Сифати маҳсулот чӣ гуна аст?

Соли 2016, яъне соли ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бо дастовардҳову бунёди иншооти беҳтарин, аз ҷумла сохта, ба истифода додани коргоҳҳои нави саноатӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Бахшида ба ин ҷашни бошукўҳ як қатор иншооти ҷашнӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ низ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Дар ин радиф дар ноҳияи Спитамен коргоҳи нави саноатӣ- хатти истеҳсоли қубурҳои металлии гуногунҳаҷм ба фаъолият шурўъ кард. Ба кор оғоз кардани ин коргоҳ натанҳо дар ҳаёти мардуми ноҳия, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рўйдоди фараҳбахш маҳсуб меёбад.

Оид ба фаъолияти имрўза ва сифату хусусиятҳои хоси маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳи саноатӣ бо масъулини соҳа, роҳбарияти он ва истифодабарандагони ин ашёи сохтмонӣ сўҳбате доштем, ки мухтасаран пешкаши хонандагон менамоем:

Озифхон Шарифзода - мудири шўъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят:

- Дар зарфи чанд соли охир дар мамлакат, аз ҷумла дар вилоят даҳҳо корхонаҳои нав таъсис ёфтаанд, ки онҳо, бешубҳа, ба рушди устувори иқтисоди миллиамон ва муҳимтар аз ҳама, бобати бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани мардум такони ҷиддӣ мебахшад.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҶСП «Норд Азия Металл» натиҷаи таваҷҷўҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибкорони мамлакат аст, ки аз самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сарчашма мегирад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида, барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир беш аз 23 млн. сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн. сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад.

Дар корхонаи навбунёд асосан лўлаҳо ва профилҳои металлии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда, иқтидори солонааш баъди пурра ба кор даромадани корхона 60 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр мебошад. Ҳоло роҳбарияти корхона азм гирифтааст, ки то охири соли ҷорӣ ба 50 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кунад.

Бино ба гуфти масъулин корхона барои коркарди маҳсулоти бинокории аз металл нигаронидашуда, ашёи хомро аз давлатҳои Федератсияи Русияву Қазоқистон дастрас менамояд. Маҳсулоти истеҳсолии хешро дар бозорҳои маҳаллӣ, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Коргоҳ бо технологияи хатти буррандагӣ ва чор хатти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мебарад.

Коргоҳи навтаъсис, аз ҷумлаи коргоҳҳое мебошад, ки дар самти бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир, ашёи хом - истеҳсоли маҳсулоти тайёри металли саноатиро васеъ ба роҳ мондааст. Технологияи истеҳсоли корхонаи мазкур дар кишварамон якумин маротиба истифода шуда, ин коргоҳ соҳоти сохтмону саноатро бо профилу металлҳои сохтмонӣ таъмин менамояд.

 Мутахассисони соҳа бо боварии комил мегўянд, ки маҳсулоти ин коргоҳ пурра ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў буда, талаботи зарурии истифодабарандагону бозорҳои дохили кишвар ва берун аз онро таъмин карда метавонад.

Илҳомҷон Мухторов - директори ҶСП “Норд Азия Металл”:

– Боиси ифтихори мост, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мазкур ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин соли ҷашнҳои бузурги миллӣ мо тавонистем, ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси коргоҳи истеҳсолӣ мусоидат намоем. Корхона бо истифода аз технологияи пешрафтаи ҳозиразамон маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад ва сифати маҳсулот ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў аст. Дар коргоҳ имрўз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъминанд ва музди миёнаи маоши коргарон беш аз 2600 сомонӣ мебошад. Оянда дар сурати пурра ба кор оғоз намудани хатҳои дигари истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст, ки шумораи кормандон ба 120 нафар расонида шавад.

Зимни сафари кории хеш ва шиносоӣ бо рафти истеҳсолот ва техникаю технологияи кории коргоҳи мазкур Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд, ки дар баробари бунёд ва ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ масъулини соҳа ҳамзамон бояд ба масъалаи омода намудани мутахассисони идоракунандаи кори истеҳсолот ва технологияи муосир таваҷҷўҳи зарурӣ зоҳир карда, бо ин васила дар афзудани нишондиҳандаҳои соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши сазовор гузоранд. Айни замон мо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамаҷониба фаъолиятро пурзўр намуда, дар самти баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кории онон чораҳои зарурӣ андешида истодаем.

Алҳол гуфтушунид баҳри ҳамкориҳои судманд ва содироти маҳсулоти коргоҳ ба дигар давлатҳо, аз ҷумла ба давлати Афғонистон идома дошта, рўзҳои наздик созишномаи тарафайн ба имзо хоҳад расид.

Имрўз Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорони ватанӣ, пеш аз ҳама рушди соҳибкории истеҳсолӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Воқеан баҳри пешрафти соҳа имтиёзҳои зиёд роҳандозӣ гардидаанд, аз ҷумла барои воридоти таҷҳизоту технологияи муосир аз ҳама гуна пардохтҳои гумрукӣ ва ҳамчунин ашёи хоми марбут ба коргоҳи мо аз боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Дар асоси моддаи 110, қисми 6-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 4 сол аз супоридани андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ озод карда шудаанд, ки ин албатта, ба манфиати кор аст. Ин омилҳо мо - масъулини соҳаро водор месозад, ки бо заҳмати софдилона барои ободонии диёр, таҳкими иқтидори иқтисодии он кўшиш ба харҷ дода, бо ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳиссагузор бошем.

Мавлон Ҳалимов, соҳибкор:

- Чунин коргоҳи пуриқтидорро, ки дар давоми 70 соли шўравӣ дар кишвар вуҷуд надошту имрўз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтааст, иқдоми басо хуб меҳисобам. Таи солҳост, ки ман бо соҳибкорӣ машғуламу аз давлатҳои Русия, Қазоқистон ва Хитой қубуру профилҳои металлҳои гуногунҳаҷми сохтмониро ба бозорҳои вилоят ворид мекардам, ки муаммоҳои зиёд доштанд. Ҳоло бошад, аз коргоҳи навтаъсиси ҶСП “Норд Азия Металл”-и Спитамен маҳсулоти тайёрро харидорӣ менамоям ва имрўз металлҳои сохтмонии ин коргоҳ дар бозорҳо мизоҷони зиёди худро дорад. Барои соҳибкорон ҳамаҷониба ин муфид аст, пештар, вақте ки мо ин намуди маҳсулотро аз давлатҳои хориҷа ворид мекардем, барои аз гумрук гузаронидану боҷи давлатӣ супоридан вақт ва маблағи зиёд сарф мешуд, ки ин боиси гаронии нархи масолеҳи сохтмонӣ мегардид.

Муродҷон Юлдошев, сокини ноҳияи Спитамен:

- Солҳои пеш бо тақозои шароити иқтисодӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштам. Бинобар сар задани бўҳрони иқтисодӣ дар мусофират кор ёфтан душвор гардид. Чун ба Ватан баргаштам, ободкориҳоро дар кишвар дида, азм намудам, ки дар маҳалли зисти худ ҷойи кор ёбам. Ин буд, ки аз оғози корҳои сохтмонии коргоҳи мазкур дар ин ҷо фаъолият дорам. Алҳол ба ҳайси таҳкунанда - кафшергар кор мекунам, музди маоши хуб ба даст оварда, зиндагии хешро пеш мебарам. Шароити хуби корӣ бароямон муҳайё буда, шукргузорам, ки алҳол бо дастгирии Сарвари давлатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоятамон, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ чунин коргоҳҳо рўи кор омадаанд.

Далерҷон Эрназаров, сохтмончӣ, сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров:

- Чанд сол инҷониб дар сохтмони иншоотҳои баландошёнаи нави маркази вилоят ба ҳайси сохмончӣ кор мекунам. Ба буридани профилу маҳсулоти металлӣ низ сарукор дорам, яъне онҳоро ба талаботи сохтмончиён мувофиқ карда, бурида, ҷо ба ҷо мекунам. Дар ин радиф мушоҳида намудам, ки ҳоло аксари истифодабарандагон дар сохтмонҳои хеш аз маҳсулоти маҳаллӣ, аниқтараш аз ҶСП “Норд Азия Металл” истифода мебаранд. Агар воқеъбинона назар андозем, ҳақиқатан маҳсулоти ин коргоҳ аз ашёи воридмешудаи дигар давлатҳо бо чанд хусусияти хеш бартарӣ дорад. Масалан, маҳсулоти сохти маҳаллӣ сифати баланд дошта, инчунин арзишаш ҳам дастрас мебошад, ки ин, албатта, ба манфиат ва некўаҳволии мардум равона гардидааст.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh