Вусъати ободкориҳо – аз файзу баракати Истиқлолият

Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Сараввал, Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии кўчаи Фахрии деҳаи Рўмон шиносоӣ пайдо намуда, бо сокинони деҳот мулоқот кард. Абдураҳмон Қодирӣ сокинони Ҷамоатро бо ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Баъдан ба Раиси вилоят ду лоиҳаи сохтмони - Беморхонаи №3-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов муаррифӣ карда шуд.

Раиси вилоят зикр дошт, ки корҳои сохтмониву азнавсозии бинои Беморхонаи ноҳиявии №3, ки бунёди Қасри фарҳанг дар Ҷамоат, мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо бо ҳидояту дастури Пешвои миллат сурат мегирад.

Марҳалаи аввали корҳои мумфаршкунӣ ва аз нав барқароркунии роҳҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ ва ба номи Ҳайдар Усмонов аллакай ба охир расида, бо ин мақсад 2,3 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шуда, дар марҳалаи дуюм бошад, мумфарш намудани кўчаҳои Фахрӣ, Абдуваҳҳоб Қодиров, Абдуҷаббор Рустамов, Абдулаким Қаюмов, Шукур Иброҳимов, Воҳид Носир, Ором, Раҳмон Шариф ва Содиқ Шариф ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, масъалаи чароғон кардани кўчаву роҳҳо ва бунёди роҳи пиёдагард низ мавриди изҳори назар қарор гирифт.

Қайд гардид, ки дар саросари вилоят бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд.

Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва раиси кумитаи маҳаллаи Сероҳа Мустафо Ўлмасов арзи сипосу миннатдории хеш ва сокинони Ҷамоатро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Бо дуои пирони деҳа ва иштироки Раиси вилоят корҳои мумфаршкунии роҳи асосии деҳаи Рўмон кўчаи Фахрӣ, ки масофааш зиёда аз 2 км буда, паҳноиаш 6 метр аст, оғоз гардид.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh