Пардохти ҳаққи истифодаи барқ беҳбудӣ мехоҳад!

Шабакаҳои барқии шаҳри Панҷакент зиёда аз 49 ҳазору 718 муштарӣ, яъне истеъмолкунандаи қувваи барқ дорад, ки аз ин 46 ҳазору 447 нафар муштариёни маишии аҳолӣ мебошанд, - гуфт зимни сўҳбат Шариф Файзиев, – муовини сардори шабакаҳои барқии шаҳри Панҷакент оид ба фурўши барқ. Ҳамчунин, ў афзуд, ки дар чор моҳи соли равон қарзи умумии истифодабарандагони нерўи барқ 3 миллиону 474 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин қарзи аҳолӣ 1 миллиону 736 ҳазор сомонӣ мебошад. Қарздорони асосӣ ин сохторҳои буҷавии ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мебошанд, ки дар ин давра қарзи онҳо ба 1-уми майи соли равон зиёда аз 205 ҳазор сомонӣ ва буҷаи маҳаллӣ бошад, ба беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расидааст.

Яке аз истифодабарандагони калонтарини нерўи барқ Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр буда, қарзи он дар назди шабака зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ аст.

Ба ин нигоҳ накарда, шабакаҳои барқӣ дар чор моҳи соли 2017 ба маблағи 27 миллиону 607 ҳазор сомонӣ нерўи барқ истифода намуда, нақшаи иҷрои ҷамъовариро ба маблағи 27 ҳазору 849 сомонӣ расониданд, ки ин 100,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

-Аз тарафи кормандону масъулини шабакаҳои барқи шаҳр ҳамарўза бобати рўёнидани қарзҳои боқимонда корбарӣ шуда, дар байни аҳолӣ ва дигар истифодабарандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем, - гуфт Ш.Файзиев.

Яке аз муаммоҳои асосии шабакаҳои барқии шаҳр бисёр кўҳнаву фарсуда шудани хатти барқии 110 ҳазор кВт Айнӣ – Панҷакент мебошад. Тавоноие, ки шабакаҳои барқии шаҳр дорад, хатти барқи мазкур қаноатманд карда наметавонад. Бино ба гуфти масъулин рўз аз рўз сафи муштариёни барқ корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр рў ба афзоиш доранд. Яке аз калонтарин истифодабарандаи қувваи барқ ин корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад, ки сол аз сол иқтидораш зиёд шуда истодааст ва шабакаҳои барқии мо иқтидори пурра қонеъ намудани талаботи онҳоро надорад.

 Аз ин сабаб, шиддатнокии барқи муштариёнамон дар вақтҳои сарборӣ, бисёр паст мегардад. Ҳисобкунакҳои барқӣ бошад, ба таври бояду шояд кор намекунанд, аз ин сабаб талафоти нерўи барқ зиёд мегардад.

- Оид ба ин муаммо мо ба Ҳукумати кишвар ва Ширкати «Барқи тоҷик» муроҷиат намудем ва хушбахтона, имрўз бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолии шаҳри Панҷакент ва қисман ноҳияи Айнӣ ба нерўи барқ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як сол инҷониб корҳо дар хатти барқии 220-кВт Айнӣ-Панҷакент идома доранд, мегўяд Ш.Файзиев.

Бунёд ва мавриди истифода қарор додани чунин як хатти барқӣ воқеан ин орзуи деринаи аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент буд, ки имрўзҳо дар арафаи анҷомёбист. Масъулин иброз медоранд, ки бо бунёди чунин як лоиҳаи бузург, яъне мавриди истифода қарор додани ин хатти барқии баландшиддат муаммоҳо дар ин ҷода пурра роҳи ҳалли худро меёбанд. Агар аз нуқтаи назари иқтисодӣ нигарем, вақте хатти 220 кВт мавриди истифода қарор гирад, шаҳри Панҷакент воқеан ба як шаҳри саноатӣ табдил меёбад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур бо гранти Бонки Рушди Осиё ва Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо ба маблағи 22,9 миллион доллари амрикоӣ масраф хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ, васлу насби сутунпояҳо моҳи апрели соли 2016 оғоз шуда, айни замон аз 244 пояи пешбинишуда дар 240 пояи хатҳои барқӣ корҳои бунёдии асосҳои оҳану бетонӣ (фундамент) ба анҷом расонида, то санаи 1-уми майи соли 2017-ум 172 пояи оҳанӣ насб гардидаанд.

Фармоишгари лоиҳаи мазкур Ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи тоҷик” ва пудратчии он ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Чин мебошад. Дарозии умумии хатти ноқилҳо 95 километрро ташкил дода, дар назар аст моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расонида шавад.

Лоиҳаи мазкур дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ амалӣ шуда, боиси беҳтар гардидани интиқоли нерўи барқ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

- Барои тезонидани васлу насби ин иншооти барқӣ мо, кормандони шабака бештар бо мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда истодаем, то ки пардохти сари вақти маблағи истифодаи нерўи барқро дар мўҳлаташ таъмин намоянд. Зеро маблағҳои аз ин манбаъ пайдошуда, барои таъмиру азнавсозии таҷҳизоти тавлиду интиқоли барқи шабака равона мегарданд, - иброз дошт Ш.Файзиев.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»
Суратгир Инъомҷон РАБИЕВ

Add comment


Security code
Refresh