Вазъи роҳҳо ва истифодаи маблағҳои буҷетӣ беҳбудӣ мехоҳад!

Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилоят натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, асоснокии маблағҳои ҷудогардида, сифати роҳҳои навсохташуда ва таъмири роҳҳои дар истифода қарордошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар фаъолияти муассисаҳои дахлдор як қатор камбудиву қонунвайрокуниҳои ҷиддӣ вобаста ба сифати таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард, нигоҳдории роҳу пулҳо, азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои аз буҷети давлат ҷудогардида ҷой доранд.

 Дар минтақаҳои роҳҳои автомобилгарди Шӯрча – Рӯдакӣ (Панҷакент), Куркат – Ширин (Спитамен), Ғафуров – Булоқ – Пунгон (Бобоҷон Ғафуров), шаҳраки Адрасмон, Исфара – Ворух, шаҳраки Шӯроб (Исфара) ва маркази ноҳияи Деваштич дар маҷмӯъ дар масофаи беш аз 85 км роҳҳо таъмирталаб буда, қисми роҳҳо ба фарсудашавӣ омада расидааст, ки барои ҳаракати во-ситаҳои нақлиёт таҳдиди хатар ба миён меоранд.

Дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди вилоят аз рӯи меъёрҳои техникӣ ва қоидаҳои ҳаракати роҳҳои автомобилгард ба ҷойи беш аз 17,8 ҳазор 13,8 ҳазор аломати роҳ гузошта шудааст, ки 4 ҳазор адад кам мебошад.

Бояд қайд кард, ки набудани аломатҳои роҳ ҳаракати иштирокчиёни роҳ ва меҳмонони бори аввал ташрифовардаро хеле мушкил мегардонад.

Дар давраи таҳти санҷиш қарор гирифта, азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои буҷетӣ ҳангоми будани корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард, дар фаъолияти МДНРА ноҳияи Деваштич ба маблағи 9870 сомонӣ, МДНРА-и ноҳияи Шаҳристон 1752 сомонӣ, МНДРА-и ноҳияи Ашт 23886 сомонӣ, ҶДММ «Хуҷандроҳ» 138632 сомонӣ, ҶДММ “Роҳи обод” 22820 сомонӣ ва ҶДММ “Манзил-2014” 7383 сомонӣ ошкор карда шудааст.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва ширкатҳои роҳсозӣ дар баъзе қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо сифати паст ва ғайристандартӣ корҳои таъмирӣ ва азнавсозӣ гузаронидаанд, ки дар муддати кӯтоҳ он роҳҳо фарсудаву таъмирталаб гаштаанд.

Санҷиши вазъи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ барои солҳои 2016-2017 нишон дод, ки дар Муассисаҳои давлатии назорати роҳҳои автомобилии вилоят захираи маводҳои зиддилағҷиш, тибқи нақша 6,8 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Новобаста ба ин аз ҷониби муассисаҳои мазкур маводи зидди лағҷиш ба андозаи зарурӣ захира карда нашудааст. Аз ин рӯ, ба дараҷаи дахлдор таъмин намудани нигоҳдорӣ ва беха-тарии роҳҳои автомобилгард дар фасли зимистон ҳангоми бориши барф ва яхбандӣ мушкилоти кор хоҳад шуд.

Баҳри беҳтар намудани ҳолати нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, асоснокии маблағҳои ҷудогардида, сифати роҳҳои навсохташуда ва таъмири роҳҳои дар истифода қарордошта ва таъмин намудани маводи зиддилағҷишӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh