Стратегияи миллии рушд – пешбинии афзалиятҳо

Дирўз дар толори маҷлисҳои Муассисаи давлатии «Кохи матбуот» оид ба ҳуҷҷати муҳим - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ҷаласа доир гардид.

У. Давлатзод ба аҳли нишаст оид ба ҳуҷҷати стратегии барои муддати дурудароз қабулгашта маълумоти муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки Стратегияи миллии рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ буда, дар ҷаласаи навбатии Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат санаи 21-уми июни соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин масъалаи мазкур дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Раёсати Президенти мамлакат бо иштироки аъзоёни Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина, дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои супориши Президенти кишвар дар бобати паҳн намудани иттилоот ба аҳолӣ доир ба қисмати асосии Стратегияи мазкур дар манотиқи гуногуни кишвар аз 13 то 20 декабри соли ҷорӣ сафари кории масъулин ба роҳ монда шудааст.

У. Давлатзод инчунин дар бораи дастовардҳо дар соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки давоми солҳои 2007-2015 устувории макроиқтисодӣ таъмин гардида, суръати солонаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна то ба 7 фоиз расида, буҷети солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ расид ва ё 9 баробар афзуд. Қарзи давлатӣ нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ хеле кам гардида, тибқи Стратегияи қаблӣ 1600 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият пардохта, беш аз як миллион ҷойи корӣ муҳайё гардид. Дар натиҷа истеҳсоли ашёву маҳсулоти ватанӣ афзуда, ҷумҳурӣ аз кишвари воридоткунанда ба содироткунанда табдил ёфт. Сатҳи камбизоатӣ низ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз коҳиш дода шуд.

Дар бораи нақшаҳои минбаъда ҳарф зада, мавсуф қайд намуд, ки зимни амалигардонии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ то андозаи зарурӣ афзун ва кишварамон ба гурўҳи давлатҳои миёнадаромади сатҳи миёна дохил гардида, сатҳи камбизоатӣ зиёда аз ду баробар кам хоҳад шуд. Давоми 15 соли минбаъда саҳми соҳаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас зиёд гардида, ҷумҳурӣ аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва сохтори содирот аз ашёи хом бештар ба содироти молу маҳсулоти тайёр табдил мегардад. Вазифаҳои аввалиндараҷаи Стратегияи минбаъда дар амал татбиқ намудани се самти стратегии мамлакат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. То соли 2030 иқтидори энергетикии кишвар дар як сол аз 17 то 45 миллиард киловатт-соат хоҳад расид.

Маъракаи паҳн намудани иттилоот ба аҳолӣ доир ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ доир гардид.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh