии кўчаҳо, бунёди варзишгоҳ, дастгирии муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тамоми масъалаҳои инфрасохторӣ аз тарафи корхона амалӣ мегарданд. Оилаҳои ниёзманд ва ба кўмаку дастгирӣ эҳтиёҷдошта пайваста дар меҳвари ғамхорӣ қарор дошта, ба оилаҳои камбизоат ва маъюбон пайваста ёрии моддӣ расонида мешавад.

Сохтор ва фаъолияти коргоҳ дар асоси дастовардҳои илмии идоракунии истеҳсолот ба роҳ монда шудааст, ки он талаби замон мебошад. Ин аст, ки корхона ба бахшҳои алоҳида, аз ҷумла корҳои кўҳии кушода, корҳои кўҳии зеризаминӣ, фабрикаи заршўӣ, полоишгоҳ, тўдаи ишқорронӣ, сехҳои барқӣ - механикӣ, сохтмон, мошинсарой ва ғайра тақсим карда шуда, идораи онҳо дар шакли технологияи нав амалӣ мегардад.

Дар фабрикаи заршўии КММ «Апрелевка» аввалин маротиба технологияи ишқорронӣ истифода гардида, маъданҳои камфайзноки кони Бургунда барои коркард ба истеҳсолот ворид шуданд. Қобили зикр аст, ки ин тадбир таҷрибаи давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ пуриқтидори ҷаҳонӣ, аз қабили ИМА, Канада, Австралия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Мексика ва  Португалия буда, бо хароҷоти на он қадар зиёд коркард мешавад.

-Корхонаи мо яке аз аввалинҳо шуда, дар миқёси Осиёи Миёна бо ин роҳ ба коркарди маъданҳои тиллодори камфайз оғоз бахшид, - гуфт дар идомаи сўҳбат Лоҳур Нарзишозода.

- Бо ин роҳ инчунин, партовҳои истеҳсолии полоишгоҳ дар фабрикаи заршўӣ коркард шуда истодааст. Барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот бо ин васила иловатан чалакҳои нави ишқорронӣ дар ҳудуди фабрикаи заршўӣ гузошта шуданд. Ин тадбир танҳо василаи болоравии истеҳсоли маҳсулот набуда, балки бо ин роҳ зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳисса гузоштан дар рушди иқтисоди миллии мамлакат муҳим ба ҳисоб меравад.

Зимистони соли 2010, ки яке аз мукшилтарин давраи фаъолияти корхона ба ҳисоб мерафт. Вале роҳбарияти корхона рўҳафтода нашуд. Бо кўмаку дастгириҳои Сарвари давлат, роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди хатти барқӣ ва пайвастани он ба шабакаи ягонаи ҷумҳуриявӣ оғоз бахшиданд. Санаи 21-уми марти ҳамон сол бо маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ барои бо қувваи барқ таъмин намудани минтақаҳои Бургунда ва Тўда хатти интиқоли барқии 35 кВт сохта, ба истифода дода шуд.

Барои нигоҳ доштани фаъолияти истеҳсолии корхона ва рўз аз рўз беҳтар намудани шароити иқтисодии он тадбирҳо андешида шуданд ва дар ин самт дурнамои рушди корхона тарҳрезӣ гардид. Мувофиқи нақшаҳои таъмини иҷрои дурнамо барои пурра барқарор намудани фабрикаи заршўии шаҳраки Консой 9 млн. 618 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Барои беҳшавии фаъолияти кории минтақаҳои кўҳӣ бошад, 16 адад техникаи борбардор, 36 адад автомошинаи боркаш, 4 адад дастгоҳи пармакунӣ ва 8 адад экскаватори гуногунтамға харида шудааст. Ба маблағи зиёда аз 4 млн. сомонӣ бино ва иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва ёрирасон сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 2015 ҳам хелҳои зарурии техника ва таҷҳизоти ҳозиразамони кўҳкорӣ дастрас гардиданд.

Роҳбарияти корхона барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии коргарон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.  Дар давоми солҳои 2002-2016 нуфуси коргарон аз 220 нафар ба 922 нафар расонида шуд, ки аз онҳо 143 нафарашон занҳо мебошанд.

-Бо мақсади бо мутахассисони худӣ таъмин намудани корхона 30 нафар фарзандон ва худи коргарон дар Донишгоҳи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон ба таҳсил фаро гирифта шуда, маблағи таҳсили онҳоро пардохт намуда истодаем, - зикр намуд дар интиҳои сўҳбат ёвари директори коргоҳ.

Аз шиносоӣ бо ҷомеаи меҳнатии ин корхонаи муштарак дарёфтам, ки мутахассисону роҳбарияти нексиришти замони соҳибистиқлолӣ ба ҳар як кор, ки ба манфиати умум аст, бо чашми хирад менигаранд Аз ин ҷост, ки ҳар як иқдоми онҳо бобарор буда, дорои натиҷаҳои дилхоҳ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh