Муҳити созандагӣ ва ободкорӣ

Дар нишасти матбуотие, ки санаи 19 январи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умуми шаҳру вилоят баргузор гадид, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо ҳисоботи кўтоҳ баромад карда, қайд намуд, ки дар соли 2016 рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар кулли соҳаҳо таъмин ва дастовардҳои мардуми Исфара нисбат ба соли 2015 беҳтару назаррастар гардид.

Дар ин давра пеш аз ҳама диққати асосӣ баҳри татбиқи 144 лоиҳаи дар соли 2016 ба нақша гирифташудаи “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017” равона карда шудааст.

Чуноне мониторинги барнома нишон дод, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи умумии 40 млн. сомонӣ корҳои барномавӣ ба иҷро расонида шуда, дар маҷмўъ маблағгузории лоиҳаҳои барномавӣ ба андозаи 129,4 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

Масъалаи дарёфти роҳҳои таъмини иҷрои сифатноки нақша ва ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ мавриди таҳлили амиқ ва корбарии ҷиддӣ қарор дорад.

Давоми соли гузашта дар шаҳру деҳоти Исфара 3 корхонаи хурд ва 6 коргоҳи нави саноатӣ оид ба бандубасти меваи хушк ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, ба маблағи 279,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида, иҷрои нақша ба андозаи 105 фоиз таъмин гардидааст.

 Бинои прокуратураи шаҳр, маҷмааи корхона ва муассисаҳои хизматрасонии навбунёд дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ, бинои маъмурии Маркази адлия барои кормандони САҲШ, нотариус, судиҷрочиёни шаҳр ва ҷавонон сохта, ба истифода дода шуда, дар сохтмони бинои истиқоматии 45 - ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба маблағи 2 млн. 249 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтанд.

Дар маҷмўъ, аз ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 29 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расидаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2015-ум 4 млн. 136 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ 11,5 км роҳ мумфарш ва 87,4 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқиву минтақавӣ дар ҳудуди шаҳр 18 лоиҳаи гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ бо ҷалби 12 млн. 503 ҳазор сомонӣ сармояи хориҷӣ мавриди амал қарор дода шудааст.

Раиси шаҳр вазъи корҳоро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ баён карда, дар фуроварди суханаш зикр намуд, ки рўҳияи мардуми Исфара баланд ва азму нияташон неку созанда аст.

Сипас, рўзноманигорон ва адибон Ҷ.Пўлодов, А.Шарифов, В.Мартиненко, Н.Азизиён, С.Сайфиддинов, Н.Худойбердиев ва дигарон бо суолҳои худ ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд. Онҳо аз ҷумла, масъалаҳои ободонии минбаъдаи шаҳракҳои навбунёди Сомониён ва Моҳпарӣ, пули садамавии деҳаи Чорқишлоқ, ташкили маъракаҳои бахшида ба «Соли ҷавонон» ва «Даҳсолаи об барои рушди устувор», ҳолати варзишгоҳҳо, кўчонидани истгоҳи собиқи мошинҳо ба ҷои нав, вазъи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайраро ба миён гузоштанд.

Шаҳрдор ба ҳамаи суолҳо ҷавобҳои саҳеҳ дод.

Муқим АБДУРАҲМОНОВ,
шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh