Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рӯзи энергетикҳо

Кормандони соҳаи энергетикаи вилоятро бо Иди касбӣ - Рӯзи энергетикҳо, ки ҳар сол 22 декабр дар саросари кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сидқан табрику муборакбод менамоям.

Дар қарни ХХI энергетика ба яке аз омили муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди энергетика рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуда, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми чораҳои судмандро андешида истодааст.

Боиси зикр аст, ки имсол 80-солагии таъсисёбии системаи энергетикии кишвар ба ҷашни фархундаи миллиамон - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Ҳамчунин, дар арафаи ҷашни энергетикҳо ва бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори 300 мегаватт фоли нек буда, бо ин вазъи кунунии таъминоти сокинони кишвар бо нерӯи барқ, хусусан аҳолии деҳот хеле беҳтар гардид.

Ҳамзамон, боиси ифтихор аст, ки роҳбарияти кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки новобаста аз мушкилоту мамониатҳои мавҷуда нерӯгоҳи пуриқтидори барқи обии Роғунро бунёд намояд.

Итминони комил дорам, ки лоиҳаҳои амалишудаистода дар системаи энергетикаи кишвар моро ба истиқлолияти энергетикаи мамлакат наздик намуда, дар солҳои наздиктарин мушкилиҳои энергетикии имрӯзаро аз байн мебаранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони соҳаи энергетикаи вилоятро бо Иди касбиашон - Рӯзи энергетикҳо хуҷастабод намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, умри бобаракат, хушбахтӣ ва комёбиҳои тозаи меҳнатӣ таманно менамоям.

Add comment


Security code
Refresh