Таъмини стратегияи миллӣ ва рушди боркашонии нақлиётӣ

Баъди барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва гусаста шудани равобити иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои ҳаммарз пешорўи Тоҷикистони офтобрўя мушкилоти зиёде пайдо шуд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ бўҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомеаро фаро гирифта буд.

Хушбахтона, Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид, ба ин хараҷу мараҷҳо нуқтаи таммат гузошт ва фарзанди фарзонаи миллат, сарсупурдаи давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вакилон Сарвари давлат интихоб намуданд. Барои дар як муддати кўтоҳ ҳал намудани мушкилоти мавҷуда, эмин нигоҳ доштани Тоҷикистони пароканда, аз вартаи ҳалокат ва ба давлати воҳид табдил додани Ватани азизамон Сарвари хирадманди давлати тоҷикон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ, аз ҷумла силсилаи Консепсияву Стратегияҳои миллиро роҳандозӣ намуданд.

Яке аз ин Стратегияҳо «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва пайвастан ба роҳҳои байналхалқӣ, нақлиётию обӣ ва ҳавоӣ» маҳсуб меёбад. Стратегияи мазкур аз ду ҳадафи асосӣ иборат аст. Яке ташкили роҳи нақлиётии ягона дар ҷумҳурӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва пайвастан ба шоҳроҳи байналмилалӣ, дуюмӣ шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияҳо ва Иттиҳодияҳои байналхалқӣ дар соҳаи нақлиёт ба шумор меравад.

Барои расидан ба ин ҳадафи бузург Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои нақлиётгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Кўлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб, Душанбе-Истаравшан-Бўстон-Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол - Саритош (сарҳади Қирғизистон), Душанбе-Турсунзода (сарҳади Ўзбекистон) ва Айнӣ-Панҷакент (сарҳади Ўзбекистон)-ро таъмин намуд. Ифтитоҳи нақбҳои мошингарди Шаҳристон, Озодӣ, Истиқлол ва Шар-Шар, сохтмони роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кўлоб, як зумра роҳҳои нақлиётгарди аҳамияти байналхалқидошта, нақбу пулҳо имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба давлати воҳид ва пайвасткунандаи дигар давлатҳо тавассути баромадан ба роҳҳои ҳавоӣ, обӣ ва нақлиётии ҷаҳон табдил ёбад. Тибқи ҳадафи дуюми Стратегияи миллии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ барои таъмини ниҳоии роҳҳои нақлиётгарди байналмилалии дохилӣ ва пайвастани ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ба шоҳроҳҳои бузурги байналхалқӣ дар Тоҷикистон Барномаи барқарорсозӣ ва таъмири асосии роҳҳои дар боло зикргардида, тарҳрезӣ карда шуд, ки то соли 2025 амал менамояд.

Мутобиқи ин Барнома сохтмон ва таъмири капиталии зиёда аз 4 ҳазор километр роҳ ва 576 пулҳои калонҳаҷм ба маблағи 4 миллиарду 400 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин Стратегияи миллӣ ва барномаҳои қабулгардида имкон фароҳам оварданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шартномаҳои ҳамкориро дар бобати истифодаи роҳҳои байналмилалӣ бо 9 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва 7 давлати Аврупову Осиёи Марказӣ ба имзо расонида, ҳамзамон 27 шартномаи дигар ва 7 конвенсияи ташкилотҳои байналхалқиро роҳандозӣ намоянд.

Имрўз Тоҷикистони озод ва рў ба рушди бемайлон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамкории хешро бо ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, давлатҳои ҳамсояву ҳамҷавори Осиёи Марказӣ, ҳамзабону ҷамоҳири исломӣ ва дигар манотиқи олам дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Тавассути роҳҳои байналмилалӣ имрўз маҳсулоти мевагию ангур, хушкмеваю ситрусии деҳқонону соҳибкорони тоҷик ба Қазоқистон, Федератсияи Россия ва ба давлатҳои дигар содирот мегарданд.

Дар содироти маҳсулот ҳанўз мушкилиҳо ҷой доранд. Ин мушкилот бештар аз мавҷуд набудани технологияи ягонаи қайди воситаи нақлиёт ва борҳои хоҷагии халқ, дар амал ҷорӣ накардани назорати якҷоя аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя, аз қабили дар як ҷой ташкил накардани истгоҳи муштарак, тез - тез тағйир ёфтани талаботи иҷозатдиҳӣ дар сарҳад, ки ронандагон бохабар нестанд, ташкил накардани иҷозатдиҳии фаврӣ ва аз соатҳои тўлонӣ дар нуқтаҳои назоратӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти пурбор иборат аст.

Барои таҳлилу бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва беҳтар намудани вазъи хизматрасонии боркашонии нақлиётӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути роҳҳои байналмилалии нақлиётгард, ҳамзамон кўмак ба соҳибкороне, ки ба содироти молу маҳсулот ва меваю хушкмева машғуланд, бо кўмаки молиявии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ба кишоварзӣ ва соҳибкорӣ шуғлдоштаи вилояти Суғд чорабиниҳои манфиатбахш доир карда шуданд. Пас аз таҳлилу тадқиқи ҳаматарафа дирўз дар толори маҷлиси Маҷмааи иҷтимоиву истироҳатии «Дўстӣ - Амирхон» сўҳбати гирди «Мизи мудаввар» барпо гардид, ки дар он намояндагони идораи амволи давлатӣ, бахши нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, котиби Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд, роҳбарону мутахассисони Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон, Иттифоқи соҳибкорон, Ассотсиатсияи соҳибкорон, котибони шўроҳои машваратии чанде аз раисони шаҳру навоҳӣ ва соҳибкорони содиркунандаи молу маҳсулот, мева ва хушкмеваҳо ширкат доштанд. Назди ҳозирин аъзои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон Рауф Шораҳматов дар мавзўи «Беҳтар намудани вазъи хизматрасонии боркашонӣ тавассути нақлиёт, бартарафсозии мушкилот ҳангоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ ва тавсияҳо бо соҳибкороне, ки ба содироти мева ва хушкмеваҳо шуғл меварзанд» бо истифода аз воситаҳои техникии муосир сўҳбати судманд намуд. Зикр гардид, ки дар амалишавии Стратегияи миллии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста доранд. Дар сўҳбати «Мизи мудаввар» соҳибкорони шаҳру навоҳии содироткунандаи молу маҳсулот ва меваю хушкмеваҳо, аз қабили Истаравшан, Хуҷанд, Исфара, Ҷаббор Расулов, Спитамену Ашт ва Бобоҷон Ғафуров ширкати фаъол доштанд ва ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид гашт, ки ҳангоми содироти зардолу бинобар набудани терминали дохилӣ соҳибкорон маҷбур мегарданд, ки аз ноҳияи Ашт то терминали дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масофаи зиёдеро тай намоянд. Дар ин терминали дохилӣ бошад, бар ивази соатҳои дароз навбат поидан сифати зардолу ва нархи он паст мешавад.

Дар «Мизи мудаввар» зикр гардид, ки масъалаҳои мазкур таҳти таваҷҷўҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ қарор дошта, ҳалли мусбии хешро ёфта истодаанд. Ин аст, ки соҳибкорони муваффақи диёри азизамон дар таҳкими рушди иқтисодии мамлакат ва ғанисозии буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Мазбут Бобозода,
узви Иттиҳоди
рўзноманигорони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh