Дастоварди беназири ангиштканони вилоят

“Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисодии кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф кардан ва барои содироти минбаъдаи онҳо замина фароҳам овардан мумкин аст”.

Аз Паёми Президенти
мамлакат ба Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ангиштканони вилоят соли равон истихроҷи ангиштро ба 1,1 миллион тонна расониданд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар беназир аст.

Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани тадбирҳои судманд солҳои охир рушди соҳаи саноат дар вилоят таъмин гардида, нишондиҳандаҳои соҳа афзун мегарданд. Чунончӣ, давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6,2 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 139,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар вилоят 90 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2460 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки асосан корхонаҳои саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Яке аз дастовардҳои соҳаи саноати вилоят ин зиёд намудани истеҳсоли ангишт дар соли равон мебошад. Ангиштканони вилоят дар ин давра истихроҷи ангиштро ба 1,1 миллион тонна расониданд, ки дар таърихи соҳа беназир мебошад. Танҳо кони ангишти “Фон – Яғноб” истеҳсоли ангиштро ба 616, 6 ҳазор тонна расонид. Ҳамин тариқ, дар конҳои ангишти вилоят - “Талко - ресурс” 329, 2 ҳазор тонна, комбинати металлургии тоҷик 93, 5 ҳазор тонна, кони ангишти Шӯроб 46,5 ҳазор тонна ангишти босифат истеҳсол карда шудааст.

Алҳол дар вилоят беш аз 80 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои “Хуаксин Fаюр Суғдсемент”, “Нафтрасон”, коргоҳҳои истеҳсоли консерв ва хиштбарорӣ фаъолияти худро бо истифодаи ангишт ба роҳ мондаанд.

Бо супориши Президенти мамлакат дар раванди истеҳсолоти саноатӣ истифодаи ангишт сол то сол зиёд мегардад. Зикр бояд намуд, ки ангишт яке аз сарватҳои табиии мамлакати соҳибистиқлоламон буда, захираи воқеии он дар кишвар аз 4,5 миллиард то 7 миллиард тоннаро ташкил медиҳад.

Хабарнигори
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh