ОЛИМЕ, КИ ХИЗМАТАШ БАҲРИ САДСОЛАҲОСТ!...

Оре, кашфиёте, ки ў дар илми физикаву кимиё анӣом дод, номи ин олими ҷўяндаву асил ва дар шахсияти вай кишвари Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон ҳамчун миллати донишманду закӣ муаррифӣ намуд. Кушоише, ки ў баҳри рушду такомули иқтисодиёти Тоҷикистони азиз амалӣ гардонд, натанҳо дар айёми барҳаёт буданаш, балки то имрўз баҳри баланд бардоштани нерўи иқтисодии сарзаминамон хизмат мекунанд.

Ин фард зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд буда, даврони тифлиаш дар ин сарзамин гузашта, айёми бачагӣ ва наврасиаш бошад, бо тақозои рўзгори оилавиашон дар шаҳри Исфара гузаштааст. Маълумоти миёнаи ҳафтсоларо бо забони русӣ гирифтааст.

Анвар Ваҳҳобов тақрибан дар нуздаҳ-бистсолагӣ Донишкадаи политехникии ба номи М. И. Калининро дар шаҳри Ленинград (Санкт – Петербург) аз рўи ихтисоси “Металлургияи металлҳои ранга” хатм кард. Фаъолияти худро дар заводи автомобилсозии ба номи А.Лихачёв аввали солҳои 1960-ум оғоз карда, сипас дар Паҷўҳишгоҳи умумииттифоқии манбаъҳои ҷараёни шаҳри Москва фаъолият бурд. Баъди чанд муддати фаъолият дар Паҷўҳишгоҳи кимиёи АУ РСС Тоҷикистон ба номи В.И. Никитин солҳои шастум барои давом додани таҳсил дар аспирантура ба Донишкадаи хўла ва пўлоди шаҳри Москва равона карда мешавад. Ин ҷо таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи улуми СССР Креситовников рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуда, боз дар шаҳри Душанбе, Паҷўҳишгоҳи химияи АУ РСС Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳад.

Дар ин боргоҳи илм ў фаъолияти илмии худро пурра ба соҳаи металлшиносӣ, металлургия ва коркарди хўлаҳои нав бахшида, ҳамчун яке аз олимони шинохтаи соҳа соҳиби эҳтиром мегардад. Дар қатори нахустинҳо дар мамлакати абарқудрати шўравӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ усулҳои коркарди технологии истеҳсоли калтсий, стронсий, барий ва алюминийи тозаро барои соҳаҳои техникаи электронӣ ва металлургия кашф намуда, баҳри ба истеҳсолот ворид намудани онҳо бевосита дар заводҳои гидрометаллургии шаҳрҳои Исфара ва Саянск иштирок менамояд.

Таҳти роҳбарии А. Ваҳҳобов хўлаи “Алҳба” барои соҳаи электроника ва хўлаи дар асоси алюминий рехташавандаи тамғаи Ал-4СК, Ал-91С ,(ТУ-АНТ- 01-004-93) барои рехтани чархҳои автомобил, корпуси гидронасосҳо дар заводи “Тоҷикгидроагрегат” ва батареяҳои гармиивазкунаки манзилҳо, инчунин барои рехтагарии деталҳои гуногуни мошинҳо дар заводҳои истеҳсоли трактори Челябинск ва Волгоград ва заводҳои автомобилбарории “КАМАЗ”, “ВАЗ”, “ЗАЗ”-и шаҳри Запороҷйе, “ЗИЛ” ихтироъ гардидаанд. Хўлаи ҳамроҳи шогирдон ихтироъкардаи ў бо номи АСТ-10, ки 10 фоизаш стронсий, боқимондааш алюминий аст, дар коргоҳҳои металлургии “Волҷские моторқ”–и шаҳри Самара, Уляновск, дар заводи алюминийи шаҳри Новокузнетск ва як қатор заводҳо истифода бурда мешаванд. Аз тарафи олим як силсила хўлаҳои тозагиашон баланди сечандаи дар асоси алюминий, магний – титан, алюминий –титан – мис, алюминий – мис – никел – титан кор карда баромада барои истифодабарӣ дар соҳаҳои микроэлектроника, металлургия ва стоматология тавсия карда шуда, дар коргоҳҳои В-2892-и шаҳри Москва ва Кировогради Украина барои истифода қабул карда шудаанд.

Охири солҳои ҳафтодум А.Ваҳҳобов ҳамроҳи шогирдонаш бо масъалаҳои ба даст овардан ва таҳлили алюминии холиси тозагиаш то ба 99,9999 фоиз машғул гашта, дар миқёси Иттиҳоди Шўравӣ дорои обрўю эътибори баланд мегардад, ки ба он саноати электронӣ хеле ниёзи калон дошт. Баъди азхуд намудани истеҳсоли лаборатории ин алюминий истеҳсоли саноатии он дар мавзеи Кондараи назди Душанбе ба роҳ монда, истеҳсоли солонаи он ва хўлаҳо дар асоси он то 200 тонна дар як сол расонида мешавад.

Баробари фаъолияти илмии худ дар мактабҳои олии пойтахт - Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникӣ аз фанҳои химияи физикӣ ва электрохимия ба донишҷўён машғулият мегузаронд. Солҳои 1989 -1990 ректори Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буд. Солҳои 1991-1996 Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва роҳбарӣ намудааст.

Аз рўзҳои аввали таъсисёбии филиали Институти энергетикии шаҳри Москва (донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Волҷск, яъне аз соли 1995-ум ў ба ҳайси мудири кафедра адои вазифа намуд. Дар сохтори донишкада 4 кафедра мавҷуд буд, ки яке аз онҳо кафедраи “ Фанҳои умумитехникӣ” ном дошт. Солҳои нахустини таъсисёбии кафедра мутахассисон аз шаҳри Москва ба олимони кафедра хеле кўмак мекарданд. Ҷомеаи хурди ин кафедра мунтазам бо кадрҳои нав ва, албатта, бо ғояҳои тоза пур мегардид. Мудирии ин кафедраро то соли 2003-юм доктори илмҳои техникӣ, профессор Анвар Ваҳҳобов ба дўш дошт.

Ба ҷуз корҳои таҳқиқотии илмӣ таҳти роҳбарии ин олим бештар аз 30 нафар унвонҷўён рисолаи номзадии хешро бомуваффақият дифоъ карданд, 10 нафар шогирдонаш сазовори унвони ифтихории доктори илм гаштанд. Имрўз даҳҳо дастпарваронаш дар мамолики ИМА, Исроил, Олмон, Шветсия, Федератсияи Русия, Украина, Белорус, Ӯзбекистон фаъолият доранд.

А. Ваҳҳобов муаллифи 10 асари илмӣ, 77 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтирооту навоварӣ, 350 мақолаи илмӣ ва 45 гузориш дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.

Доираи фаъолияти илмии доктори илмҳои техникӣ, профессор А. Ваҳҳобов хеле васеъ буда, ба соҳаҳои химия ва технологияи моддаҳои тозагиашон баланд, масолеҳҳои металлӣ, ҳимояи металлҳо аз вайроншавиҳои физикохимиявӣ, коррозия, назарияи ирсият дар табиати ғайризинда, корҳои кўҳӣ ва металлургӣ, электрохимия, физикаи металлҳо, пешгўикунии хосиятҳои моддаҳо, маълумотдиҳии муҳандисӣ ва дигарҳо бахшида шудаанд.

Машғулияти дигари дўстдоштаи А.Ваҳҳобов ин меҳри беандоза ба табиати Тоҷикистон буда, вай тамоми давраи рухсатии меҳнатии худро дар оғўши диёраш мегузаронд. Ў чанд муддат раиси Федератсияи сайёҳони ҳавасманди ҷумҳуриро сарварӣ намудааст. Дар як даври рухсатии меҳнатӣ то се гурўҳҳои сайёҳони хатсайри кўҳиро роҳбаладӣ менамуд, ки он аз мавзеи Искандаркўл оғоз мегирифт. Байни роҳбаладон А.Ваҳҳобов дорои эҳтироми баланди касбӣ ва ҳамчунин инсонияти баланд буда, қариб нисфи гурўҳи сайёҳони навро шиносони деринаш ташкил медоданд.

А.Ваҳҳобов яке аз аввалинҳо шуда, хатсайри кўҳии нави нисбатан мураккаби Қайроққум-Ворух-Сўх (вилояти Фарғонаи Ўзбекистон)-Ҷирғатол-Душанберо ташкил намуда, худ се маротиба сайёҳонро роҳбаладӣ кардааст.

Ин олими дар миқёси байналмилалӣ эътирофшуда ба аъзогии Шўрои илмии моддаҳои тозагиашон баланд ва физикиву кимиёвии хўлаҳои металлии Академияи улуми Федератсияи Русия ва узвияти Кумитаи Паҷўҳишгоҳҳои муҳандисии мамлакатҳои исломӣ пазируфта шуда буд.

Хизматҳои шоистаи Анвар Ваҳҳобов аз ҷониби роҳбарияти мамлакати шўравӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ карда, бо Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, ордени “Нишони Фахрӣ”, “Ихтироъкори СССР”, медали “Собиқадори меҳнат” ва медалҳои тиллоию нуқрагини Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР ва дигарҳо тақдиронида шудааст.

Имрўзҳо, агар ин олими тавонову заҳматкаш, фидоии пайроҳаи илм барҳаёт мебуданд, ба синни табарруки 80 – солагӣ мерасиданд. Ҳарчанд устоди арҷманд дар паҳлўи мо, шогирдон ҷисман ҳузур надоранд, дар ёду хотираҳо бо панду насиҳатҳои пурманфиат, каломи самимиву меҳрубонашон нерўбахши мо мебошанд ва эшонро ҳамеша бо некӣ ба ёд оварда мегўем:

Тан ба ҷон зинда асту ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кону ҷонат гавҳар аст.

Манзили охирататон ободу рўҳатон шод бошад, устоди азиз.

Муҳаммадҷон МАҲМУДОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Fафуров, шогирди устод

Add comment


Security code
Refresh